27.10.c.2019

Ҷамъбасти фаъолияти Муассиса дар нуҳ моҳи соли соли 2019

Санаи 23 октябри  соли ҷорӣ, бо иштироки роҳбарият, кулли кормандони Муассиса инчунин муовини сардори Раёсати рушди соҳаҳои иҷтимоии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Муслиҳиддин Усмонов ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Муассиса дар нуҳ моҳи соли 2019 баргузор гардид.

Ҷаласаро Директори Муассиса Мирзо Исмоилзода оғоз намуда, вобаста ба фаъолияти нуҳмоҳа барои пешниҳоди маърӯза суханро ба Муовини  Директор Боймурод Боев доданд.

Тибқи маърӯзаи пешниҳод гардида, маълум гардид, ки дар нуҳ моҳи соли 2019 ба Муассиса 8 ариза барои гирифтани патенти Авруосиёгӣ, 88 ариза барои гирифтани нахустпатент ба ихтироъ ва 1  ариза барои гирифтани патент ба ихтироъ ворид гардидааст.

Шумораи патентҳои авруосиёгӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон то ин давра эътибор доранд, 6243 ададро ташкил медиҳанд.

Дар давраи ҳисоботӣ, тибқи бақайдгирии байналмилалии низоми Гаага бо нишондоди Ҷумҳурии Тоҷикистон 39 ариза пешниҳод гардида 25 ариза бақайд гирифта шудааст. Дар маҷмуъ аз давраи ҳамроҳшавӣ ба низоми Гаага, 772 ариза бо нишондоди Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, ки аз ин миқдор 717 адади он ба қайд гирифта шудааст.

Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ барои ба қайд гирифтани тамғаҳои молӣ ба Муассиса 471 ариза ворид шудааст, ки аз онҳо 244 ариза ба аризадиҳандагони миллӣ ва 227 ариза ба аризадиҳандагони хориҷӣ тааллуқ дорад.

Дар давраи ҳисоботӣ, ба Муассиса 1766 дархости байналмилалӣ барои бақайдгирӣ ворид шудааст. Аз санҷиши нишони арзшуда 1704 дархост гузаштааст. Аз нишондоди мазкур 1021 дархост пурра ба қайд гирифта шуда, 144 дархост бо дискламатсия, 117 дархост қисман ба қайд гирифта шудаанд ва 422 дархост пурра рад шудаанд.

Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби Муассиса 329 рисолаҳои илмии олимон (304 рисолаи номзадӣ, 20 рисолаи докторӣ, 5 рисолаи доктории Phd), ба қайд гирифта шудааст.  Дар ин давра, 64 лоиҳаҳо оид ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ ба қайди давлатӣ гирифта шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ, аз тарафи кормандони Муассиса 200 варақаи шахсии кадрҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъоварӣ гардида, ба манбаи маълумотии «Кадрҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дохил карда шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ, хазинаи Китобхона бо 75203 нусха пурра гардонида шуд. Хазинаи Китобхона дар айни замон, зиёда аз 15422739 нусхаро дар бар мегирад, ки аз ин миқдор 7822 ададро дискҳои оптикии дорои ҳуҷҷатҳои патентӣ ташкил медиҳад.

Инчунин қайд гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ, ба Муассиса 5062 ҳуҷҷат, аз вазорату идораҳо ворид гардид, ки нисбат ба ҳамаи онҳо мактубҳои ҷавобӣ ва хулосаҳои зарурӣ дар маҷмуъ 5493 ҳуҷҷат ирсол гардидааст.

Дар рафти ҷаласа муовини сардори Раёсати рушди соҳаҳои иҷтимоии Вазорат Муслиҳиддин Усмонов  суханронӣ намуда, дар маҷмуъ фаъолияти нуҳмоҳаи Муассисаро бо назардошти дастовардҳо, мусбӣ арзёбӣ намуданд.

Директори Муассиса Мирзо Исмоилзода дар фарҷоми ҷаласа аз рӯи натиҷаи бадастомада ба роҳбарони воҳидҳои сохторӣ дастуру супоришҳои дахлдор дода, ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳа таклифу пешниҳодҳоро ба кулли кормандони Муассиса барои пешдасти кор намудан, манзур намуданд.

муфассал дар сомонаи:http://ncpi.tj/ta/2017-02-14-18-44-49/141-am-basti-fa-oliyati-muassisa-dar-nu-mo-i-soli-soli-2019

Ҷустуҷӯ

Вақти маҳалли

Ulti Clocks content

Омори вуруд


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1
mod_vvisit_counterДирӯз290
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта2147
mod_vvisit_counterДар ҳафтаи гузашта1939
mod_vvisit_counterДар ин моҳ4564
mod_vvisit_counterДар моҳи гузашта7033
mod_vvisit_counterҲамагӣ411228

Online (2 minutes ago): 9
IP Шумо: 3.227.3.146
,
Now is: 2019-11-17 00:00