Интихоби забон

 

 

 

 

09.12.c.2019

«МАҲБУБИ ВАТАН». Ҳадяҳои маънавӣ ба ҷашни 25-солагии таъсисёбии ҲХДТ

Дар арафаи таҷлил аз 25-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд се маҷмӯаи нав  ба табъ расиданд, иттилоъ медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».

Хабар дода мешавад, ки китобҳои мазкур бозгӯи дастовард ва таърихи ин ҳизби сиёсӣ буда, дар онҳо мақому манзалати ин нерӯи сиёсӣ дар рушди ҷомеа ва пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи  мамлакат  сухан меравад.

«Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – нерӯи пешбари ҷомеаи муосир» – ин китоб мақолаҳои илмӣ ва публисистии иштирокчиёни Конференсияи ҷумҳуриявиро, ки таҳти ҳамин унвон бо ибтикори кумиҷроияи вилоятии ҳизб доир гардида буд, фаро гирифтааст.

Муаллифони мақолаҳои маҷмӯа дар бораи нақши созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи санадҳои таърихӣ назар ва андешаҳои мушаххаси илмии худро баён кардаанд.  Китоби мазкурро  Саидумрон Саидов ва Субҳони Аъзамзод  мураттаб сохтаанд.

«Армуғони Сухани халқ» – таҳти ин унвон ҷилди дувуми маҷмӯаи мақолаҳои нашрияи «Сухани халқ» ба табъ расид. Ин маҷмӯа беҳтарин мақолаҳои ҳайати эҷодӣ, масъулини ҳизбӣ, олимон ва коршиносону таҳлилгаронро, ки давоми солҳои 2018–2019 дар нашрияи мазкур дарҷ гардидаанд, фаро гирифтааст. Китоби мазкур таҳти назари Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Матлубахон Сатториён таҳия гардида, муҳаррири он Бобоҷон Қурбонов, сармуҳаррири нашрияи «Сухани халқ» мебошад.

Соли 2018 китоби нахустини «Армуғони «Сухани халқ» чоп гардида, нашри китоби дуюм идомаи ҳамон ташаббуси неки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба ҳисоб меравад.

Ҳамин гуна ташаббуси нек аз ҷониби ҳайати эҷодии нашрияи «Нигоҳи халқ» – нашрияи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастоҳ низ амалӣ гардид.

«Маҳбуби Ватан» маҷмӯи мақолаҳои илмӣ ва публисистие мебошад, ки бо дастгирию сарпарастии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ ва кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ ба нашр расидааст. Мураттиби китоб сардабири рӯзномаи «Нигоҳи халқ» Муродулло Почозода мебошад.
Дар ин маҷмӯа 30 мақолаи илмӣ ва публисистии олимон, сиёсатмадорон, вакилони халқ, ходимони давлатию ҳизбӣ, муҳаққиқони ҷавон ва дигар чеҳраҳои шинохтаи кишвар ҷо дода шудаанд.

Китобҳои тозанашр тӯҳфаи арзандае ба муносибати 30–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25–умин солгарди таъсисёбии ҲХДТ арзёбӣ мешаванд.

Муфассал дар сомонаи: https://khovar.tj/2019/12/ma-bubi-vatan-adya-oi-manav-ba-ashni-25-solagii-tasisyobii-hdt/

Ҷустуҷӯ

Омори вуруд


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз64
mod_vvisit_counterДирӯз691
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта3310
mod_vvisit_counterДар ҳафтаи гузашта4752
mod_vvisit_counterДар ин моҳ4649
mod_vvisit_counterДар моҳи гузашта16407
mod_vvisit_counterҲамагӣ512646

Online (2 minutes ago): 8
IP Шумо: 35.172.233.215
,
Now is: 2020-08-08 02:26

Вақти маҳалли

Ulti Clocks content