Бахшида ба Рӯзи китоб – 4 сентябр!

 

КИТОБ - ҲАСТИИ ИНСОН ВА НИГАҲДОРАНДАИ ТАЪРИХИ ТАМАДДУНИ КИШВАР

 

Китоб ва ҳуввияти миллӣ

Боймурод Боев

 

Директори КДПТ МД ММПИ

 

 

 

 

Тибқи Конуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола дар ҷумҳурӣ 4 сентябр ҳамчун «Рӯзи китоб» ҷашн гирифта мешавад. Албатта ҷашн гирифтани чунин як рӯзи фараҳбахш, бояд басо муҳиму тантанавор бошад. Китоб ин бузургтарин маъхази гаронбаҳоест, ки он бояд ҳамеша қадру манзаллати хешро дошта бошад.

Дар китоб ҳама асрору таърихи тамаддуни одамият, кишвар илму дониш, маданияту фарҳанг дарҷ гардида мавриди истифода қарор мегирад. Китоб – неъмати бебаҳо, нерӯи бузурги рушди зеҳнии инсонӣ, роҳбалади асру замон, шиносномаи миллат, табиби ҳозиқ ва зинда нигоҳдорандаи тарихи гузашта ва ояндаи насли башар аст. Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар суханронияшон ҳангоми хишти аввали оғози сохтмони «Китобхонаи милли Ҷумҳурии Тоҷикистонро» ифтитоҳ гузоштан қайд намуданд «… Китоб на танҳо сарчашмаи дониш балки воситаи муҳими тарбияи маънавии инсон аст…» Агар ҳар як инсон муҳаббати худро сарраввал ба Худову Расулаш бахшад муҳаббати дувуми худро албатта ба китобҳои фиристодаи ӯ мебахшад. Чи қадар бузург аст мафҳум ва муҳаббати китоб. Ба монанди китоб дар ҷаҳон чизе ҳамрадифе шуда наметавонад. Бузурге гуфтааст, аз се чизе ки номи инсонро дар ҷаҳон асрҳо пойдор хоҳад гузошт ин якеаш китоб мебошад. Албатта бисёр чизҳо дар дунё ба кунҷи фаромӯшхотирӣ мераванд аммо ҷуз китоб. ҳар як саҳифаи пурқимати китоб бо гузашти давру замон ҳеҷ гоҳ фарсудаву абгор намегардад.

 

Китоб ҳамчун гавҳараки чашм бояд ҳифз карда шавад. Муҳаққиқи бузург Муҳаммади ҳиҷозӣ гуфтааст «Муфидтарин ихтирои башар китоб аст». Пайдоиши китобро олимон ба гузаштаи се ҳазор ва аз ин зиёд муайян намудаанд. Китобро асосан ба вожаи арабӣ нисбат дода маънои онро «навиштор» ё «нигориш» маънидод кардаанд. Аз китоб мо таърихи гузаштаи худро омӯхта аз тарзи ҳаёт ва зиндагӣ, кишвару кишвардорӣ, расму русум, фарҳангу маданияти ниёгонамон баҳравар гардидаем. Вақте, ки Аллоҳ таъоло китоби муқаддас «қуръон»-ро ба Расули Акрам (с.а.в) ҳадья намуд аввалин сухане, ки ба Пайғамбарамон супориш дод ин сухани «Бихон!» буд. Имрӯз мо бо пайравии бузургонамон бо хондани китоб соҳиби илму дониш мегардем. Зеҳну мафкураи худро қавӣ гардонида дониш ва малакаи касбии худро бой мегардонем. Китоб аниси кунҷи танҳоӣ ва раҳнамоӣ ҳар яки мову шумост. Бо мутоилаи бештари китоб мо илми сухандонию суханварӣ, одобу рафтор ва маданияти худро тақвият мебахшем.

