30.09.с.2019

Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад…

Имрӯз, 30-уми сентябр Рӯзи гиромидошти Мавлоно Мавлавии Балхст. Аз се рӯз пеш ба инҷониб шабакаҳои иҷтимоӣ пуранд аз мақолоте дар бораи Мавлоно, осор ва эҷоди ӯ. Шоире, ки бо гузашти садсолаҳо меҳраш дар қалби миллионҳо шуъла мепошад ва ҳамасола беш аз соле қабл дар борааш мегӯянду менависанд. Ин пора аз “Найнома” – и Устод Халилуллоҳи ХАЛИЛӢ, ки боз ҳам азамату шуҳрат ва маҳбубияти Мавлоноро нишон медиҳад:

“...роҳбарони мусалмонон акобиру роҳибони аҳли насоро ва яҳудро даъват карданд ва ба онҳо гуфтанд, ки ин воқеъа (яъне маросими дафни Мавлоно ба шумо чӣ тааллуқ дорад?) Онҳо гуфтанд:

"- Мо ҳақиқати Мӯсо ва Исо ва соири анбиёро аз баёни ӯ дониста будем ва равиши авлиёи акмалро, ки дар китоби худ хонда будем дар вуҷуди шарифи вай дида будем. Мо ӯро Мӯсо ва Исои вақт медонем - ҳазрати Мавлоно офтоби ҳақиқат аст, ки бар оламиён тофта. Офтобро ҳама дӯст доранд. Яке аз рӯмиён гуфт: - ақидаи Мавлоно мисоли нон аст ва ҳеҷ гурусна аз нон нагурезад”.

Ҷалолуддини Румӣ шоир, мутафаккири бузурги асри XIII-и форсу тоҷик соли 1207 дар Балх таваллуд шудааст. Маълумоти ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифтааст. Номаш Муҳаммад, лақабаш Ҷалолуддин нисбаташ румист. Дар адабиёт бо нисбати Балхӣ низ ёд мешавад. Падараш Баҳоуддинвалад фақеҳи маъруфу машҳур буд ва аз олимони Балх буд. Дар ибтидои ҳуҷуми муғулҳо ў бо волидайни худ аз Вахш ба Балху Самарқанд ва Нишопур сафар кардааст. Аз Нишопур Ҷалолуддини Румӣ бо аҳли оилааш ба Шом, Ҳалаб, Арзанҷон азимат намуда, ба омўхтани илоҳиёт, фиқҳ, риёзиёт, таърих ва дигар илмҳои замона машғул шуд.

Соли 1232 ў ба назди шайхи маъруф Бурҳонуддин омад. Ҷалолуддини Румӣ аз ў тариқати сўфия ва шариатро омўхтааст. Баъди вафоти Бурҳонуддин ў барои таҳсил ба Шому Ҳалаб рафт. Аввал дар мадрасаи Ҳаловия таҳсил карда, баъди муддате ба Қуния омад ва пешаи мударрисиро ихтиёр кард. Ҷалолуддини Румӣ дар Қуния бо Шамси Табрезӣ ошноӣ пайдо кард ва ўро устоди маънавии худ хонд. Ҷунбиши футувват ё худ ҷавонмардӣ ифодаи беҳтарин идеалҳои ахлоқии замони Ҷалолуддини Румӣ буд.

Ҷалолуддини Румӣ осори бое дар ганҷинаи маданияти умумиҷаҳонӣ боқӣ гузоштааст. Вай мутафаккири бузурги замонаш низ буд, ки дар инкишофи озодфикрӣ ва тараққиёти тафаккури назариявӣ хизмати бузурге дошт. «Маснавии маънавӣ», «Фиҳи мо фиҳи», «Мактубот» шоҳиди барҷастаи он мебошанд.

Муфассал дар сомонаи:http://kmt.tj/bishnav-az-nay-chun-khikoyat-mekunad

Ҷустуҷӯ

Вақти маҳалли

Ulti Clocks content

Омори вуруд


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз176
mod_vvisit_counterДирӯз329
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта772
mod_vvisit_counterДар ҳафтаи гузашта1410
mod_vvisit_counterДар ин моҳ2780
mod_vvisit_counterДар моҳи гузашта10225
mod_vvisit_counterҲамагӣ402411

Online (2 minutes ago): 2
IP Шумо: 3.231.228.109
,
Now is: 2019-10-16 12:02