Оиди китобхона

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти китобдорӣ

Қонуни мазкур асоси ҳуқуқии ташкил, ҳифз ва рушди фаъолияти китобдориро дар ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба татбиқи амалии ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мавридҳои ҷустуҷӯ ва дарёфти иттилоот, истифодаи китобхонаҳо, барои роҳёбии озодона ба дастовардҳои илмӣ ва фарҳангии ҷаҳонию миллӣ танзим менамояд.

Матни муфассал

 

Низомномаи Китобхонаи давлатии патентию техникии

Маркази миллии патенту иттилоот

 

ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

Низомномаи мазкури Китобхонаи давлатии патентию техникии Маркази миллии патенту иттилоот (ММПИ)-и Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифа ва самтҳои асосии фаъолият, сохтор ва ҳуқуқҳои китобхонаро муайян менамояд.

Китобхонаи давлатии патентию техникӣ (минбаъд - КДПТ) муассисаи илмию иттилоотӣ ва фарҳангӣ буда, мувофиқи қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон зери №242 аз 28 майи соли 1993 дар заминаи Китобхонаи ҷумҳуриявии илмию техникии Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотии иттилооти илмию техникӣ таъсис дода шудааст ва воҳиди сохтории ММПИ-и Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Матни муфассал

 

Руҷўъи таърихии  КДПТ

Китобхона соли 1965 ташкил шудааст. Аввалин бор, бо Қарори  Комитети давлатии Шўрои вазирони ҶСС Тоҷикистон дар бораи мутобиқкунонии (координатсияи) корҳои илмӣ-тадқиқотӣ таҳти № 22 аз 06.05.65с., Китобхонаи ҷумҳуриявии илмӣ-техникӣ (КҶИТ) номида шуд. То ин вақт, аз соли 1958 то соли 1965, китобхона ҳамчун китобхонаи марказии илмӣ-техникии Совнархоз вуҷуд дошт. Китобхонаи ҷумҳуриявии илмӣ-техникӣ дар доираи фаъолияташ ҳамчун китобхонаи бисёрсоҳавӣ ва ҳамчун маркази методӣ-библиографӣ барои китобхонаҳои илмӣ-техникӣ инкишоф ёфтааст. Дар аввал китобхона дар ҷои на он қадар мусоид ташкил ёфта дорои  як утоқи на он қадар калонро иборат буд. Дар ин утоқ ҳам хазинаи китобҳо ҷойгир шуда буданду  ҳам кормандон. Аввалин маротиба теъдоди адабиётҳои китобхона 4500 нусха китобро ташкил медод. Аз соли 1967 оғоз намуда китобхона бо ҳуҷҷатҳои патентӣ ва феҳристҳои саноатӣ, аз соли 1969 бошад бо ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ мукаммал гардонида мешавад. Мавзӯи адабиётҳое, ки бо онҳо китобхона мукаммал гардонида мешуд, ба соҳаҳои асосии саноати Тоҷикистон: мошинсозӣ, энергетика, хоҷагии қишлоқ, саноати кимиёвӣ, саноати сабук, саноати хӯрокворӣ ва дигар соҳаҳо мувофиқат мекард. Китобхона хазинаи худро бо адабиёти ватанӣ ва хориҷӣ, илмӣ, техникӣ, иқтисодӣ ҷамъиятӣ-сиёсӣ, нашриётҳои маълумотӣ ва библиографӣ, варақаҳои иттилоотӣ, ҳуҷҷатҳои патентӣ ва меъёрӣ, феҳристҳои саноатӣ мукаммал мегардонад. Масъалаҳои асосие, ки ҳайати кормандони китобхона дар солҳои аввали оғози фаъолият баррасӣ менамуданд ин  беосеб нигоҳ доштани хазина, пуррагардонии хазинаи китобҳо ва тарғиби китобу китобдорӣ буд.

