Интихоби забон

Табрикнома бахшида ба 15 – солагии таъсисёбии Муассисаи Давлатии Марказии миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон


Инак аз рӯзи таъсисёбии Муассисаи Давлатии Марказии миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурии Тоҷикистон 15 сол пур мешавад. Дар як муддати кӯтоҳ муассиса ва мутахасисони он тавонистанд самтҳои фаъолияти худро баҳри рушд ва нумӯи иқтисодиёти кишвар равона намуда саҳми арзандаи худро дар соҳаи ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ гузоштанд. Мутахассисон ва кормандони марказ саъю кӯшиши худро то ба имрӯз ба он равона намуда истодаанд, ки ба ҳама соҳаҳои ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ ҳарчи бештар зиёиён, кормандони корхонаву ташкилотҳои гуногуни кишвар, донишҷӯён, олимон, навоварон, ихтороъкорон ҷалб карда шаванд.

Вобаста бо самтҳои фаъолият, густариш байни дигар давлатҳо додугирифт ва созишномаҳо дар як қатор масъалаҳои муҳим ба имзо расонида шуда аз рӯи он дар корхона амал менамоянд. Таҷрибаи ба дастовардаи муттахасисони корхона нишон доданд, ки дар як муддати кӯтоҳ ба бисёр дастовардҳои илмию техникӣ, иқтисодӣ, тиббӣ, саноатӣ ва дигар соҳаҳои тарақиёти ҷомеа ноил гаштанд. Дар инҷо бояд қайд кард, ки новобаста аз сатҳи паст қарор доштани иқтисодиёти кишварамон олимону навоварони мо пайваста дар паи корҳои эҷодии худ машғул буда ҳамеша мекӯшанд то баҳри ободонӣ ва пешравии кишварамон ҷидду ҷаҳд намоянд. ҳама сол дар корхона симпозиуму чорабиниҳо, конфронсу ҷамъомадҳо гузаронида мешаванд.

 

Дар он ходимони илму техника, кормандони идораҳои патентӣ, устодони донишгоҳҳо, олимон намояндагони корхонаву ташкилотҳои гуногун, ихтироъкорон иштирок намуда аз дастовардҳо, натиҷаҳои кору пайкори худ сӯхан намуда ва вазифаҳои дар оянда гузоштаи хешро дар маърази ҷамъомадагон иброз медоранд. Барои рушду нумӯ, тарақиёту пешрафти ҷомеа ва ривоҷу равнақи ихтироъкорӣ ҳамасол дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ – 26 апрел ботантана ҷашн гирифта мешавад.

Дар ин рӯз Идораҳои патентии давлатҳои ҷаҳон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (СУМЗ) ҳамаи онҳоеро қадр менамояд, ки бо хирад ва офаридаҳои хеш, бо эҷоди тахайюлот ба зиндагӣ ва ҷомеаи имрӯза, баҳри манфиати ҳама инсонҳои рӯи замин кору фаъолият менамоянд ва дастовардіои хешро барои манфиати халқ равона менамоянд бо медалҳои тиллоии СУМЗ ва тӯіфаҳои хотиравӣ рӯҳбаланд карда мешаванд.

Мо аминем, ки мутахасисони марказ, олимон навоварон ва ихтироъкорон баҳри пешравӣ ва ободонии кишвар шабу рӯз ҷидду ҷаід менамоянд ва кӯмаки худро баҳри баланд бардоштани иқтисодиёти кишварамон дареғ намедоранд. Таманнои онро дорем, ки дар роҳи инкишофи иқтисодиёти ҷомеаи ҷаҳонӣ, ворид шудан ба ҳазорсолаи нав, давраи ба истифода додани техника ва технологияи навин, таъмину паҳн намудани иттилоот ва васоити ахбори умум бо роҳи шабакаи умумиҷаҳонии Интернет ва дигар кашфиётҳои назаррасро ба даст оварда ҷомеа ва кишвари худро ободу зебо намоем.

Бо ин ҳама орзуву ниятҳои пок, мо ҳайати кормандони Кумитаи Иттифоқи Касабаи ММПИ аввало ҳамаи кормандони Муассисаи Давлатии Маркази миллии патенту иттилоотро бо 15- солагии таъсисёбии марказ ва 15-солагии соҳаи ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро табрик ва муборакбод намуда ба кулли кормандон пеш аз ҳама саломатӣ, хушбахтӣ, осмони соф таманно намуда дар корҳои эҷодиву ояндаашон ва дар ҳаёти шахсию оилавиашон комёбиҳои нав ба навро аз даргоҳи Илоҳӣ хоҳонем. Дар ин ин ҷашни бузург ва фаромӯшнашаванда на танҳо кормандони марказ балки, ҳамаи олимон донишмандон навоварон ихтироъкорон ва зиёиёни кишварро сидқан табрик менамоем. Маҳз кӯшиш ва датстранҷи арбобону ходимони намоёни кишвар буд ки мо ба чунин рӯз ноил гаштем ва таманнои хонаободии онҳоро хоҳонем. ҷашн муборак ҳамкасабон ва ихтироъкорону навоварони гиромиқадр!

Ҷустуҷӯ

Омори вуруд


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз365
mod_vvisit_counterДирӯз691
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта3611
mod_vvisit_counterДар ҳафтаи гузашта4752
mod_vvisit_counterДар ин моҳ4950
mod_vvisit_counterДар моҳи гузашта16407
mod_vvisit_counterҲамагӣ512947

Online (2 minutes ago): 11
IP Шумо: 3.228.220.31
,
Now is: 2020-08-08 14:00

Вақти маҳалли

Ulti Clocks content