Интихоби забон

06.12.c.2019

Тақдими китобҳои бачагона ба Маҷмааи таълимии таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва инноватсияҳои ноҳияи Варзоб

«Фарҳанг на танҳо ғизои маънавӣ мебахшад, балки бемориҳоро низ табобат мекунад» — таҳти ин унвон  4 декабр дар доираи баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таълимгирандагони Маҷмааи таълимии таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва инноватсияҳои ноҳияи Варзоб 1500 адад китобҳои гуногуни бачагона тақдим гардиданд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, зимни супоридани китобҳо Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва директори Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар Ҳусейн Сафарзода ширкат доштанд.

Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ иброз дошт, ки «Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» имрӯзҳо мамлакатамонро пуршукӯҳтар гардонида,  ба муҳити адабӣ табдил додааст. Ин ба шарофати сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат мебошад, зеро рӯз то рӯз таваҷҷуҳ ба китоб ва адабиёт бештар мешавад. Мо китобҳои мазкурро ба китобхонаи махсуси муассиса месупорем, то шумо тарбиятгирандагони азиз, аз шеъру ҳикояҳои шавқовар ва тасвирҳои зебои он баҳра баред».

Китобҳои тақдимгардида аз «Афсонаҳои халқии тоҷик», «Мактаби кӯҳна», «Аҳмади девбанд», афсонаҳои халқҳои гуногун, осори адибони бачагона, осори адибони классикӣ ва дигар адабиёти ба синни кӯдакон муносиб иборат буданд.

Сипас тарбиятгирандагони муассиса барномаи ҳунарии худро манзури ҳамагон гардониданд.

Ёдовар мешавем, ки дар Маҷмааи таълимии таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва инноватсияҳои ноҳияи Варзоб 30 нафар кӯдакони синни томактабӣ ва баъзан тибқи эҳтиёҷи вазъи саломатӣ то 10-сола, ки аз тамоми ҷумҳурӣ мебошанд, дар машғулиятҳои тавонбахшӣ иштирок менамоянд. Баъди гирифтани маълумотномаи муассиса онҳо таҳсилро дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ оғоз менамоянд.

Муфассал дар сомонаи: https://khovar.tj/2019/12/ta-dimi-kitob-oi-bachagona-ba-ma-maai-talimii-ta-ribavii-kori-i-timo-va-innovatsiya-oi-no-iyai-varzob/

Ҷустуҷӯ

Омори вуруд


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз371
mod_vvisit_counterДирӯз691
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта3617
mod_vvisit_counterДар ҳафтаи гузашта4752
mod_vvisit_counterДар ин моҳ4956
mod_vvisit_counterДар моҳи гузашта16407
mod_vvisit_counterҲамагӣ512953

Online (2 minutes ago): 12
IP Шумо: 3.228.220.31
,
Now is: 2020-08-08 14:09

Вақти маҳалли

Ulti Clocks content