Матни муфассал

 

ФАЪОЛИЯТИ КИТОБХОНА

 

КДПТ фаъолияти худро баҳри ташкил ва истифодаи самараноки хазинаҳои маълумотию иттилоотӣ, хизматрасонии иттилоотию китобхонавӣ, тадқиқотҳои илмӣ ва фаъолиятҳои вобаста ба ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона менамояд.

Китобхонаи давлатии патентию техникӣ китобхонаи махсусгардонидашудаи  буда дар ҷумҳурӣ ягона китобхонае, мебошад, ки дар хазинаи гуногунсоҳавияш махзани ҳуҷҷатҳои патентӣ,  меъёрию ҳуқуқӣ,  адабиётҳои илмию техникӣ ва иқтисодӣ нигоҳ дошта мешавад.

КДПТ тибқи Қонунҳои Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ», «Дар бораи иттилоот», «Дар бораи иттилоотонӣ», «Дар бораи ҳифзи иттилоот», «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ, Низомномаи КДПТ ММПИ, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастурамалу Қонунгузориҳои ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нақшаи кории КДПТ, санадҳои меъёрию ҳуқуқии ба фаъолияти китобхона вобаста буда, Оинномаи ММПИ, санад ва дастурамалҳо, ҳуҷҷатҳои ташкилию фармоишии  ММПИ  фаъолияти худро пеш мебарад.

 


 

 

ФАЪОЛИЯТ, ЎҲДАДОРӢ ВА ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ КДПТ

Пуррагардонӣ ва нигоҳдории хазинаи ҳуҷҷатҳои патентӣ, адабиётҳои илмию техникӣ, меъёрию техникӣ, иқтисодию ҳуқуқӣ, додугирифти байналхалқии ҳуҷҷатҳои патентӣ, баҳисобгирӣ, ҷобаҷогузорӣ, хизматрасонии китобхонавию иттилоотӣ, пешниҳоди хизматҳои гуногуни китобхонавӣ, автоматикунонии ҷараёнҳои китобхонавию иттилоотӣ, тарғиби фаъолияти китобдориву китобхонавӣ ва патентию иттилоотӣ.

 

САМТҲОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТ ВА РУШДИ КИТОБХОНАИ ДАВЛАТИИ ПАТЕНТИЮ ТЕХНИКӢ

- ташкили хазинаҳои китобҳои илмию техникӣ ва ҳуҷҷатҳои патентӣ;

- ташкил ва пешбурди маъхази иттилоотӣ ва  ҷустуҷўӣ,  аз он ҷумла маъхази

(феҳристи) электронӣ;

- хизматрасонии   китобхонавию  иттилоотӣ   ба  кормандони МД ММПИ ва Вазорати рушди  иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассисони вазоратҳо, идораҳо, ташкилоту муассисаҳои ҷумҳурӣ, омўзгорон ва донишҷўёни мактабҳои  олӣ бо ихтисосҳои техникӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқшиносӣ ва ғайраҳо;

- гузаронидани ҷустуҷўи патентии мавзўӣ;

- истифодабарӣ ва тарғиби Системаи патентию иттилоотии ЕАПАТИС дар

байни хонандагон ва истифодабарандагони КДПТ;

- ташкили   тарғиби  хазинаҳои ҳуҷҷатҳои патентӣ ва адабиёти илмию   техникӣ;

- омўзиш ва баланд бардоштани сатҳи савияи дониши кормандони КДПТ,

иштирок намудани кормандони КДПТ дар семинарҳо ва чорабиниҳои

сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ дошта;

- харидани таҷҳизоту лавозимоти  инвентарӣ  аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ;

-ворид намудани адабиётҳо ба Маъхази маълумотӣ ва ҷустуҷўии  (ММваҶ) «ИРБИС»;

- омода ва чоп намудани «Номгўи адабиётҳои нав» -и  КДПТ (дар 1 сол 2 маротиба)

- омода ва ташкили корҳо вобаста ба техникаи бехатарӣ дар КДПТ;

- таҳияи «Варақаҳои иттилоотӣ ва тарғиботии КДПТ (буклетҳо)»

- ташкили намоишгоҳҳои иттилоотиву ҷашнӣ;

- тафтиши хазинаи шўъбаи маълумотию иттилоотии  КДПТ;

- гузаронидани ҷаласаҳои корӣ ва баррасии ҳалли масъалаҳои вобаста ба

кори китобхонаву иттилоотӣ  ҷой дошта дар байни ҳайати кормандони

КДПТ.

