Мақолаҳо

КИТОБ - САРЧАШМАИ ДОНИШ

 

Бутаева Г.Т.

Мудири шӯъбаи хизматрасонӣ


Пас аз соҳибистиклол гардидани Тоҷикистон сиёсати фарҳангии давлат ба мустаҳкам намудани пояҳои маънавии ҷомеъа ташаккули афкори эҷодиву созандаи халқ боло бурдани ҳисси ифтихори миллӣ, таҳкими сулҳу оромӣ, якдигарфаҳмии ҳамаи миллатҳо ва халкиятҳо-шаҳрвандони Тоҷикистон барои истифодабарӣ аз хазина ва хадамоти китобхонаҳо равона карда шудааст. Вазифаи асосии китобхонаҳо дар шароити нави рушди иҷтимоию иктисодии.Тоҷикистон кӯмак расонидан ба тарбияи ҳуқуқӣ, маънавӣ, ахлокӣ, гуманистӣ, ватандӯстии шаҳрвандон ташаккул додани ҷаҳонбинии илмии онҳо, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ,техникӣ ва касбии онҳо мебошад.

Матни муфассал

 

Бахшида ба Рӯзи китоб – 4 сентябр!

 

КИТОБ - ҲАСТИИ ИНСОН ВА НИГАҲДОРАНДАИ ТАЪРИХИ ТАМАДДУНИ КИШВАР

 

Китоб ва ҳуввияти миллӣ

Боймурод Боев

 

Директори КДПТ МД ММПИ

 

 

 

 

Тибқи Конуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола дар ҷумҳурӣ 4 сентябр ҳамчун «Рӯзи китоб» ҷашн гирифта мешавад. Албатта ҷашн гирифтани чунин як рӯзи фараҳбахш, бояд басо муҳиму тантанавор бошад. Китоб ин бузургтарин маъхази гаронбаҳоест, ки он бояд ҳамеша қадру манзаллати хешро дошта бошад.

Матни муфассал

 

КИТОБ ГАНҶИ БЕБАҲО


Тоҷибекова М. С.

Мудири шӯъбаи нигоҳдории хазинаҳо


Президенти кишвар Эмомали Раҳмон сутуни илмҳои дунеро китоб номида ,дар бораи баланд бардоштани мавқеи китобхонаҳо борҳо изҳори назар кардааст.

Оре, китоб калиди хазинаи илму маърифат буда,таҷрибаю дониши донотарини доноенро дар бар мегирад. Китоб аҳамияти бузурги тарбиявию ахлокиро дорост. Китобдори аз касбҳои пуршараф буда, танҳо шахсони бофарҳангу илмдуст ин пешаро интихоб мекунанд. ҳаетро бе дониш, ки аз китоб сарчашма мегирад,тассаввур кардан мумкин нест. Китоб барои мо дусти бовафо, маслиҳатгари беминат, рафики беғараз хамдаму хамсухбати мувофиқ ва ниҳоят сарвати бебаҳо аст.Китобхони чузъи муҳими тарбияи насли наврасро бояд ишғол кунад.

Ахбори муфассал

 

Гулнора Бутаева

Директори КДПТ МД ММПИ

Фарзона Мирзоева

мудири шуъбаи иттилоот ва ҳуҷҷатҳои патентии Китобхонаи давлатии патентию техникӣ

Роҳҳои татбиқи инноватсия дар китобхонаҳои Тоҷикистон

Имрӯзҳо истифодаи калимаи «инноватсия» дар пешбурди кору фаъолият маъмул гардидааст. Бешубҳа гуфтан мумкин аст, инноватсия чист ва зери ин мафҳум чиро бояд дар назар дошт. Пеш аз ҳама қайд кардан зарур аст, ки инсон аз қадиммулайём бо тахайюли офариниш дода шуда пайваста кӯшиш менамуд, ки рӯз аз рӯз кори ӯ бо ягон усул ва амале осон гардад...

Матни муфассал

 

Гулнора Тоировна

Директори Китобхонаи давлатии патентию техникии

Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Рушди созмондиҳии фаъолияти хадамоти библиографӣ дар фаъолияти китобхонаҳои ҷумҳурӣ

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст» - Ин суханони пандомез аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қалам дода шудаанд. Солҳои охир таҳти  раҳнамоии бохирадонаи Сарвари давлат, соҳаи фарҳанг бахуссус соҳаи китобдорӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ва азизамон   босуръат пеш рафт. Ҳамасола иштирок ва ташкили рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва баръакси он ба роҳ монда шуда, барои боз ҳам мустаҳкам гардидани риштаи дӯстии аҳли фарҳангу санъат роҳандозӣ карда шудааст. Омӯхтани таҷрибаи пешқадами китобхонаҳои дигар мамлакатҳо дар ин самт барои кормандони китобхонаҳои кишварамон хеле муҳим аст.

Муфассал

 
Еще статьи...

Ҷустуҷӯ

Вақти маҳалли

Ulti Clocks content

Омори вуруд


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз35
mod_vvisit_counterДирӯз304
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта339
mod_vvisit_counterДар ҳафтаи гузашта2575
mod_vvisit_counterДар ин моҳ6431
mod_vvisit_counterДар моҳи гузашта10205
mod_vvisit_counterҲамагӣ442574

Online (2 minutes ago): 5
IP Шумо: 3.234.245.121
,
Now is: 2020-02-18 02:54