02.12.c.2019

«БАРГУ СОЗИ МО КИТОБУ ҲИКМАТ АСТ…». Раҳматулло Мирбобоев оид ба ҳадафҳои озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…», мақому манзалати китоб дар таъриху тамаддуни миллати тоҷик

“Бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ҷамъбаст гардид. Банда ба ҳайси аъзои ҳакамон дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ки 32 иштирокчӣ аз 5 ноҳияи мамлакат- Ҳисор, Рӯдакӣ, Турсунзода, Варзоб, Шаҳринав ҳунари худро нишон доданд, ширкат доштам. Ба он беҳтарин китобхонҳову чароғҳои рӯшан ва нури фурӯғи субҳи доноии тамоми қишрҳои мухталифи ҷомеа ҷалб гардиданд. Ман бо итминони комил иброз медорам, ки ҳар як иштирокчии ин маҳфил бо дониши андӯхта аз китобҳои хонда, бо ашъ  ори азёдкардаву суханварию сухандонии худ моро мафтуни ҳунару дониш ва ақлу заковати худ намуд”. Ин матлабро  муовини аввали Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло МИРБОБОЕВ   зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Фирӯзаи ДАВЛАТ иброз дошт.

Ба қавли аллома Муҳаммад Иқбол, “Баргу сози мо китобу ҳикмат аст, Ин ду қувват эътибори миллат аст”. Аз нигоҳи Шумо мақом ва манзалати китоб дар таъриху тамаддуни  мардуми тоҷик дар кадом сатҳ қарор дорад?

Раҳматулло Мирбобоев: Китобу китобдорӣ яке аз суннатҳои қадимаи мардуми ориёнажод, аз ҷумла тоҷикон ба шумор меравад. Агар ба таърихи тамаддуни ин мардум бо дидаи таҳқиқ назар афканем, мебинем, ки дар тамоми давраҳои таърихӣ, новобаста аз вазъияти сиёсию иҷтимоӣ мардуми тоҷик ба китобдорию китобхонӣ ва ҳифзу нигаҳдошти он таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекарданд. Маҳз чунин муносибат ба китоб буд, ки таълифи китобҳо дар ҳар давраи таърихӣ рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Аҳли илму адаб барои он ки талаботи мардуми китобхонро қонеъ гардонанд, барои навиштани китобҳои гуногунмазмуни илмию адабӣ пардохтаанд.

Албатта, дар раванди таърих ҳодисаҳои зиёди сиёсию иҷтимоие рух медиҳанд, ки онҳо боиси баҳамоӣ ва ё пароканда гардидани халқияту миллатҳо дар саҳифаҳои таърихи умумибашарӣ мегарданд.

Китоб, ки дар тамоми зиндагӣ ҳамсафари умри инсон буд, ҳамаи ҳодисаю воқеаҳоро дар худ таҷассум намудаву аз як насл ба насли дигар ба мерос гузоштааст.

Мавҷудияти қадимтарин китобҳо, чун «Авасто», «Фарҳанги паҳлавик», «Дарахти Асурик» ва ҳазорон китоби дигар, ки то замони мо боқӣ мондаанд, далели он аст, ки мардуми тоҷик ба китоб арҷу эҳтироми хосса зоҳир мекард. Аз ҷониби дигар, китобҳои ниёгони мо дар тӯли таърих бо сабабҳои гуногуне дар аксари минтақаҳои олам паҳн гардида, имрӯз ба ҳайси мероси гаронбаҳои таърихӣ осорхонаю китобхонаҳои кишварҳои гуногунро зебу оро медиҳанд. Дар машҳуртарин китобхонаҳои кишварҳои Англия, Россия, Арманистон, Ҳиндустон, Покистон, Чин ва мамолики дигар дастхатҳои боарзиши миллати тоҷик маҳфуз мондаанд, ки ин агар, аз як тараф, боиси афсӯс хӯрдан бошад, аз ҷониби дигар, мояи  ифтихор аст, ки ин китобҳо таърих, фарҳанг, забон ва умуман тамаддуни китобдорию ҳунари китобнависии миллати тоҷикро ба оламиён муаррифӣ мекунанд.

Шукӯҳу шаҳомати миллати тоҷик тавассути китобҳои эҷодкардаи адибону шоирон ва олимону муҳаққиқони қадим то имрӯз дар олам паҳн гаштааст. Китобҳои эҷоднамудаи устод Рӯдакию Фирдавсӣ, Ибни Синою Берунӣ, Мавлавию Саъдӣ, Хоҷа Ҳофизу Камоли Хуҷандӣ, Ҷомию Бедил, Аҳмади Донишу устод Айнӣ то Турсунзодаю Лоҳутӣ, Пайрав Сулаймонию Ҳабиб Юсуфӣ, Қаноату Гулрухсор, Лоиқу Бозор, Фарзонаю Меҳринисою ҷавонтарин шоирони муосир ва ҳазорон тани дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки ин бузургон дар муаррифӣ ва мондагории миллати тоҷик дар саҳифаҳои таърих ҷаҳду талоши зиёде кардаанд. Инчунин шаҳодати он аст, ки мардуми тоҷик аз аввал ба китобхонию китобдорӣ таваҷҷуҳи махсус доштааст. Ба андешаи Шумо ҳадафи асосии эълон кардани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» аз ҷониби Пешвои миллат чист ва чунин озмунҳо ба мардум чӣ медиҳанд?