 

ТАШКИЛИ ХАЗИНАИ КДПТ

Хазинаи КДПТ аз ҳисоби сарчашмаҳои зерин пурра гардонида мешавад: Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (СУМЗ), Идораи патентии евроосиёгӣ (ИПЕО), Идораи патентии европоӣ (ИПЕ), Идораҳои патентии давлатҳои хориҷа, Пажўҳишгоҳи федеролии моликияти саноатии Федератсияи Русия, Маркази иттилооту нашрияи Роспатент, доду гирифт бо идораҳои ҳифзи объектҳои моликияти саноатии давлатҳои хориҷа, китобхонаҳои хориҷи кишвар, донишгоҳу донишкадаҳои олии ҷумҳурӣ, пажўҳишгоҳҳои илмию тадқиқотии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, Агентии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  мағозаҳои китобфурўшии ш.Душанбе,  тибқи рўйхати тартибдодаи обунаи солонаи КДПТ,  китобҳое, ки аз ҷониби  муаллифон ҳадя  карда шудаанд.

СОХТОРИ КДПТ

 

 

Сохтори КДПТ иборат аз  маъмурият, 8 шўъба, аз он ҷумла шўъбаҳои мукаммалот ва коркарди хазинаҳо, автоматикунонӣ, маълумоти – иттилоотӣ, иттилоот ва ҳуҷҷатҳои патентӣ, хизматрасонӣ, нигоҳдории хазинаҳо, маркетинг ва рушди китобхона ва феҳристҳои электронӣ амал менамояд, ки дар он 40 нафар кормандон фаъолият менамоянд.

Аз 40 нафар корманд 23 нафарашон дорои маълумоти олӣ , 7 нафар дорои маълумоти олӣ-нопурра, 5 нафар дорои маълумоти миёнаи махсус, 5 нафар маълумоти миёна, мебошанд. Як нафар корманд дар рухсатии нигоҳубини кўдак қарор дорад. Миқдори зиёди кормандони китобхонаро занҳо ташкил менамоянд, ки шумораашон ба 28 (70%) нафар мерасад. Синну соли миёнаи кормандон 35 солро ташкил менамояд. Аз миқдори умумии кормандон 5 нафарашон дар 0,5 басти корӣ кору фаъолият менамоянд.

 

 

ХАЗИНАИ КДПТ

 

 

Хазинаи китобхона зиёда аз 15 041198 нусхаро (то санаи 15.06.2011с.) ташкил медиҳад.

Аз ин миқдор 160 154 нусха китоб ва брошюраҳо ; (Рақами тартибӣ ки ба охирин китоб гузошта шудааст 182509 мебошад. 182509-160154=22355

Аз давраи фаъолият (1965) то ба имрўз 22355 китоб ва брошюраҳо бо сабабҳои гуногун тибқи санадҳои дахлдор аз рўйхати хазинаи КДПТ бароварда шудааст.)

153945 –маҷалла ва ҳафтаномаҳои илмӣ, иқтисодӣ ва патентӣ;

257306  ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ;

311649 варақаҳои иттилоотӣ дар соҳаи ҳифзи объектҳои моликияти   саноатӣ;

6264 адад дискҳои оптикии дорои ҳуҷҷатҳои патентӣ;

504 адад тавсифҳои намунаҳои саноатӣ;

1610 адад дастнависҳо;

313235 дар барандаҳои иттилоотии гуногун;

зиёда 13,8 милион иттилооти патентӣ

 

АВТОМАТИКУНОНИИ КДПТ

 

