03.10.с.2019

«Забони тоҷикӣ забони тарбияи аҳли башар аст»-бардошт аз конференсияи байналмилалӣ

«Вазъи забони тоҷикӣ дар минтақаҳои тоҷикнишини Осиёи Марказӣ»-таҳти чунин унвон имрӯз дар шаҳри Душанбе конференсияи байналмилалӣ доир гардид.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми филология Гавҳар Шарофзода оғоз намуд.

Сипас  мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба масъалаҳои  рушди иҷтимоӣ ва робита  бо ҷомеа, доктори илмҳои филологӣ, профессор Масрур Абдуллозода, намояндагони Академияи илмҳо, Вазорати маориф ва илм дар суханронии хеш аз мақоми арзанда ва таълимдиҳандагӣ доштани адабиёти ғании забони тоҷикӣ ёдовар шуда,  ин ҳамоиши байналмилалиро барои таҳими робитаҳои муштараки сиёсати забони кишварҳои дӯсту бародар дар ҳалли масъалаҳои забонӣ ва робитаҳои дӯстиву бародарӣ фоли нек арзёбӣ карданд. Зикр гардид, ки ҷавҳари асосӣ ва ҳадафи пур аз ҳикмати ин забонро танҳо дар донистани ин забон мебояд фаҳмид, ки гӯяндагони ин забон-тоҷикон ба ҷуз Тоҷикистон, боз дар бародаркишварҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистону Ҳинд ва Покистону Эрон аз қадимулайём зиндагӣ мекунанд.

Забони тоҷикӣ дар мақоми забони илму адаб таърихи тӯлонӣ дорад, ки инро осори гузаштагони мо бо он ҳама шӯҳрату маъруфияти ҷаҳонӣ собит месозад. Забони тоҷикӣ дар аҳди Сомониён ва чанд асри дигар дар баробари забони арабӣ, ки ҳамчун забони илм пазируфта шуда буд, тавоноии худро дар риштаҳои гуногуни илми ҳамон замон-дар соҳаи илмҳои тиб, дорушиносӣ, ҳандаса, ситорашиносӣ, химия, табиатшиносӣ, ҷуғрофия, фалсафа ва ғайра дар мисоли шоҳкориҳои Ибни Сино, Закариёи Розӣ, Берунӣ, Хоразмӣ, Форобӣ, Имом Тирмизӣ, Ҷурҷонӣ ва чеҳраҳои дигари илму адаб ба ҷаҳониён муаррифӣ намудааст.

То имрӯз номи Чоч, Самарқанду Бухоро, Урганҷ, Хива, Марв, Фарғона, Чуст, Ғузор, Шаҳрисабз, Тирмиз, Насаф, Риштон барин садҳо дигар номвожаҳои ҷуғрофӣ арзи вуҷуд доранд, ки сарзамини ниёгони мо бо забони тоҷикӣ ва ҳама шаҳомату зебоии ин забон дар гузашта қарор дошту то кунун дорад. Бо забони ашъори безаволи бузургони адабиёти тоҷик ҳанӯз муаммоҳое нуҳуфтаанд, ки онро танҳо донандагони хуби ин забон дарк кардаву хулоса мебароранд, ки мояи он офариниши ҷаҳони ободу осоишта аст.

Муфасал дар сомонаи: http://khovar.tj/2019/10/zaboni-to-ik-zaboni-tarbiyai-a-li-bashar-ast-bardosht-az-konferensiyai-bajnalmilal/

Ҷустуҷӯ

Вақти маҳалли

Ulti Clocks content

Омори вуруд


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз182
mod_vvisit_counterДирӯз329
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта778
mod_vvisit_counterДар ҳафтаи гузашта1410
mod_vvisit_counterДар ин моҳ2786
mod_vvisit_counterДар моҳи гузашта10225
mod_vvisit_counterҲамагӣ402417

Online (2 minutes ago): 5
IP Шумо: 3.231.228.109
,
Now is: 2019-10-16 12:23