 

Таърих гувоҳ аст, ки ҳама бузургони мо аз худ осори гаронбаҳои китобҳоро гузоштаанд, ки то ба имрӯз ба дасти мо омада расидааст. Имрӯз мо аз забони шевоӣ Рӯдакиву Фирдавсӣ, Синову ҷомӣ, Хайёму Мавлавӣ ва дигарон тавассути китоб ҳарф мезанем, осори онҳоро варақгардон намуда аз панду андарзҳои бузургони хеш баҳравар мегардем. Дар навиштаҳои бузургонамон омадааст, ки чи тавр онҳо ҷидду ҷаҳд ва кӯшиш ба харҷ медоданд, ки китоберо дарёб намуда аз он сабақ омӯзанд. Бо чи қадар азобу заҳматҳо барои истифода намудани китобе ба китобхонаҳо иҷозати вуруд мегаштанд. Шабу рӯз китоб мутоила менамуданд. Аз дасти аҷнабиёни онвақта ҳатто пинҳонӣ китоб мехонданд. То дами пирии хеш бо мутоилаи китоб ин ҷаҳони фониро падруд гуфтаанд… Аз дасти душманони миллату ватан китобу китобхонаҳои бузург оташ зада шуд. Донишмандони бузургро, ки ба навиштани китобу паҳн намудани он машғул буданд ба қатл расонидаанд. Вале аҷнабиёну душманони миллат ба мақсади нопоки худ нарсиданд, китоби бузургони мо ҳифз карда шуд ва аз даст ба даст то ба имрӯз ба дасти мо омада расид. Имрӯз дар Китобхонаи миллии ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ, Институти шарқшиносӣ ва мероси хатии ниёгонамон дастхатҳои бузурги осори ниёгонамон ба маҳфуз гузошта шудааст, ки аз он донишҷӯён, олимон, зиёиён ва ғайри толибилмони табақаҳои гуногуни кишвар мавриди истифода қарор медиҳанд.

 

Китоб ва ҷомеаи имрӯза

Дар ҷомеаи имрӯза муҳаббату шафқат ба китоб коста гардидааст. ҷавонон китобро кам мутолиа менамоянд ва ба китобхонаҳо кам ташриф меоранд. Шояд аз норасогии китоб бошад, ки донишҷӯёни мо танҳо бо ду се дафтаре роҳ сӯи донишгоҳ пеш мегиранд. Он ду се дафтар низ ҳамчун «китоб» дар даст «пачақу маҷақ» гашта дар як муддати кутоҳ ба ҳоли он нигоҳ кардан ҳам амри маҳол аст. Миқдори ками донишҷӯёне дидан мумкин аст, ки танҳо ба хотири гирифтани санҷишу имтиҳонҳо ба мутолиаи баъзе аз китобҳои дарсӣ машғул мешаванд. Хондани китобҳои бадеӣ қариб, ки тамоман дар байни наврасону донишҷӯён маҳв гаштааст. Ман ҳамчун устоди донишгоҳ, бисёртар аз донишҷӯён пурсон мешавам, ки шумо дар вақтҳои холигии худ ба хондани кадом китобҳо машғул мешавед? Аммо дар ҷавоб, бисёре аз донишҷӯён вазъи иҷтимоию иқтисодии худро сабаб пеш меоваранд ва вақти холигӣ надоштани худро баён менамоянд. Хондани китоб то ҳол ба касе зарар накардааст. Баръакс муфид ва фоидаовар мебошад. Имрӯз саҳифаҳои китобу адабиётҳои гуногунро дар кӯчаву роҳрав дидан мумкин аст. ғайр аз ин бархе аз савдогарон дар бозорҳову нуқтаҳои фурӯш саҳифаҳои китобро мавриди истифодаи қоғазпечи тухми офтобпарасту ҳар гуна меваҷот қарор медиҳанд. ҳол он, ки ҷомеа ва насли навраси имрӯза бисёртар ба китоб ниёз дорад. Бисёртар мо аз фурӯшандаҳо пурсон мешавем, ки шумо як китоби адиби бузургеро мавриди қоғазпечи меваҷот қарор додаед.