Раҳматулло Мирбобоев: Бале, аз сарчашмаҳо бармеояд, ки мардуми тоҷик аз азал китобхону китобдор буданд. Вале, дар замони муосир тавассути як қатор омилҳои сиёсию иҷтимоӣ сатҳи китобхонӣ то андозае коста гардид. Албатта, дигар шудани муносибатҳои иҷтимоӣ, рушди бемайлони технологияи иттилоотию иртиботӣ низ ба фарҳанги китобдорию китобхонии мардум то андозае таъсири худро расонидааст. Миллате, ки модари ӯ барои ҳифзи фарзанди навзоди худ дар зери болишти кӯдак дар баробари Қуръон девонҳои шоирони бузург – Саъдию Ҳофиз ва Бедил мегузошт, дар замони нав дар мавриди китобхонию китобдорӣ ба баъзе  мушкилот рӯ ба рӯ гардид.

Дар ҳамин росто, бо иқдоми бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ» эълон гардид. Аз чорабиниҳои доир ба ин озмун баргузоргардида маълум мешавад, ки ҳанӯз ҳам ин миллати фарҳангӣ ба китобхонӣ таваҷҷуҳ дошта, нисбат ба китобу эҷодгарони китоб арҷу эҳтиром мегузорад.

Ҳадафи асосии Пешвои миллат аз эълони чунин озмун он аст, ки китобхонию китобнависӣ дар ҷомеа боз ҳам бештар ривоҷ ёбад ва сатҳи маънавию ахлоқии ҷомеа, суханварию суханшиносӣ ва ба қадри сухану эҷодгарони сухан расидани аҳли ҷомеа боз ҳам беҳтар гардад.

Ба андешаи ман хондани китоб танҳо вазифаи хонандагону донишҷӯён, омӯзгорону аҳли маориф ва адибону рӯзноманигорон набуда, балки вазифаи ҳар як фарди соҳибхиради ҷомеа мебошад. Дар ин росто, бояд дар баробари аҳли маориф намояндагони дигар қишрҳои ҷомеа, аз ҷумла коргарону кишоварзон, соҳибкорон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, масъулони бахшҳои сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат низ ба хондани китобҳои бадеӣ таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.

Ҷанбаи дигари иқдоми Сарвари давлат аз Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» он аст, ки рушди зеҳнии ҷавонону наврасон, тарбияи одоби ахлоқи ҳамида, такмили суханварию сухандонии мардум ва аз нозукиҳою ғановати забони модарии хеш огоҳ гардидани мардуми мамлакат мебошад. Дар баробари ин, барои он ки сатҳи ҷаҳонбинии фарҳангии аҳли мутолиа ва огоҳии онҳо аз адабиёти хориҷӣ муйян гардад, дар шартҳои озмун донистани адабиёти бадеии мамлакатҳои хориҷӣ низ ҷой дода шудааст, ки ин барои боз ҳам бештар тавсеа ёфтани афкори адабии мардуми мо дар самти шинохти адабиёти ҷаҳонӣ мусоидат карда метавонад.

Гурӯҳе бар он назаранд, ки рушди технологияҳои муосири иттилоотию иртиботӣ сабаби коста гардидани сатҳи китобхонӣ гардидааст. Оё ин дуруст аст?

Раҳматулло Мирбобоев: Албатта, ин омил то андозае ҷой дорад, вале агар мо аз технологияи муосир босаводонаю оқилона истифода намоем, баръакс он барои рушди маънавии ҳар яки мо мусоидат карда метавонад. Имрӯз дар шабакаи Интернет бузургтарин китобхонаҳои электронӣ амал мекунанд, ҳамчунин китобҳои зиёде дар сомонаҳо дар шаклҳои гуногун ҷой дода шудаанд, ки истифода аз онҳо барои ҳар як фард манфиати зиёде оварда метавонад.

Тавре медонем, дар таърих сабт шудааст, ки хонадони Сомониён дар дарбори худ китобхонаи бузурге бунёд карда буд, ки он беназир буда, бо ғановатмандӣ ва дороии китобҳояш дар олам назир дошт.

Ин анъана минбаъд низ дар фарҳанги маънавии миллати тоҷик идома меёбад. Идомаи онро Сарвари оқилу дурандеши давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди анъанаи китобдориву китобхониро яке аз самтҳои умдаи сиёсати фарҳангии хеш қарор дода, дар ин самт корҳои назаррас ба сомон расонид. Далели ин гуфтаҳо баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» мебошад, ки дар арафаи ҷамъбасти он қарор дорем. Он бевосита таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва шаҳрвандони  мамлакат доир гардид.

Озмуни мазкур бори дигар дар дили ҳар як фарди мамлакат меҳру муҳаббатро нисбат ба  китобу китобхонӣ шӯълавар намуд. Зеро тоҷикон китобро беҳтарин ҳамнишину ҳамроз, сарчашмаи ақлу хирад, омӯзгори беминнат, «аниси кунҷи танҳоӣ» ва «фурӯғи субҳи доноӣ» медонистанд. Воқеан, таърихи китобдории мамлакати мо аз таърихи китобхонаҳои кишварҳои дигар қадимтар буда, имрӯз аз назари китобдорӣ авҷу камол ёфтааст.

Муфассал дар сомонаи: https://khovar.tj/2019/11/bargu-sozi-mo-kitobu-ikmat-ast-ra-matullo-mirboboev-oid-ba-adaf-oi-ozmuni-um-uriyavii-fur-i-sub-i-dono-ma-omu-manzalati-kitob-dar-tarihu-tamadduni-millati-to-ik/

Ҷустуҷӯ

Вақти маҳалли

Ulti Clocks content

Омори вуруд


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз244
mod_vvisit_counterДирӯз414
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта658
mod_vvisit_counterДар ҳафтаи гузашта2817
mod_vvisit_counterДар ин моҳ3873
mod_vvisit_counterДар моҳи гузашта9074
mod_vvisit_counterҲамагӣ419611

Online (2 minutes ago): 10
IP Шумо: 3.215.182.36
,
Now is: 2019-12-10 13:12