14.01.2020с.

Дар Душанбе китоби нав дар бораи корномаи Пешвои миллат чоп шуд.

Дар нашриёти «Контраст»-и шаҳри Душанбе китоби нави соҳибкори фозилу донишманди мамлакат Акрам Воҳидов ва доктори илмхои таърих, дипломати тоҷик Зафар Сайидзода бо номи «Мактаби сиёсии Пешвои миллат – чароғи роҳи пешрафт» ба забони тоҷикӣ чоп шуд.

Муаллифони китоб тазаккур медиҳанд, ки «инсонҳо, бавижа ҷавонон, дар ҳар замоне барои расидан ба муваффақият ва камоли инсонӣ ниёзманд ба намунаҳои ибрат ҳастанд. Дар кишвари мо шахсият ва корномаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳтарин сармашқҳо барои афроди ҷомеа дар тамоми арсаҳои зиндагӣ мебошанд. Ахлоқи неку, меҳрубонӣ ба ҳамватанон, устуворӣ, фазилат, бурдборӣ дар рафъи мушкилот, ки аз вижагиҳои ахлоқии Пешвои миллат ҳастанд, метавонанд барои такомули фард – ҳамчун шаҳрванд ва ҳамчун инсони дорои ахлоқу маънавиёти баланд – нақши бузург ифо намоянд.»

Ин китобро, ки барои доираи васеи хонандагон таълиф шудааст, аз сомонаи интернетии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва дуконҳои китоби пойтахти кишвар метавон пайдо кард.

Муфассал дар сомонаи:

https://khovar.tj/2020/01/dar-dushanbe-kitobi-nav-dar-borai-kornomai-peshvoi-millat-chop-shud/

Ҷустуҷӯ

Вақти маҳалли

Ulti Clocks content

Омори вуруд


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз311
mod_vvisit_counterДирӯз393
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта1970
mod_vvisit_counterДар ҳафтаи гузашта2578
mod_vvisit_counterДар ин моҳ7883
mod_vvisit_counterДар моҳи гузашта10200
mod_vvisit_counterҲамагӣ433821

Online (2 minutes ago): 9
IP Шумо: 35.175.201.14
,
Now is: 2020-01-24 17:42