Дар КДПТ шабакаи байникомпютерии шўъбаҳо бо ҳам пайваст буда тавассути ин шабака корҳои автоматикунонӣ ва дохилнамоии адабиёту ҳуҷҷатҳои гуногун ба маъхази маълумотии (ММ) ИРБИС дохил карда мешавад. Миқдори умумии компютерҳо дар китобхона 28 ададро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор 2 адад ба ММПИ ва 3 адад ба МОТИТҲ ба номи Бедил  таалуқ дорад. То айни замон ба маъхази электронии ИРБИС зиёда аз 123 ҳазор тафсифи китобшиносии адабиёт ва мақолаҳои маҷаллаҳои илмӣ-техникӣ, иқтисодӣ ва соҳаи ҳифзи объектҳои моликияти зеҳнӣ дохил карда шудааст. Аз ин миқдор 71462 адад тавсифи китобшиносии китоб ва брошюраҳо мебошад. 160154-71462=88692       Ҳамагӣ 88692 адад китоб ва брошюраҳо боқӣ мондааст, ки ба ММ ИРБИС дохил карда нашудаанд.     Дар соли 2010,  21444 тавсифҳои библиографӣ ба ММ ва Ҷ «ИРБИС» дохил карда шуданд.  Аз ин нишондод хулосаи дурнамоӣ гирифтан мумкин аст, ки ҳамагӣ 4,5 соли дигар зарур аст, ки КДПТ ба пуррагӣ аз системаи феҳристҳои анъанавӣ ба системаи феҳристи электронӣ  гузарад.

 

МАЪЛУМОТИ ОМОРИИ ХОНАНДАГОНИ КДПТ

 

Миқдори миёнаи хонандагон, ки аз хизматрасонии китобхонавӣ дар як рўз истифода мебаранд 54 нафарро нашкил медиҳад (аз рўи ҳисоботи семоҳа). Агар рўзҳои шанбе, низ мунтазам кормандони КДПТ ба кор бароянд аз рўи ҳисоби миёнаи истифодабарандагон дар давраи ҳисоботии семоҳа ба 70 нафар мерасад. Дар давраи моҳҳои июл ва август ҳисоби миёнаи истифодабарандагони КДПТ дар як рўз 15-18 нафарро ташкил медиҳад. Миқдори зиёди хонандагони КДПТ (37,7%) донишҷўёни донишкадаҳо ва донишгоҳҳои олии кишвар, мутахассисон ва кормандон, унвонҷўён ва аспирантон аз рўи соҳаи иқтисод ташкил медиҳад.  Ба КДПТ ҳама сола бо теъдоди зиёда аз 10 000 омаду рафти хонандагон ба ҳисоб гирифта мешавад. Китобдиҳӣ бошад бо нишондоди зиёда аз 300 000 ба қайд гирифта мешавад.

Ҳисоби оморӣ тибқи нишондоди 4084 хонандаи бақайдгирифташуда;

-истифодабарандагон бо маълумоти олӣ 24%;

-истифодабарандагон бо маълумотӣ олӣ-нопурра 75 %;

-истифобарандагон бо маълумоти миёна ва миёна махсус 1%;

-истифодабарандагон (мардҳо) 65%;

-истифодабарандагон (занҳо) 35%;

 

 

КОРИ МАЪЛУМОТӢ-БИБЛИОГРАФӢ ВА ИТТИЛООТӢ

 

Кормандони КДПТ барои истифодабарандагон чунин намудҳои хизматрасониро иҷро менамоянд.

