Интихоби забон

 

 

 

 

 

26.06.2020c.

«ВАҲДАТ, ДАВЛАТ, ПРЕЗИДЕНТ». Дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ ҷилди 32-юми ин китоб аз чоп баромад

Дар арафаи ҷашни 23-солагии Ваҳдати миллӣ ҷилди 32-юм китоби «Ваҳдат, Давлат, Президент» дар нашриёти «Истеъдод» ба табъ расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Асари мазкур аз ҷониби Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ ва муҳаққиқ Рамазонӣ Давлатов мураттаб гардидааст.

Муллифи асар нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ ва аҳамияти таҷрибаи нодири сулҳи тоҷикон барои минтақа ва ҷомеаи байналмилалӣ ба пуррагӣ маънидод намудааст.

Инчунитн мақолаҳо доир ба мавзӯъҳои Истиқлолияти энергетикӣ, ифтитоҳи НБО «Роғун», Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, 5500-солагии Саразми бостонӣ, дурнамои рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, ташаббусҳои Сарвари давлати тоҷикон дар масъалаи аҳамият ва арзиши бебаҳотарини сарвати табиат — об, ки дар арсаи ҷаҳонӣ пазируфта шудааст, аз ҷониби муаллифон мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор гирифтаанд.

Муфассал дар сомонаи:https://khovar.tj/2020/06/va-dat-davlat-prezident-dar-arafai-ashni-va-dati-mill-ildi-32-yumi-in-kitob-az-chop-baromad/

Ҷустуҷӯ

Омори вуруд


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз87
mod_vvisit_counterДирӯз403
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта1921
mod_vvisit_counterДар ҳафтаи гузашта2615
mod_vvisit_counterДар ин моҳ3830
mod_vvisit_counterДар моҳи гузашта12928
mod_vvisit_counterҲамагӣ495420

Online (2 minutes ago): 3
IP Шумо: 3.236.59.63
,
Now is: 2020-07-10 03:56

Вақти маҳалли

Ulti Clocks content