17.10.с.2019

Дар Душанбе Намоишгоҳи китоб – нашри Шӯрои фарҳанги Давлати Кувайт ва базми шеъри шоирони кувайтию тоҷик доир гардид

16 октябр дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи китоб – нашри Шӯрои фарҳанги Давлати Кувайт ва базми шеъри шоирони кувайтию тоҷик баргузор  гардид.

Дар намоишгоҳ шоири машҳури қувайтӣ Иброҳим ал- Холидӣ ва шоирони шинохтаи тоҷик Гулназар Келдӣ, Гулрухсори Сафӣ, тарҷумон ва шоири арабзабони тоҷик Нарзуллоҳи Назар, устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок доштанд.

Ҳамчунин дар ин рӯз беҳтарин осори нашри Шӯрои фарҳанги  Давлати Кувайт, аз қабили рӯзномаву маҷалла ва ашъори шоирони кувайтӣ  ба маъраз гузошта шуд. Шоири машҳури кувайтӣ Иброҳи шеъри калом қироат намуд, ки тарҷумон муҳтавои онро  ба иштирокдорон тарҷума намуд. Инчунин  шоирони тоҷик аз ашъори худ шеърҳо қироат намуданд.

Муҳтавои ашъори шоиронро саропо васфи муҳаббат ба Ватан, дӯстиву рафоқат ва ормонҳои инсондӯстонаи башарӣ ташкил медод.

Ёдовар мешавем, ки Иброҳим ал- Холидӣ шоир, муҳаққиқ ва рӯзноманигори шинохтаи Кувайт буда, соли 1971 тавввалуд шудааст.

Маҷмӯаҳои ашъораш таҳти унвонҳои  «Суратгири бадавӣ», «Суҳбати саҳро», «Кишваре бо номи Кувайт» ва «Шояд монанди ман аст» ба чоп расидаанд.  Ӯ ҳамчунин муаллифи чандин мақолаву тадқиқот оид ба фарҳанги мардуми  Кувайт мебошад.

Дар фарҷом донишҷӯёни факултаи забонҳои Осиё ва Аврупо бо қироати шеърҳои шоирони кувайтӣ бо забони асл ба ин маҳфил  ҳусни тоза бахшиданд.

Ёдовар мешавем, ки Рӯзҳои фарҳанги Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то 18 октябр идома меёбанд.

муфассал дар сомонаи: http://khovar.tj/2019/10/dar-dushanbe-namoishgo-i-kitob-nashri-sh-roi-far-angi-davlati-kuvajt-va-bazmi-sheri-shoironi-kuvajtiyu-to-ik-doir-gardid/

Ҷустуҷӯ

Вақти маҳалли

Ulti Clocks content

Омори вуруд


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз7
mod_vvisit_counterДирӯз290
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта2153
mod_vvisit_counterДар ҳафтаи гузашта1939
mod_vvisit_counterДар ин моҳ4570
mod_vvisit_counterДар моҳи гузашта7033
mod_vvisit_counterҲамагӣ411234

Online (2 minutes ago): 11
IP Шумо: 3.227.3.146
,
Now is: 2019-11-17 00:14