-пешниҳоди адабиёту маҷаллаҳо ва ҳуҷҷатҳои дар хазинаи китобхонабуда барои истифода дар толори хониш (барои хона, дар асоси шартнома бо КДПТ);

-иҷрои ҷустуҷўи мавзўии патентӣ;

-иҷрои дархостҳои мавзўӣ -иттилоотӣ;

-додани маслиҳатҳо оид ба дарёфти иттилооту маълумоти мавриди ниёз;

-мураттабкунонӣ тибқи таснифоти даҳгонаи синфбандии китобхонавӣ;

-нусхабардории ҳуҷҷатҳо;

-сабти иттилоот ба дискета ва диск;

-ҳуруфчинии маводҳо дар компютер;

-тамошои китобхона;

-намоишҳои мавзўи берун аз китобхона;

-тарғиби соҳаи ихтироъкориву навоварӣ ва  патенткунонии навовариҳо;

- пешниҳоди маслиҳатҳо;

- гузоштани Синфбандии патентии байналхалқӣ ба тавсифҳои ихтироот;

- ёри расонидан ба   пур кардани варақаи арзнома;

-ёрӣ расонидан дар навиштани тавсифи ихтироот, реферат  ва баённомаи ихтироот;

- тарғиби бақайдгирии тамғаҳои моливу хизматрасонӣ дар ММПИ;

- пешниҳоди маълумотнома (доири ҷустўҷуи патентии мавзўи);

- ҷустуҷўи маводҳои зарурӣ тавассути маъхази маълумотии «ИРБИС»;

- ҷустуҷўи  китобҳо ва адабиётҳои даврӣ аз феҳристи электронии КДПТ;

-  мукаммал гардонии хазина бо адабиётҳои фармоишии хонандагон;

- тарғиб намудани соҳаи ихтироъкориву навоварӣ ва корҳои китобхонавию иттилоотӣ  дар ҳудуди пойтахт, тавассути саҳифаи Интернетии КДПТ ва  ВАО - и ҷумҳурӣ;

Дар ихтиёри истифодабарандагон толори хониши бо таври замонавӣ таъмиршуда, зебову барҳаво, дорои дастгоҳҳо барои кор бо микрофишаҳо  ва маъхази маълумотии (ММ) «ИРБИС» қарор дорад.

Ҳар сол доир ба воридоти нав «Номгўи нави адабиётҳои КДПТ» дар ҳаҷми 2 нашр (дар як сол) ба табъ расонида мешавад. Маводи мазкур тариқи ройгон ба китобхонаҳои донишкадаву донишгоҳҳо ва як қатор китобхонаҳои давлатӣ, ки дар тобеъи ш.Душанбе мебошанд тақдим карда мешавад. Инчунин ҷиҳати аз наздик шинос намудан бо воридоти нави китобхона, маводи мазкур тариқи электронӣ ва ройгон дар саҳифаи Интернетии КДПТ www.gptb.tj гузошта шудааст. Толори хизматрасонии китобхона бо 4 адад компютерҳо таъмин карда шуда ба  Шабакаи Интернет пайваст карда шудааст, ки  аз он  хонандагон  истифода мебаранд.

 

ХИЗМАТРАСОНИИ ПАТЕНТӢ-ИТТИЛООТӢ

Моҳи ноябри соли 2007 бо ибтикори Маъмурияти Маркази миллии патенту иттилоот  ва Идораи патентии евроосиёгӣ Китобхонаи давлатии патентию техникӣ ба Шабакаи умумиҷаҳонии Системаи патентию иттилоотии евроосиёгӣ (ЕАПАТИС) пайваст карда шуд. Хазинаи патентии шабакаи мазкур зиёда аз 35 миллион ҳуҷҷатҳои патентиву иттилоотиро дар бар мегирад.   Ғайр аз ин дар ин маъхаз  зиёда аз 30 ҳазор мақолаҳои илмӣ 10 маъхаз доир ба фанҳои тиб тариқи ройгон барои истифода намудан пешниҳод гардидааст. Олимону мутахасисон, ихтироъкорон барои ҷустўҷўи маводу иттилоотҳои зарурӣ ҳамасола ба хориҷи кишвар сафар менамоянд аммо акнун онҳо метавонанд аз ин маъхази бебаҳои китобхонаи мо бемамоният истифода баранд. Мутахасисони китобхона  ва ё  истифодабарандагон худ метавонанд  аз навигариҳои ихтироъҳои ҷаҳон аз наздик шинос шаванд ва ё шабеҳияти ихтироъи худро аз ин шабака дарёб намоянд.  Иттилооти хазинаи шабакаи мазкур аз соли 1924  ва  то ба имрўзро  ташкил медиҳад.

