Интихоби забон

Ихтироъи аксбардори машҳури тоҷик Ратушенко

 

Бутаева Гулгора

Директори КДПТ МД ММПИ


Дар тӯли фаъолияти 30 солаи аксбардории худ аксбардори машҳури Ҷумҳурии Тоҷикистон Геннадий Ратушенко якумин маротиба ихтироъе дар соҳаи аксбардорӣ кашф намуда таҳти рақами №159 бо номи ихтироъи «Конструксияи сабуквазн барои ороиши суратҳо» соҳиби «Нахустпатент» гашт. Аксбардор Ратушенко чунин маводеро омода намуд, ки аксҳои бардошташуда дар чаҳорчӯбае гузошта мешавад, ки гузоштан, часпонидан ва бе ягон мушкили кори дар он гузоштани акси бардошташударо бе ягон мушкилӣ осон менамояд.

Чи тавре, ки ихтироъкор худ баён менамояд ӯ ҳатто дар тӯли умр ва фаъолияти кории худ чунин ихтироъи офаридаашро дар хаёлаш ҳам нагузашта буд ва ӯ имрӯз аз ихтироъи офаридааш қаноатманд аст. Ратушенко аллакай аз ихтироъи офаридааш истифода намуда дар давлатҳои гуногуни ҷаҳон намоишгоҳи аксҳо ташкил намудааст. Аксбардорони ҷаҳон барои истифода намудани ихтироъи офаридаи аксбардори тоҷик бевосита дар мукотиба ва дар тамос мешаванд.


Албатта то ба имрӯз ҳар як аксе, ки аксбардори тоҷик бо он миллати тоҷикро дар ҷаҳон муаррифӣ менамуд вале имрӯз бошад ҳатто чаҳорчӯбаи кашфнамудаи аксбардори тоҷик Геннадий Ратушенко ҷумҳурӣ ва миллати моро бори дигар дар ҷомеаи ҷаҳон муаррифӣ хоҳад кард. Аз тавсиф, формула ва нақшаву чаҳорчӯбаи ихтироъ метавонед аз маъхази Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намоед.

 

©Мақола тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқуқҳои вобаста ба он» ҳифз гардидааст. Бе иҷозат ва ризогии муаллиф чоп намудан ва истифода намудани мақола манъ аст. ҳангоми истифода намудани нишондодҳо ба сарчашма нишондодан ҳатмӣ мебошад.

Ҷустуҷӯ

Омори вуруд


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз415
mod_vvisit_counterДирӯз691
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта3661
mod_vvisit_counterДар ҳафтаи гузашта4752
mod_vvisit_counterДар ин моҳ5000
mod_vvisit_counterДар моҳи гузашта16407
mod_vvisit_counterҲамагӣ512997

Online (2 minutes ago): 13
IP Шумо: 3.228.220.31
,
Now is: 2020-08-08 15:29

Вақти маҳалли

Ulti Clocks content