Онҳо бошанд дар ҷавоб ин китоб кайҳо кӯҳнаву фарсуда гаштааст ва ба касе лозим ҳам нест гӯён маънидод менамоянд. Китоб кӯҳнагӣ надорад ва ҳамеша навиштаҳои дар он дарҷ гардида мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Дар вақтҳои охир бисёр нафарон аз мушкилиҳои иқтисодию иҷтимоии зиндагӣ китобу адабиётҳои заруриро ба нуқтаҳои истеҳсоли қоғази ташноб ба маблағи ночизе месупоранд. ҳол он, ки аз ҷониби Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон супориш шуда буд, ки китобу адабиётҳое, ки имрӯз дар хонаҳои мо бо теъдоди зиёд мавҷуд аст ба китобхонаҳо супорем то аз нигаҳдоштан дар хонаҳо насли наврас аз он истифода барад. Китоб ин ганҷинаест пурасрор. Дар баъзан холатҳо дар ҷустуҷӯи китобе аз як китобхона ба китобхонаи дигар моро водор месозад, ки онро дарёб намоем дар сурати дарёб нагардидан тавассути ёру дӯстоне, ки ба давлатҳои хориҷ раҳсипор мегарданд фармоиш медиҳем. Чопи дубораи баъзе китобҳои калонҳаҷм, нодир ва қиматбаҳо арзиши гарон ва мушкилиҳои зиёдеро пеш меоварад.

Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар баромадҳои худ дар мавриди китобу китобдорӣ ва ҳифзу эҳтироми он суханронӣ менамоянд. Бо супориши сарвари давлат имрӯз дар ҳама шаҳру ноҳияҳо мағозаҳои китоб мавриди истифода қарор гирифтааст. Аммо бо кушода шудани чунин мағозаҳои фурӯши китобу адабиётҳои гуногун ба ғайр аз китобҳои дарсии синни то мактабӣ дигар китобҳо на он қадар харидори худро пайдо намудаанд. Аз мағозаи фурӯши китобе пурсон шудам. Аз китобҳое, ки шумо имрӯз ба фурӯш гузоштаед кадом мардуми табақаҳо харидорӣ менамоянд. Фурӯшанда дар ҷавоб гуфт, ки бисёртар китобҳои мағозаи ӯро мардуми табақаи донишманд, бомаданият ва зиёӣ харидорӣ менамоянд. Аз дигар тараф бо сабабҳои пасти вазъи иқтисодию иҷтимоии мувоҷеҳ гаштани шоирону нависандагон ва олимони мо муяссар намегардад китобҳои худро чоп намоянд. Сифати чопи китобҳо рӯз аз рӯз дар ҷумҳурӣ беҳтар гардида истодааст. Тоҷирону соҳибкорони мо ба ҷумҳурӣ технологияҳои нави полиграфиро вуруд намудаанд, ки ба чи тарзе фармоиш пешниҳод накунед ҳамонро бо сифат ва бо теъдоди пешниҳодгашта иҷро менамоянд.

Умуман дар ҷумҳурӣ барои чопи тамоми намуд адабиётҳои гуногунҳаҷм чопхонаҳои замонавӣ ташкил карда шудааст, шоирону нависандагон ва олимони мо аҳён аҳён бо қудрат ва тавонои хеш ва ё дастгирии шахсони хайрхоҳ китобҳои худро чоп намуда пешкаши хонандагон мегардонанд вале миқдори ками он хонандаи худро меёбаду халос.

 


Китоб, китобдор ва китобхона

Бузургтарин ганҷина, таърих ва хазинаи тиллоии ҳар як миллату қавм ва давлат дар китобхонаи он маҳфуз гузошта шудааст. Имрӯз хазинаи китобхонаҳои мо пур аз китоб адабиётҳои гуногунсоҳаро фаро гирифтааст. Бо ворид гардидан ба хазинаи китобхона вуҷуди касро эҳсосоти бузурге фаро мегирад. Чи қадар адабиётҳои гуногун ва хонданбоб. Намедонӣ кадом китобро ба даст бигириву аз кадом мутолиаи онро оғоз намоӣ. Мутаасифона дар хазинаи китобхонаҳо китобҳои зиёде ёфт мешаванд, ки дар кунҷи хомӯшӣ қарор гирифтаанд яъне касе ҳатто саҳифаи онро варақгардоне нанамудааст.

