02.01.2020с.

Маросими тантанавии ҷоизасупории ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ …» дар Театри давлатии академии опера ва балет.

28 декабр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантавии ҷоизасупории  ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» дар соли 2019 баргузор гардид.

Дар маросим Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Абдусалом Мирализода, аъзои ҳакамон, иштирокчиёни озмуни мазкур,  волидайни иштирокдорон  ва намояндагони вазорату идораҳо, инчунин аҳли илму адаби мамлакат иштирок намуданд.

Чорабинии тантанавиро Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки «ҳадафи асосии баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…»   баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа буд. Имрӯз натиҷаи он исбот намуд, ки дар ҳақиқат мардуми тоҷик мисли гузаштаи хеш китобдору китобхон мебошанд».

Мавсуф иброз дошт, ки «ин озмун бо Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид. Озмун аз ноҳия оғоз гардида, то сатҳи вилоятиву ҷумҳурӣ гузаронида шуд. Имрӯз беҳтарин истеъдодҳо  муаррифӣ ва қадрдонӣ мегарданд».

Сипас  Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода Шоҳҷоизаи асосии озмун — 50 000 сомониро ба хонандаи Муассисаи таълимии хусусии литсейи «Раҳнамо» Бунёд Раҳнамо бо гирифтани 253, 5 хол тақдим намуд.

Ҳамчунин   ғолибони чор номинатсия бо маблағҳои муайяншуда қадрдонӣ гардиданд:

Дар номинатсияи «Аз ёд кардану хондани осори адибони классикии тоҷик»:

Ҷойи якум — 30000 сомонӣ ба Сарфарозиддин Имрониддинов.

Ҷойи дуюм — 25000  сомонӣ ба Сафармоҳи Аҳмадбек.

Ҷойи сеюм — 20000 сомонӣ ба Шабеҳа Раҳнамо.

Дар номинатсияи «Аз ёд кардану хондани осори адибони муосири тоҷик»:

Ҷойи якум — 30000 сомонӣ ба Шукрона Хоҷамқулова.

Ҷойи дуюм -20000 сомонӣ ба Рухшона Нурова.

Ҷойи сеюм -15000 сомонӣ ба Мосума Шоҳмуродзода.

Дар номинатсияи «Аз ёд кардану хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик»:

Ҷойи якум -25000 сомонӣ ба Муҳаммад Раҳнамо.

Ҷойи дуюм — 17000 сомонӣ ба Зебонисои  Азизиён.

Ҷойи сеюм — 13000 сомонӣ ба Бинямони Илҳом.

Дар номинатсияи «Аз ёд кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон»:

Ҷойи якум — 30000 сомонӣ ба Шабнам Одинаева.

Ҷойи дуюм -20000 сомонӣ ба Насиба Ҳафизова.

Ҷойи сеюм — 15000 сомонӣ ба Шобегим Маликшоева.

Муфассал дар сомонаи:

https://khovar.tj/2019/12/yfvafyvamarosimi-tantavii-oizasuporii-oliboni-ozmuni-um-uriyavii-fur-i-sub-i-dono-dar-teatri-davlatii-akademii-opera-va-balet/

Ҷустуҷӯ

Вақти маҳалли

Ulti Clocks content

Омори вуруд


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз286
mod_vvisit_counterДирӯз393
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта1945
mod_vvisit_counterДар ҳафтаи гузашта2578
mod_vvisit_counterДар ин моҳ7858
mod_vvisit_counterДар моҳи гузашта10200
mod_vvisit_counterҲамагӣ433796

Online (2 minutes ago): 12
IP Шумо: 35.175.201.14
,
Now is: 2020-01-24 16:11