Мақолаҳо

Мирзоев У.

муовини директори Китобхонаи

давлатии патентию техникӣ

 

Библиография ҳамчун ҷузъи асосии фаъолияти китобхонаҳо

Ҳанӯз дар давраҳои пеш, ки аз мавҷудияти коғаз ва китоб тасаввуроте набуд, одамон кӯшиш мекарданд, ки ҳар он чизе, ки ба зеҳнашон меомад ё мушоҳида менамуданд бо истифода аз барги дарахт, чарм, қиртос, лавозимоти  сафолӣ, сангу чӯб ва нақшнигорӣ дар дару деворҳо  қайд мекарданд ва бо ин восита як навъ барои худ ба истилоҳ ҳифз ва нигоҳдорӣ менамуданд. Бо мурури замон шумораи  нигораҳои сабтшуда, қайдҳо батадриҷ зиёд гардида,барои банду баст ва нигоҳдории онҳо зарурати макони нигоҳдорӣ, яъне хазина ба миён омад ва  ин маконҳо номи китобхонаҳоро ба  худ касб намуданд. Аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, ки макони асосии нигоҳдории навиштаҷотҳо дар дохили сабадҳо, қуттиҳои аз гил сохташуда, сандуқҳои чӯбин ба шумор мерафтанд.

Муфассал

 

Гулнора Бутаева

Директори Китобхонаи

давлатии патентию техникӣ

Нақши

китобхона дар рушди  маърифати ҷомеаи муосир


Китобхона  пеш аз ҳама макони ганҷина ва хазинаи бебаҳои миллат буда, истифодаи он барои рушди иқтисодиёти миллии ҳар як давлат мусоидат мекунад.

Китобхонаҳо бо хазинаҳои пурарзишу гаронбаҳо  ҳаёту зиндагонии шахсеро возеҳ нишон медиҳанд ва ҷомеаи имрӯзаро ба асрҳову давронҳо  мепайванданд, бо фарҳангу забони халқҳои дигар ошно месозанд ва бешубҳа пайвандгари инсоният ба шумор мераванд. Маҳз тавассути китобхонаҳо ганҷинаи маънавии ниёгонамон  ҳифз ва нигоҳдорӣ  карда мешавад.

Муфассал

 

Cаҳми китобхона дар рушди иқтисодиёт ва ихтироъкориву навоварӣ

 

                                                                                                                               Боймурод Боев

 

                                                                                                                              Директори КДПТ МД ММПИ

Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ ягона китобхонаи соҳавие мебошад, ки дар хазинаи гаронбаҳояш махзани ҳуҷҷатҳои патентӣ, меъёрию ҳуқуқӣ, адабиётҳои илмию техникӣ, иқтисодӣ ва соҳаи ҳуқуқ нигоҳдорӣ карда мешавад. Хазинаи китобхона зиёда аз 14, 9 миллион нусхаро ташкил медиҳад. Китобхонаи давлатии патентию техникӣ тибқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ», Низомномаи КДПТ, дастурамалу қонунгузориҳои ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро пеш мебарад. Айни замон дар китобхона маъмурият, дастгоҳи хизматрасонӣ, шӯъбаҳои, мукаммалот ва коркарди хазинаҳо, автоматикунонӣ, маълумотӣ иттилоотӣ, иттилоот ва ҳуҷҷатҳои патентӣ, хизматрасонӣ, нигаҳдории хазинаҳо, маркетинг ва рушди китобхона, ҳамкориҳои байналхалқӣ амал менамояд.

Матни муфассал

 

CЕМИНАРИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР СОҲАИ ФАРҲАНГ


Боймурод Боев

Директори КДПТ МД ММПИ


 

Аз санаи 4 то 7 майи соли 2009 бо ташаббуси Маъмурияти Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Шӯъбаи ташкилоти байналхалқии Институти «ҷомеаи кушода» Хазинаи Сорос дар Тоҷикистон аз рӯи барномаи «Фарҳанг ва санъат» семинарии ҷумҳуриявии «Системаи идоракунии маркетингӣ дар фаъолияти муассисаҳои фарҳанг» баргузор гашт.

Матни муфассал

 

ВАҲДАТ ПОЙДЕВОРИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ ВА РУШДИ ИҚТИСОДИЁТ

 

Боймурод Б.

 

Директори КДПТ МД ММПИ

 

 

 

 

 

Субҳи бахтовар муборак кишварам

Файзи истиқлол чун андар барам

Тоҷи тиллоӣ ба болои сарам

Шӯълааш бошад сафои зиндагӣ

  

 

Дар таърихи давлатдории ҳар халқу миллат санаҳое ҳастанд, ки барои мардуми он сарзамин муҳиманд. Халқи тоҷик рӯзи 27-уми июнро, ки ба истиқрори сулҳи бебозгашт ва ризоияти миллии тоҷикон заминаи боэътимод гузошт, ҳар сол ҳамчун Рӯзи Ваҳдат таҷлил менамояд. Он рӯз барои Тоҷикистон давраи гузариш ба ҳаёти нав, рӯзи худшиносӣ, ягонагии миллати тоҷик, рӯзи қатъиян аз ҷанг ба сулҳ рӯ овардани миллат мебошад. Ба ин хотир мисраъҳои эҷоднамудаи шоири мумтоз Лоиқ Шералӣ ҳеҷ гоҳ аз гӯшаи хотир намеравад:

Матни муфассал

 
Еще статьи...

Ҷустуҷӯ

Вақти маҳалли

Ulti Clocks content

Омори вуруд


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз327
mod_vvisit_counterДирӯз431
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта1172
mod_vvisit_counterДар ҳафтаи гузашта2817
mod_vvisit_counterДар ин моҳ4387
mod_vvisit_counterДар моҳи гузашта9074
mod_vvisit_counterҲамагӣ420125

Online (2 minutes ago): 6
IP Шумо: 3.234.214.179
,
Now is: 2019-12-11 19:36