Интихоби забон

 

 

15.07.2020c.

«ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАФАККУРИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон дар нашриёти «Аврангпринт» китоби нав ба табъ расид

«Пешвои миллат ва тафаккури миллӣ» — таҳти ин унвон дар нашриёти «Аврангпринт» бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар ноҳияи Мастчоҳ ва рӯзномаи «Нигоҳи халқ» ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ китоб дар ҳаҷми 108 саҳифа ва бо теъдоди 100 нусха ба табъ расид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба рӯзномаи «Нигоҳи халқ» хабар медиҳад.

«Пешвои миллат ва тафаккури миллӣ» маҷмӯаи мақолаҳои олимони ҷавон номзади илмҳои филологӣ Шариф Шарипов, номзади илмҳои кишоварзӣ Абдуаҳад Шарипов ва номзади илмҳои филологӣ Маҳина Калонова буда, дар он муҳимтарин масоили марбут ба нақши беназиру пурсамари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори давлатдории миллӣ, аз ҷумла омилҳои эътимоди Пешвои миллат ба ҷавонон дар рушди ҷомеа ва идоракунии давлатӣ, Пешвои миллат ва рушди забони тоҷикӣ, нақши асари «Чеҳраҳои мондагор» дар ташаккули фарҳанги худшиносии ҷавонон, таҷассуми симои Пешвои миллат ҳамчун таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ дар эҷодиёти адибони ҷавон, хусусиятҳои хоси суханрониҳои Пешвои миллат дар созмонҳои байналмилалӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтаанд.

Раиси ноҳияи Мастчоҳ Тоҳир Азиззода дар пешгуфтори худ таълифу чопи китоби мазкурро далели ҳамеша дар атрофи сиёсати оқилонаву ҷавонпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид будани ҷавонмардони мастчоҳӣ дониста, менигорад, ки рисолаи мазкур навъи ҷавобнома ба пиндорҳои ғаразноки гурӯҳе аз нотавонбинонест, ки бо ҳар роҳу баҳона ва ҳар шаклу тарона дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба интиқоди беасоси сиёсати давлатӣ пардохта, комёбиҳои бузурги давлати ҷавони моро нодида мегиранд.

Муҳаррири китоб раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ Дилшод Зокиров, мусаҳҳеҳи он Муродулло Почозода ва саҳифабанд Муҳаммадалӣ Сафаров мебошанд.

Муфассал дар сомонаи: https://khovar.tj/2020/07/peshvoi-millat-va-tafakkuri-mill-ta-ti-chunin-unvon-dar-nashriyoti-avrangprint-kitobi-nav-ba-tab-rasid1/

Ҷустуҷӯ

Омори вуруд


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз384
mod_vvisit_counterДирӯз691
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта3630
mod_vvisit_counterДар ҳафтаи гузашта4752
mod_vvisit_counterДар ин моҳ4969
mod_vvisit_counterДар моҳи гузашта16407
mod_vvisit_counterҲамагӣ512966

Online (2 minutes ago): 10
IP Шумо: 3.228.220.31
,
Now is: 2020-08-08 14:34

Вақти маҳалли

Ulti Clocks content