Ҷаласаи тантанавӣ бахшида «Рӯзи байналмиллалии моликияти зеҳнӣ»


Боймурод Боев

Муовини директори КДПТ МД ММПИ


Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола 26 – апрел дар ҷумҳурӣ ҳамчун «Рӯзи ихтироъкорону навоварон» ҷашн гирифта мешавад. Бахшида ба «Рӯзи ихтироъкорону навоварон» ва «Рӯзи байналмиллалии моликияти зеҳнӣ 26-апрел» дар Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки арбобону ходимони намоёни давлатӣ, шоирон, нависандагон, ихтироъкорону навоварон, донишҷӯёни макотиби олии кишвар, устодон, номзадҳои илм ва мутахассисони гуногунсоҳа иштирок намуданд. Сухани ифтитоҳиро дар ҷаласа Директори МД Маркази миллии патенту иттилоот Шарофидин Намудинов оғоз намуда ҳозиринро бо ин ҷашни пуршукӯҳ табрику таҳният намуд.

Ӯ аз он ҷумла қайд намуд, ки дар ҷаҳони имрӯза моликияти зеҳнӣ ҳамчун воситаи пуриқтидор дар самти рушди иқтисодӣ саҳми босазои худро гузошта истодааст. Инсон аз қадимулайём ба тахайюлоти офариниш дода шудааст. Маҳз он ҳама маҳсули хирад ва ғояҳои неки инсонӣ имрӯз ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳусни дигар бахшид. Моликияти зеҳнии инсон ин ганҷест пурарзиш ва гаронбаҳо. Чи хеле, ки Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ қайд намудаанд «… Дар ҷаҳони имрӯза маҳсули ақли инсон ва дастовардҳои он чун маводи пурарзишу гаронбаҳо хариду фурӯш мегардад. Маҳсули ақли инсон дар ҳазорсолаи сеюм ба сармояи пурарзиш табдил хоҳад ёфт ва ҳатто нисбат ба сарватҳои табиӣ даромади бештаре меорад…» Ҷумҳурии Точикистон яке аз самтҳои сиёсати рушд ва тараққӣ додани иқтисодиёти кишваро дар соҳаи моликияти зеҳнӣ равона намуда дастгири ва ҳифзи ҳуқуқии ихтироъкорон, навоварон ва дигар шахсони эҷодкорро дар қаламрави кишвар ва берун аз он таъмин менамояд.

 

Дар ҷаласа декани факултаи «Сохтмон ва меъмори»-и Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осими Ориф Амиров, декани факултаи «Механикию технологи»-и ҳамин донишгоҳ Бозорали Неъматов баромад намуда оид ба дастовардҳои илму техника ва соҳаи ихтироъкорӣ дар ҷумҳурӣ маърӯза намуданд. Инчунин аз ҷониби мутахассисони МД ММПИ Артур ҳаитов, Тоҳир Холиқов, Киёмидин Миралиев, Валерий Мироқилов ва дигарон баромад намуда доир ба вазъи кунунии ихтироъкориву навоварӣ, сатҳи пешниҳоди арзномаҳо барои гирифтани патент ба соҳаҳои гуногуни ҳифзи объектҳои моликияти зеҳнӣ, ихтироъҳои дар амал истифодашаванда, омӯзиши дарсҳо аз фанни «Патентшиносӣ» ва «Асосҳои моликияти зеҳнӣ» дар донишгоҳҳои олии кишвар ва ҳалли як қатор масъалаҳо маърӯза намуданд.

Сол аз сол дар ҷумҳурӣ сафи ихтироъкорону навоварон зиёд гардида истодааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар корхонаву муассисаҳо, марказҳои илмию эҷодӣ, мактабҳои олии кишвар фаъолияти ихтироъкориву навоварӣ ривоҷу равнақ гирифта истодааст. Ихтироъкор пеш аз ҳама ин шахсест, ки бо маҳсули тахайюли эҷодии худ чизи наверо барои нафъи халқ меофарад. Ин офариниш моликияти шахсии ӯ ба ҳисоб меравад. Моликияти зеҳнӣ гуфта ин офаридаҳои хирад ва фикрии инсонӣ буда ба намуди иттилоӣ ба чизе сабт гардида пешниҳод шудааст, мебошад. Дар самти пешбурди ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ дар ҷумҳурӣ мутахассисон ва кормандони ММПИ саҳми беандозаи худро мегузоранд. ҳамрӯза онҳо ба ихтироъкорону навоварон, олимону устодон ва шахсони ҳуқуқию воқеӣ доир ба, омода намудани арзнома, тарзи навиштани баённомаи ихтироъ, ба Синфбандии байналмиллалии патентӣ (МПК) ҷудо намудан ва патенткунонии ихтироъҳояшон маслиҳатҳои муфид медиҳанд, то заррае бошад ҳам саҳми худро дар соҳаи объектҳои моликияти саноатӣ дар ҷумҳурӣ гузоранд. Имрӯз дар МД ММПИ миқдори зиёд кормандоне кору фаъолият менамоянд, ки дар соҳаи ҳифзи объектои моликияти саноатӣ таҷрибаи зиёди комил дошта пайваста ба ҳар як корафтода доир ба масъалаҳои патенткунонии ихтироъ маслиҳатҳои муфид медиҳанд.

Ҳар сол дар соҳаи ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ конфронсу чорабиниҳо, озмуну симпозиумҳо гузаронида мешаванд, ки дар кори он аз тамоми гӯшаву канори кишвари азизамон ва берун аз он вакилону намояндагони идораҳои патентӣ, вазорату муассисаҳо, ходимони илмӣ, кормандони соҳаҳои гуногуни соҳаи хоҷагии халқ ва Васоити ахбори омма (ВАО) ширкат меварзанд. Мақсад аз гузаронидани чунин чорабиниҳо дар он аст, ки дар қаламравӣ кишвар ва берун аз он тарғиби соҳаи моликияти зеҳниро вусъат дод, ихтироъкорону навоваронро дастгирӣ намуда барои рушду нумӯи ҷомеа ва иқтисоди кишвар саҳми арзандаи худро гузоштан мебошад. Дар ду сол як маротиба дар МД ММПИ Озмуни «Ихтироъкори беҳтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида мешавад. Аз натиҷаи ин озмун ба ғолибон аз ҷониби ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Маъмурияти МД ММПИ ифтихорномаҳо, дипломҳо, тӯҳфаҳои хотиравӣ ва медалҳои тиллоии таъсисдодаи Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (СУМЗ), «Нишони фахри»-и МД ММПИ супорида мешавад. Бори дигар мо ихтироъкорону навоварон олимону зиёиёни кишварро барои меҳнати эҷодкоронаашон, заковату зеҳнӣ пурқувваташон ва барои саҳмгузориашон дар рушди соҳаи объектҳои моликияти саноатӣ ва иқтисоди кишвар пеш аз ҳама саломатӣ, осмони софу хонаи обод, мувафақиятҳои беназири эҷодӣ, сарбаландиву некномӣ ва фатҳи қуллаҳои баландро таманно менамоем.

Ҷустуҷӯ

Вақти маҳалли

Ulti Clocks content

Омори вуруд


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз277
mod_vvisit_counterДирӯз258
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта2112
mod_vvisit_counterДар ҳафтаи гузашта3034
mod_vvisit_counterДар ин моҳ9204
mod_vvisit_counterДар моҳи гузашта10795
mod_vvisit_counterҲамагӣ477293

Online (2 minutes ago): 7
IP Шумо: 34.204.176.125
,
Now is: 2020-05-29 17:36