Ғайр аз ин китобхона бо 184 давлати ҷаҳон тавассути ММПИ бо се ташкилоти байналхалқии бонуфузи патентӣ СУМЗ, ИПА ва ИПЕО ҳамкории худро вусъат медиҳад. Аз ин миқдор давлатҳо мо ҳамасола тавассути доду гирифти байналхалқӣ ҳуҷҷатҳои патентӣ, бо роҳи харид адабиёту рўзномаҳо, дискҳои дорои иттилоот дар соҳаи моликияти зеҳнӣ ва ғайра иттилоотҳои заруриро барои китобхона дастрас менамоем.

Мутахасисони китобхона дар равияи кори худ ба ихтироъкорон, навоварон, кормандони соҳаи илм, аспирантҳо кўмаки  худро дар ҷустуҷўи ҳуҷҷатҳои патентӣ, илмӣ-техникӣ ва иқтисодӣ мерасонанд. Ба онҳо тарзи омода намудани баённомаи ихтироъ барои гирифтани патент ва нахустпатент, оид ба ҷустуҷўи адабиётҳои зарурӣ ҷиҳати ихтироъкориву навоварӣ, адабиётҳо дар соҳаи моликияти саноатӣ, истифодаи қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи моликияти саноатӣ  ва ғайра  маслиҳатҳо доир ба ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ медиҳанд, ки аз ин кор ихтироъкорону навоварон миннатдории бепоёни худро ба маъмурият ва кормандон изҳор менамоянд.

 

САҲИФАИ ИНТЕРНЕТӢ

7 феврали соли 2008 Китобхонаи давлатии патентию техникӣ саҳифаи Интернетии худро  www.gptb.tj ифтитоҳ намуд. Саҳифаи Интернетии китобхона бо саъю кушиши мутахасисони китобхона омода ва мавриди истифода қарор дода шуд, ки ин як дастоварди бузург мебошад. Истифодабарандагон метавонанд аз фаъолият ва рушди китобхона, ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ, Қонунгузориҳои ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз кору фаъолияти китобхона тавассути саҳифаи интернетии www.gptb.tj шинос шаванд. Дар оянда Маъмурияти китобхона ният дорад, ки Маъхази электронии китобхонаро (ММ ИРБИС) тавассути саҳифаи Интернетии китобхона маърази хонандагон мегардонад.

 

ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДИИ КДПТ

 

Аз ҷониби роҳбарият ва кормандони китобхона доир ба фаъолияти кориву меҳнатӣ  ва рушди КДПТ як қатор мақолаҳо чоп намудаанд.

