01.10.c.2019

Ҷомеа, давлат, сиёсати хориҷӣ, амният...

Ниёгони мо яке аз кўҳантарин тамаддунҳои ҷаҳониро офаридаанд, ки бар пойдевори «пиндори нек, гуфтори нек, ва кирдори нек» устувор буд. Гузашта аз ин, онҳо низоми мукаммали давлатдорию идоракунӣ, санъати асили меъморию шаҳрсозӣ, тарзи мутаммадину оқилонаи муносибати байни миллатҳо, эҳтироми озодии мазҳабу равияҳои гуногун ва риояи оинҳои мухталифи динӣ, инчунин ҷараёну мактабҳои гуногуни илмию фалсафиро ба мерос гузоштаанд. Тоҷикон дар фосилаи дарози таърих бо ҳусни тадбир, ақлу дониш ва хиради азалии худ дар корҳои давлатдорӣ нақшаи барҷаста бозида, бо фарҳанги оламшумул ва забони шево дар баробари нигоҳ дошта тавонистани ҳастии худ, дар рушди густариши тамаддуни ҷаҳони сахми арзанда гузоштаанд.

Миллати мо бо ҳифзи томи асолат ва ҳувияти милли худ фарҳанги хосси иҷтимоии ҳамзистӣ, ҳамкорӣ, ҳамбастагӣ ва робитаҳои созандаву фаъоли байниҳамдигариро эҷод кард ва решадор сохт, ки аз баракати он халқҳои Осиёи Марказии таърихӣ бештар дар фазои ҳамории васеи иҷтимоӣ ва ҳамсоягии нек зиндагӣ карда, риштаҳои зиёди хешовандӣ ва ҳамқисматӣ пайдо намудаанд.

Дар китобе бо номи “Мафҳумҳои бунёдии назариёти сиёсии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон” ин назариёт гулчин шуда. Муаллифон – мураттибон Зафар Сайидзода, Парвиз Давлатзода, Арафамоҳ Даминова талош кардаанд фармудаҳои Пешвои миллатро дар бораи ҷомеа, давлату давлатдорӣ, амния, рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, сиёсати хориҷӣ, маънавиёт гирд оваранд ва дар як китоб ба чоп расонанд.

Дар ин китоб бори аввал бо забони тоҷикӣ мазмуну моҳияти мафҳумҳои бунёдии назариёти сиёсии Пешвои миллат ва консепсияи давлатдории Тоҷикистони муосир баён шудаанд.

Умедворем, ки омўхтан ва дастури кору амалу зандагӣ қарор додани ин мафҳумҳои калидӣ ба ходимони ҷамъиятӣ, олимон, омўзгорон, донишҷўён ва толибилмон дар пешбурди фаъолияти маърифатию илмӣ ва иҷтимоӣ мусоидат хоҳанд кард.

Муфассал дар сомонаи:http://asiri.tj/index.php/news/516-sultoni-sukhanvaron-20-09-2019

Ҷустуҷӯ

Вақти маҳалли

Ulti Clocks content

Омори вуруд


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз173
mod_vvisit_counterДирӯз329
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта769
mod_vvisit_counterДар ҳафтаи гузашта1410
mod_vvisit_counterДар ин моҳ2777
mod_vvisit_counterДар моҳи гузашта10225
mod_vvisit_counterҲамагӣ402408

Online (2 minutes ago): 6
IP Шумо: 3.231.228.109
,
Now is: 2019-10-16 11:32