02.12.с.2019

Раҳнамо Бунёд аз рўйи чор номинатсия ғолиби даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» дар пойтахт гардид

Имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» маросими ҳавасмандгардонии ғолибони даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» баргузор гардид.  Ғолиби озмун  аз рӯи чор номинатсия хонандаи муассисаи таълимии хусусии литсейи «Раҳнамо» Раҳнамо Бунёд дониста шуда,  ба ӯ Шоҳзоиза  ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 20 ҳазор  сомонӣ  тақдим гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар  ин маросим  муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, муовини аввали раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Олимӣ, роҳбарони сохторҳои марбутаи шаҳр, шоирону нависандагон, омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таълимии  пойтахт иштирок доштанд. Ҷамъомадро муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ  ифтитоҳ намуда, паёми шодбошии Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалиро  ба иштирокдорон  ва ғолибони  озмун расонид. Ӯ зикр намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои ғанӣ гардидани ҷаҳони маънавии  хонандагони пойтахт, ки он пеш аз ҳама,  дар нтиҷаи  мутолиаи зиёди  китоб ба даст меояд,  тадбирҳои муассир меандешад.  Имрӯз  хонандагони шаҳри Душанбе имкон доранд аз муосиртарин китобхонаҳои  шаҳр ва мактабӣ истифода бурда, китоб хонанд.

«Бо иқдоми бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» эълон гардид. Аз чорабиниҳои доир ба ин озмун баргузоргардида маълум мешавад, ки ҳанӯз ҳам ин миллати фарҳангӣ ба китобхонӣ таваҷҷуҳ дошта, нисбат ба китобу эҷодгарони китоб арҷу эҳтиром мегузорад. Ҳадафи асосии Пешвои миллат аз эълони чунин озмун он аст, ки китобхонию китобнависӣ дар ҷомеа боз ҳам бештар ривоҷ ёбад ва сатҳи маънавию ахлоқии ҷомеа, суханварию суханшиносӣ ва ба қадри сухану эҷодгарони сухан расидани аҳли ҷомеа боз ҳам беҳтар гардад»,- афзуд номбурда.

Сипас дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибони ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва иштирокчиёни фаъоли бахшҳои он,  аз ҷумла аз рӯи номинатсияҳои аз ёд кардан ва хондани осори адибони классик ва   муосири тоҷик,  ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик, адибиёти ҷаҳон бо “Диплом”, “Сипоснома” ва мукофотпулиҳои таъсиснамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе супорида шуданд.

Дар бахши аз ёд кардан ва хондани осори адибони классики тоҷик хонандаи муассисаи таълимии хусусии литсейи «Раҳнамо» Раҳнамо Шабеҳа, дар бахши  аз ёд кардан ва хондани осори адибони муосири тоҷик хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №81-и шаҳри Душанбе Шукрона Хоҷамқулова, дар бахши аз ёд кардан ва хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятњои халқи тоҷик хонандаи муассисаи таълимии хусусии «Раҳнамо» Раҳнамо Муҳаммад ва дар бахши аз ёд кардан ва хондани осори адабиёти ҷаҳон донишҷӯи факултаи муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шабнам Одинаева бо хулосаи ҳайати ҳакамон сазовори ҷойҳои аввал дониста шуданд.

Муфассал дар сомонаи: https://khovar.tj/2019/11/ra-namo-bunyod-az-ruji-chor-nominatsiya-olibi-davri-sha-rii-ozmuni-um-uriyavii-fur-i-sub-i-dono-dar-pojtaht-gardid/

Ҷустуҷӯ

Вақти маҳалли

Ulti Clocks content

Омори вуруд


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз252
mod_vvisit_counterДирӯз414
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта666
mod_vvisit_counterДар ҳафтаи гузашта2817
mod_vvisit_counterДар ин моҳ3881
mod_vvisit_counterДар моҳи гузашта9074
mod_vvisit_counterҲамагӣ419619

Online (2 minutes ago): 5
IP Шумо: 3.215.182.36
,
Now is: 2019-12-10 13:48