Ҳафтаномаи «Ҷумҳурият» 1)№45 (20811) аз 24. 04. 2004с. «Маводи пурарзишу гаронбаҳо» саҳ. 2  2). №93 (21012) аз 25. 08. 2005с. «Ихтирои нодир» саҳ. 2 Маҷаллаи илмӣ-амалӣ «Моликияти саноати ва бозор» 3). №1 - 2005 с. «26 -апрел Рўзи умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ» саҳ. 5. 4). №1-2 2006с. «Зан-ихтироъкори нахустин» саҳ. 71-72. 5). №2-3 – 2008с. «Асосҳои  рушд ва тамоюли китобхонаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» саҳ. 53-70. 6). №2-2009с. «Маъхази патентию иттилоотии Евроосиё, бартариятҳо, манфиат ва ҷустуҷўи маводҳо» саҳ.13-24 7) №2-2009с. «Китобхона -сарчашмаи илм» саҳ.29-35 8) №3-2009с. «Нақши китобхона дар вазъи иҷтимоӣ-иқтисодии ҷомеаи ҷаҳонӣ» саҳ.13-19 9) №3-2009с. «Китоб ҳастии инсон ва нигаҳдорандаи таърихи тамаддуни кишвар» саҳ.19-28 10) №3-2009с. «Ихтироъи аксбардори машҳури тоҷик Ратушенко» 11) №3-2009с.  «Системаи идоракунии маркетингӣ дар китобхонаҳо» саҳ.3. 12). Маводҳои конфроси 7-уми байналмиллалии «Иссиқкўл-2006»- «Китобхонаҳо ва демократикунонии ҷомеа», Ҷумҳурии Қирғизистон, ш.Чолпон-ота «Фаъолияти патентӣ-иттилоотии Китобхонаи давлатии патентию техникӣ» 13) Маводҳои конфроси 15-уми байналмиллалии «Қрим -2008»- «Китобхонаҳо ва сарватҳои иттилоотӣ дар ҷаҳони илм, фарҳанг ва тиҷорат», Ҷумҳурии автономии Қрим «Асосҳои  рушд ва тамоюли китобхонаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷаллаи «Вестник Библиотечной Ассамблеи Евразии» (БАЕ) 14). №1-2009с.  ««Асосҳои  рушд ва тамоюли китобхонаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  саҳ.81-84 Ҳафтаномаи «Роҳнамои дониш» 15) №6-2010 «Махзани гаронбаҳо» саҳ.2. Маҷаллаи «Китобдор» 16) №2(8)-2010с. «Саҳми китобхона дар рушди иқтисодиёт  ихтироъкориву навоварӣ»

 

БАЛАНД БАРДОШТАНИ САВИЯИ

ИХТИСОСИ КОРМАНДОНИ КДПТ

 

Кормандони КДПТ дар тўли фаъолияти меҳнатии худ дар як қатор чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ баргузор гашта иштирок намуда дониши худро мукаммал намуданд. Аз он ҷумла дар мактаби тобистонаи кормандони китобхонаҳои ҷумҳурӣ,  мизҳои мудаввар, семинарҳо, конфронсҳои ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ соҳаи китобу китобдорӣ  ва соҳаи моликияти зеҳнӣ  иштирок намуданд.

 

БА ҶОИ ОХИРСУХАН

Назар ба солҳои гузашта дида, рўз аз рўз сафи хонандагон ба китобхона зиёд гардида истодааст. Мутахасисони китобхона ҳамеша кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки хонандае, ки ба китобхона ташриф овардааст «ноумед» аз ин даргоҳи илму маърифат наравад, ба онҳо маслиҳатҳо доири ҷустуҷў намудани китобу маҷаллаҳо ва иттилооти лозима медиҳанд. Хонандагон метавонанд иттилоотҳои лозимаро тавассутии дастгоҳҳои нусхабардор нусхабардорӣ намоянд. Муҳим аз он мебошад, ки КДПТ ягона китобхонаи соҳавӣ дар ҷумҳурӣ мебошад. Албатта адабиёту маҷалла, ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ, хазинаи патентии китобхона дар рушду нумўи соҳаи ихтироъкориву навоварӣ ва баланд бардоштани иқтисодиёти кишвар саҳми пурқиммати худро мегузорад.

 

Кормандони китобхона дар ҳама чорабиниҳои фаҳангиву ҷамъиятии КДПТ ММПИ,  Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда дар ҳар як ҷашну санадҳои фахрии ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ дар толору даромадгоҳи китобхона ва ММПИ намоишгоҳҳои идона ташкил менамоянд.

Маъмурият  ва кормандони КДПТ ҳамеша саҳми беандозаи  худро дар пешравӣ ва рушду нумўи соҳаҳои гуногуни кишвар мегузоранд.

 

Ҷустуҷӯ

Вақти маҳалли

Ulti Clocks content

Омори вуруд


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз333
mod_vvisit_counterДирӯз431
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта1178
mod_vvisit_counterДар ҳафтаи гузашта2817
mod_vvisit_counterДар ин моҳ4393
mod_vvisit_counterДар моҳи гузашта9074
mod_vvisit_counterҲамагӣ420131

Online (2 minutes ago): 6
IP Шумо: 3.234.214.179
,
Now is: 2019-12-11 19:58