23.09.2019с.

«ИН ҶАҲОНРО НИГАР БА ЧАШМИ ХИРАД…». 22 сентябр дар Тоҷикистон Рӯзи устод Абӯабдулло Рӯдакӣ ҷашн гирифта мешавад.

Ҳафт сол боз бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  мамлакат ҳар сол 22 сентябр РӯзиУстод Абӯабдулло Рӯдакӣ ҷашн гирифта мешавад. Инсана  тибқи Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид» ба расмият дароварда шудааст.  Соли 2008 дар Тоҷикистон Соли Рӯдакӣ эълон гардида буд. 1150-солагии Устод Рӯдакӣ дар саросари кишвар таҷлил карда шуд.

Инак, имрӯз – Рӯзи Рӯдакӣ. Дар ин рӯз   дар назди ҳайкалу  нимпайкараҳои  Абуабдулло  Рӯдакӣ гулгузорӣ, ҳамоишҳои идона  ва маҳфили шеърхонӣ   бо иштироки   табақаҳои гуногуни аҳолӣ   баргузор  мегарданд.   Устод Рӯдакӣ  ҳазор солу беш аз ҳазор сол бо мо буду бо мо хоҳад монд. Балки сад ҳазор сол ва аз он бештар ин офтоб моро гармиву рӯшноӣ  бахшида, башорат аз  ҳастии  миллати тамаддуннофари тоҷик хоҳад дод.

Забони Рӯдакӣ забони ноби тоҷикист.  Наметавон инро инкор карду эътироф нанамуд. Забони Рӯдакӣ забони шеъри асилу оламгир аст.   Забони Рӯдакӣ забонест ҷавидонӣ ва сармояву пояи зинагонӣ. Рӯдакӣ бо  донишу хираду таҷрибаи рӯзгори худ  моро раҳнамоест дар шоҳроҳи бузурги зиндагӣ. Ва китоби Рӯдакӣ бояд ҳамасола бо забонҳои гуногун бо теъдоди зиёд нашр бигардад ва китоби рӯимизии ҳар кадоми мо бошад.  Китоби Рӯдакӣ бояд беҳтарин туҳфа ба дӯстону пайвандону наздикон ва мусофирону ғарибон бошад. Гӯру мақбараи ӯ бояд зиёратгоҳи аҳли дил ва ҳар тоҷикистонӣ ва шоирони дунё бигардад. Ҳар рӯз бояд рӯзи Рӯдакӣ бошад ва рӯзи Рӯдакӣ беҳтарин рӯз. Тухми муҳаббати Рӯдакӣ ва ашъори ҷонпарварашро аз хурдӣ бояд дар замири дилҳо кошт. Омӯзгор бояд бо меҳри беандоза, ифтихори бепоён ва дониши мукаммал ба хонандагону толибон аз Рӯдакиву ашъораш дарс бигӯяд. Пеши ин нобиғаи бузург бояд сари таъзим фуруд оварданро биомӯзему бо ӯ ифтихор бикунем. Рӯдакиро бо он шаҳомату бузургие, ки дорад, дуруст бишносем ва бар дигарон ошно бинамоем.

 

Муфассал дар сомонаи :

https://khovar.tj/2019/09/in-a-onro-nigar-ba-chashmi-hirad-22-sentyabr-dar-to-ikiston-r-zi-ustod-ab-abdullo-r-dak-ashn-girifta-meshavad/

Ҷустуҷӯ

Вақти маҳалли

Ulti Clocks content

Омори вуруд


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз182
mod_vvisit_counterДирӯз329
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта778
mod_vvisit_counterДар ҳафтаи гузашта1410
mod_vvisit_counterДар ин моҳ2786
mod_vvisit_counterДар моҳи гузашта10225
mod_vvisit_counterҲамагӣ402417

Online (2 minutes ago): 6
IP Шумо: 3.231.228.109
,
Now is: 2019-10-16 12:21