Ба дил ва бо эҳсосоти бузург ба онҳое, ки чунин китобхонаҳоро дар солҳои гузашта пуррагардонӣ намудаанд, асарҳои худро ҳадя намуданд сипосгузорӣ менамоем. Аҳсан ба онҳое, ки то ба имрӯз китобхонаҳоро бо чунин теъдоди китоб ба наслҳои оянда ва фардои кишвар нигаҳдорӣ ва ҳифз менамоянд. Барои хонандаи имрӯза дар китобхонаҳо тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Толори барҳавову ҷойи нишасти зиёд, хизматрасонӣ ва муомилаи хуби кормандони китобхона касро метавонад дар китобхонаҳои мо қонеъ намояд. Дар ҷумҳурӣ қонун «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ», Барномаи рушди китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2015» амал менамояд, ки барои рушду такомул додани фаъолияти кори китобу китобдорӣ ва китобхонавӣ мусоидат менамояд. То ба айни замон китобхонаҳо дар ҷумҳурӣ тариқи ройгон истифода бурда мешаванд.

Барои ба китобхона ташриф овардану аз хизматрасонии китобхонавӣ истифода намудан, мутолиаи китоб касе маблағе талаб накардааст. Китобхонаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ дошта аз он ҷумла Китобхонаи миллии ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи А. Фирдавсӣ www.nlrt.tj, Китобхонаи патентию техникӣ www.gptb.tj, Китобхонаи бачагонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Мирсаид Миршакар www.lib.cit.tj аллакай саҳифаҳои Интернетии худро мавриди истифода қарор доданд. Дар як қатор китобхонаҳои ҷумҳурӣ корҳои автоматикунонии китобхонаҳо пеш бурда истодааст. Дар назар аст, ки дар солҳои наздик китобхонаҳои мо бо чунин дастовардҳо аз системаи ҷустуҷӯии анъанавии феҳристқуттиҳо ба системаи ҷустуҷӯии адабиётҳо ба тариқи электронӣ гузаранд.

Имрӯз дар Китобхонаи миллӣ, Китобхонаи патентию техникӣ, Китобхонаи бачагона, Китобхонаи Академияи Илмҳо, Китобхонаи донишгоҳи славянӣ, Китобхонаи донишгоҳи тиббӣ, Китобхонаи донишгоҳи миллии ҷумҳурӣ корҳои автоматикунонӣ тавассути барномаи «ИРБИС» бо суръат пеш рафта истодааст. Инчунин дар ояндаи наздик мумкин аст хазинаи китобхонаҳо бо китобу адабиётҳои электронӣ пурра гардонида шаванд. Баъзе аз китобхонаҳои ҷумҳурӣ аллакай ба адабиётҳои электронӣ пурра намудани хазинаҳои худ оғоз намуданд. Дар бузургтарин китобхонаҳои мо Китобхонаи миллии ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ва Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии Маркази милли патенту иттилоот тариқи шабакаи Интернет барои истифодаи шабакаҳо, маъхазҳо ва саҳифаҳои иттилоотии Интернетии давлатҳои хориҷи кишвар дастрасии ройгон пайдо намудаанд.

