Интихоби забон

ТСД (УДК) 347.77

Камил Идрис

 

Моликияти зеҳнӣ воситаи пуриқтидори рушди иқтисоди.-Нашри дуюм. Дар зери таҳрири умумии Ш.З. Нажмудинов. Тар ҷ. Ш.З. Нажмудинов, Г.Ҷ. Купайи, Б.Н. Одинаев, Н.У. Тағоева. Душанбе.:МД ММПИ, 2003. - 35с ISBN 92-805-1231-6

«Моликияти зеҳнӣ - воситаи пуриқтидори рушди иқтисоди» – шарҳи тавсифи мухтасари китоби директори Генералии Созмони умиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (СУМЗ) доктор Камил Идрис «Intellectual Property – A Power Tool for Economic Growth» (Интеллектуальная собственность - мощный инструмент экономического развития) мебошад, ки аз ҷониби мутахассисони Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз забонҳои англисӣ ва русӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума карда шудааст. (Дар зери таҳрири умумии Ш.З. Нажмудинов) Чӣ тавре, ки аз пешгуфтори китоби мазкур бармеояд «…Китоби «Моликияти зеҳнӣ - воситаи пуриқтидори рушди иқтисоди»- мақсад дорад пардаи норавшаниро дар чорчӯбаи мавзӯъи «чаро?» ва «чӣ тавр?» аз болои моликияти зеҳнӣ (МЗ) бардорад, бо назардошти фаркият аз бисёр матнҳои дигари МЗ, ки дар онҳо бештар ба саволи «чӣ?» таваҷҷӯҳ дода мешавад.

Пояи ассосии ин китоб иборат аз он аст, ки моликияти зеҳнӣ воситаи пуриқтидори рушди иқтисодиёт, офаридгори арзишҳои модди буда, ҳоло дар ҳамаи давлатҳо самаранок истифода намешавад, хусусан, дар давлатҳои ру ба тараққии дунё. Ин дастури амалиест оид ба истифодабарии арзишҳои ғайримодди, ба мисоли дониш, иттилоот, қобилияти эҷодкори ва ихтироъкори, ки дар муддати кӯтоҳ метавонад, ҷои арзишҳои моддӣ ва анъанавиро ҳамчун замин, меҳнат ва сармоя ба сифати нерӯи пешбарандаи иқтисоди, гиранд.»

 

Мафҳуми моликияти зеҳнӣ ин офаридаи зеҳну хирад ва маҳсулии эҷодии инсон мебошад. Моликияти зеҳни тамоми он ҳуқуқҳоеро дар бар мегирад, ки алоқаманд ба асарҳои адабӣ, бадеи ва илмӣ, фаъолияти иҷрокунандагии санъаткорон, сабтҳои овоз, барномаҳои радиою телевизионӣ, ихтироот, намунаҳои саноатӣ, моделҳои судманд, тамгаҳои моли ва тамгаҳои хизматрасони, номҳои фирмавӣ, ишораҳои ҷуғрофи, топологияҳои микросхемаҳои интегралӣ, намудҳои навъи растани ва ҳайвонот, ноу-хау ва дигар ҳуқуқҳоро аз рақобати бевиҷдона, кочок, калбакисози, роҳзани ва истифодабарии ғайриқонунии фаъолияти зеҳниро дар соҳаҳои илм, истеҳсолот, адабиёт ва санъатро ҳимоя менамояд, дар бар мегирад.

Дар шарҳи китоби мазкур масъалаҳои вобаста ба қобилиятҳои эҷоди ва навоварии захираҳои табии универсали, ташаккули МЗ, иқтисодиёт ва МЗ, активҳои МЗ ва арзиши корхонаҳо, истифодаи активҳои МЗ дар амалиётҳои тиҷорати, усулҳои замонавии идоракунии МЗ ва иқтисодиёти нав, патентҳо ва рушди иқтисодиёт, иттилооти патенти ва таҳвили технология ва сармоягузорӣ, патент ва литсензиякунони, муҳимияти патентҳо барои давлатҳои рушдёбанда, сиёсати фаъоли патенти, тамгаҳои моли ва нишондодҳои ҷуғрофи, ҳуқуқи муаллифи ва ҳуқуқҳои вобаста ба он, саноати фароғат ва рушди техникӣ, донишҳои анъанавӣ, ҳайъат ва буҷаи идораҳои патентӣ, қарорҳои кулли ва минтақавӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои моликияти зеҳнӣ, ҳиссаи эҳтимолии маҳсулоти қалбақи ва коҷоки ва таъсиси маданияти моликияти зеҳниро дар бар мегирад.

Китоби мазкур ба хонанда аз таърих ва сарчашмаи маводи пурарзишу гаронбаҳо - «моликияти зеҳнӣ» нақл мекунад ва хонандаро водор мекунад, ки дар олами рушди соҳаҳои гуногуни моликияти зеҳни, дониш ва таҳаюлоти офарандаи хешро дар рушду нумуи ҷомеа восита намуда дар пешрафт ва рушди иқтисодиёти кишвар саҳмгузор намояд.

Барои ба даст овардани китоби «Моликияти зеҳнӣ -воситаи пуриқтидори рушди иқтисоди» ба почтаи электронии ва ё бо суроғаи зерин мурочиат намоед.

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734042, ш.Душанбе, к.Айни 14а Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилоот.

Телефонҳо барои тамос: 600-55-79, 221-61-84, 227-65-17

Ҷустуҷӯ

Омори вуруд


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз373
mod_vvisit_counterДирӯз691
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта3619
mod_vvisit_counterДар ҳафтаи гузашта4752
mod_vvisit_counterДар ин моҳ4958
mod_vvisit_counterДар моҳи гузашта16407
mod_vvisit_counterҲамагӣ512955

Online (2 minutes ago): 13
IP Шумо: 3.228.220.31
,
Now is: 2020-08-08 14:12

Вақти маҳалли

Ulti Clocks content