Интихоби забон

 

 

10.12.c.2019

Китоби нави дипломати тоҷик дар бораи сиёсати хориҷии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон нашр шуд.

Китоби нави дипломати тоҷик, доктори илмҳои таърих Зафар Сайидзода «25 лет внешней политики Президента Республики Таджикистан Эмомалӣ Рахмона (1992-2017гг): исторические аспекты становления и развития» (25 соли сиёсати хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (солҳои 1992-2017): ҷанбаҳои таърихии ташаккул ва рушд» аз чоп баромад.

Тавре аз номаш пайдост, ин китоб аз сиёсати хориҷии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарфи 25 соли охир ҳикоят мекунад. Таҳлили олимонаву коршиносонаи муаллиф имкон медиҳад, ки ҷомеаи васеи хонандагон — сиёсатшиносон, дипломатҳо, пажӯҳишгарон, муаррихон, устодони макотиби олӣ, донишҷӯён аз он ба таври густардаву ҳамаҷониба истифода кунанд.

Монографияи мазкур аз 6 боб иборат буда, қадам ба қадам хонандаро бо фаъолиятҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ, вижагиҳои раванди ташаккули сиёсати хориҷии мамлакат, самтҳои асосии ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чаҳорчӯби сиёсати хориҷии бисёрсамта, асосҳои консептуалӣ ва механизми сиёсати хориҷӣ, авлавиятҳои сиёсати хориҷӣ, дипломатияи иқтисодии мамлакат ва ғайра шинос месозад.

Зафар Сайидзода – дипломати тоҷик, доктори илмҳои таърих, муаллифи 68 китоб оид ба фалсафаи ҷомеа, таърихи наву навтарини кишварҳо, сиёсати хориҷӣ, фарҳангӣ, иттилоотӣ ва марбут ба забони Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Барандаи Ҷоизаи журналистии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон мебошад. 1 сентябри соли 2008 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯ рутбаи Мушовири давлатии дараҷаи аввал дода шуд.

Муфассал дар сомонаи:https://khovar.tj/2019/12/kitobi-navi-diplomati-to-ik-dar-borai-siyosati-hori-ii-peshvoi-millat-emomal-ra-mon-nashr-shud/

Ҷустуҷӯ

Омори вуруд


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз61
mod_vvisit_counterДирӯз691
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта3307
mod_vvisit_counterДар ҳафтаи гузашта4752
mod_vvisit_counterДар ин моҳ4646
mod_vvisit_counterДар моҳи гузашта16407
mod_vvisit_counterҲамагӣ512643

Online (2 minutes ago): 5
IP Шумо: 35.172.233.215
,
Now is: 2020-08-08 02:21

Вақти маҳалли

Ulti Clocks content