Дар саҳифаи Интернетии Китобхонаи Академияи илмҳои ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Индира Гандӣ www.aclib.tj аллакай маълумот дар бораи адабиётҳо, рисолаҳои номзадиву докторӣ, харитаҳо тавассути системаи «ВЭБ ИРБИС» пешкаши хонандагон гардонида шудааст. Дар саҳифаи Интернетии Китобхонаи давлатии патентию техникӣ www.gptb.tj ба хонандагон феҳристи маълумотӣ дар бораи воридоти нави КДПТ аз соли 1999 то ба айни замон пешкаши хонандагон гардонида шудааст. Хонанда дар кадом минтақае набошад, пеш аз он, ки ба китобхона ташриф оварад аз саҳифаи Интернетии он китобхона дидан намуда бо дарёфти адабиёти худ ба китобхона ташриф меоварад.

Бо ин кор вақти худро оқилона сарфа намуда маводи заруриро метавонад оҷилан дарёб намояд. ҳолати санитарию гигиении китобхонаҳо то имрӯз ба меъёрҳои муқараркардашудаи стандартӣ ҷавобгӯ намебошад. Системаи ҳавотозакунии китобхонаҳо ки аз даврони Иттиҳоди Шӯравӣ ба мо мерос мондааст кӯҳнаву фарсуда гаштааст қариб ки тамоман кор намекунад. Кормандону мутахассисони китобхонаҳо бо қувваи худ дар як рӯзи муайяншуда (ҳар моҳ) «Рӯзҳои санитарӣ» мегузаронанд. Бисёр кормандони китобхонаҳо тез тез ба касалиҳои роҳи нафас ва гулӯ ки аз ҳисоби миқдори зиёд мавҷуд будани чанги китоб ба бемориҳо гирифтор мешаванд. Аз ҷониби Вазоратҳои дахлдор ва ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон то ба ҳол масъалаи ба кормандони китобхонаҳо пешниҳод намудани имтиёзҳо баррасӣ нагардидааст.

То ба ҳол дар китобхонаҳо мутахассисони соҳибтаҷрибаи соҳаи китобдорӣ намерасанд. Ягона Факултаи «Китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ»-и Донишкадаи санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода қудрати бо мутахассисон таъмин намудани китобхонаҳоро надорад. Касабаи китобдор дар ҷомеаи имрӯза на он қадар назаррас мебошад. Бинобар ин ба ин факулта танҳо довталабоне ҳуҷҷат пешниҳод менамоянд, ки дониши мукаммал надоранд ва бо хатми донишгоҳ дониши кофии соҳаи китобу китобдорӣ намегиранд.

 

Китоб ва пешниҳодҳо

Мақоми китоб дар ҷумҳурӣ бояд дар сатҳи баланд бардошта шавад. Барои бо теъдоди зиёд чоп намудани китобҳои дарсии синни то мактабӣ, бадеӣ, илмӣ, бачагона, аз навчопкунии китобҳои нодин ва бузургони мо, луғату тафсирҳо аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ дида шавад. Имрӯз мо дар ҷумҳурӣ «Рӯзи асал», «Иди харбуза» ва ба ин монанд чорабиниҳоро тантанавӣ дар гулгашту хиёбонҳо ба арши аъло ҷашн мегирем. Бинобар, ин таҷлили «Рӯзи китоб»-ро низ дар кулли ҷумҳурӣ чунон бояд ҷашн бигирем, ки дар ин рӯз дар гулгашту хиёбонҳо намоишгоҳҳои китобу адабиётҳо, вохӯрӣ бо шоирону нависандагон ва олимони забардаст, конфронсу семинарҳои ҷумҳуриявӣ ва озмунҳои соҳаи китобу китобдорӣ ва китобхонавӣ гузаронида шавад.

Дар ин рӯз тавассути ВАО ва телевизион очеркҳо, филмҳои ҳуҷҷатӣ, намоишҳои телевизионӣ доир ба кору фаъолияти китобу китобдорон, шоиру нависандагон пешкаши тамошобинон гардонида шавад. Аз ҷониби мақомотҳои дахлдор бояд нуқтаҳои истеҳсоли қоғазҳои ташноб тафтиш карда шуда барои аз китобҳои заруриву ноёб ва қиматбаҳо истеҳсол намудани қоғазҳои ташноб манъ карда шавад. То ба ҳол ягон мақомоти дахдор ин чораи заруриро пешгирӣ накардааст. Аз ҷониби Вазорати фарҳанг ба роҳбариятҳои китобхонаҳо супориш дода шавад, ки китобҳои фарсудаву мазмунан кӯҳна ва истифоданошударо ба «муколатураҳо» насупоранд.

