05.11.c.2019

«Таҳаввулоти конститутсионии Тоҷикистони соҳибистиқлол» нашр шуд

Ба ифтихори  25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 2019 ботантана таҷлил мегарад,  бо ибтикори Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби дастаҷамъона таҳти унвони  «Таҳаввулоти конститутсионии Тоҷикистони соҳибистиқлол»  нашр гардид. Китоби «Таҳаввулоти конститутсионии Тоҷикистони соҳибистиқлол» дар корхонаи воҳиди давлатии нашриётии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ «Қонуният» ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ зери таҳрири умумии Вазири  адлияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, мушовири давлатии адлияи дараҷаи  II Рустам Шоҳмурод  чоп гардидааст.

Ҳуқуқшиносони варзидаи ҷумҳурӣ — Абдуманнон Холиқзода,  Мақсуд Низомӣ, Исфандиёр Собирзода, Абӯбакр Иномов, Таҳмина Илҳомзода ва Хуршед Камолзода мураттибони китоби  «Таҳаввулоти конститутсионии Тоҷикистони соҳибистиқлол» мебошанд.

Китоб аз ду боб-  «Конститутсия: ташаккул ва марҳилаҳои такмили он» ва «Заминаҳои сиёсӣ–ҳуқуқии таҳаввулоти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» иборат буда, дар он тамоми санадҳои меёрию ҳуқуқӣ, аз ҷумла, суханронӣ, маърӯза  ва изҳороти сиёсии Сарвари давлат, қарорҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва хабарҳои расмии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таҳияи лоиҳаи  матни Конститутсия, муҳокима ва қабули он  тариқи раъйпурсии умумихалқӣ, инчунин се ислоҳоти конститутсионӣ гирд оварда шудаанд.

Китоб ба ҳуқуқшиносон, муаррихону муҳаққиқон, сиёсатшиносону коршиносон, аспирантон, донишҷӯёни бахши  ҳуқуқшиносӣ, хизматчиёни давлатӣ ва доираи васеи хонандагон тавсия мешавад.

Муфассал дар сомонаи: http://khovar.tj/2019/11/ta-avvuloti-konstitutsionii-to-ikistoni-so-ibisti-lol-nashr-shud/

Ҷустуҷӯ

Вақти маҳалли

Ulti Clocks content

Омори вуруд


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз279
mod_vvisit_counterДирӯз227
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта1845
mod_vvisit_counterДар ҳафтаи гузашта2009
mod_vvisit_counterДар ин моҳ4552
mod_vvisit_counterДар моҳи гузашта7033
mod_vvisit_counterҲамагӣ411216

Online (2 minutes ago): 4
IP Шумо: 3.227.3.146
,
Now is: 2019-11-16 23:19