Барои ин тибқи қонунҳои ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарӣ муқарар карда шавад. Ба кормандону мутахассисони собиқадор ва лаёқатманди китобхонаҳо аз ҷониби ҳукумати ҷумҳури Тоҷикистон дар «Рӯзи китоб- 4 сентябр» мукофотҳои давлатӣ аз қабили ифтихорномаҳо, нишонҳои сарисинагӣ ва тӯҳфаҳои пуливу молӣ супорида шавад. Ба кормандони китобхонаҳо ки солҳои тӯлонӣ дар китобхонаҳо ба шароити номусоиди санитарию гигиенӣ китобхона нигоҳ накарда кору фаъолият намудаанд ва ба бемориҳои гуногун мувоҷеҳ гардидаанд имтиёзҳои зарурӣ пешниҳод карда шавад.

Аз Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Абдуҷаббор Раҳмонов хоҳиш менамудем, ки дар баробари дар бар доштани ҳар як донишҷӯ «Билети донишҷӯӣ» ҳатмӣ дар бар доштани «Билети хонандагӣ»-и китобхонаҳоро барои донишҷӯёни Донишгоҳҳои олии кишвар ҷорӣ намоянд. Аз ҷониби Вазорати фарҳанг ҳамасола бояд озмунҳои «Китоби сол», «Китобдори сол» ва «Китобхонаи беҳтарин» гузаронида шавад. Шоирону нависандагони азиз! Бигзор дастони шумо бо навиштани китобҳои нодиру қиматбаҳо қалами буро ва тез гардад. Китобдорони азиз! Бигзор дар китобхонаҳо пеши роҳи нафаси шуморо «чанги китоб» гулӯгир накарда таманнои баҳраманд гаштан аз «имтиёзҳо» насибатон гардад.

Донишҷӯён ва толибилмони азиз! Бигзор чашмони шумо аз хондани китобҳо дардро набинад ва роҳи китобхонаро ҳаргиз фаромӯш накунед! Олимону муҳаққиқони азиз! Бо чи қадар заҳматҳо ба чоп расонидани китобу адабиётҳои гуногунатон як ҷаҳон миннатдориву аз нусхаи он ба китобхонаҳо «ҳадя» намуданро орзу мекунем. Мардуми шарифи тоҷик! Барои ба маҳфуз гузоштани китобҳои нодир, арзишманд ва зарурӣ дар ҷевонҳои китобии хонаҳои худ сипосгузорем вале барои аз он китобҳо баҳраманд гаштани насли наврас ва ба китобхонаҳо супоридани қисме аз онҳоро ба Шумо саховатмандӣ таманно менамоем! Аз фурсат истифода бурда кулли мутахассисони соҳаи китобу китобдорӣ, шоирон ва нависандагон ва онҳое, ки ҳамарӯза бо китоб сару кор мегиранд бо фарорасии «Рӯзи китоб -4 сентябр» табрик намуда ба эшон пеш аз ҳама саломатӣ, хушбахтӣ, осмони соф ва тамоми хушиҳои рӯзгорро таманно менамоем.

Ҷустуҷӯ

Вақти маҳалли

Ulti Clocks content

Омори вуруд


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз57
mod_vvisit_counterДирӯз304
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта361
mod_vvisit_counterДар ҳафтаи гузашта2575
mod_vvisit_counterДар ин моҳ6453
mod_vvisit_counterДар моҳи гузашта10205
mod_vvisit_counterҲамагӣ442596

Online (2 minutes ago): 5
IP Шумо: 3.234.245.121
,
Now is: 2020-02-18 04:11