23.09.2019с.

Имрӯз-Рӯзи Рӯдакӣ. Барои таҳқиқу тарғиби осори шоир таъсиси Маркази илмии байналмилалии Рӯдакишиносӣ зарур аст.

Аз соли 2002 инҷониб дар Тоҷикистон ҳамасола 22 сентябр бо номи Рӯзи Рӯдакӣ маъмулан бо баргузории конфронсҳо, суҳбату ҳамоиш ва мулоқот бо аҳли фарҳангу адаб ҷашн гирифта мешавад. Аҳли илми тоҷик чунин тадбирро имконе барои боло бурдани ҷойгоҳи Рӯдакӣ дар миёни ҷомеа ва дар амри шинохти бештари насли ҷавон аз осори ин шоири тавоно медонанд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ бо узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Мирзо МУЛЛОАҲМАД дар бораи таҳқиқи аҳволу осори асосгузори адабиёти тоҷику форс- устоди шоирони Аҷам дар давраи Истиқлол, ҳамчунин оид ба масъалаҳои ҷамъоварӣ, таҳияи матнҳои оммавӣ ва илмиву интиқодии осори боқимондаи шоир ва нашри онҳо суҳбат намуд:

АМИТ «Ховар»: Рӯдакишиносӣ таърихи қадим дошта, аз замони худи «Одамушшуаро» оғоз меёбад. Таҳқиқи амиқи илмии аҳволу осори шоир дар Тоҷикистон чанд марҳиларо тай кардааст ва муҳимтарини он кадом аст?

Мирзо Муллоаҳмад: Осори устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакиро ҳанӯз муосирони ӯ, амсоли Шаҳиди Балхӣ, Маъруфии Балхӣ, Мухаллидии Гургонӣ, Дақиқӣ, Абӯзироъаи Гургонӣ арзёбӣ намуда, муҳимтарин ҷанбаҳои ашъору шахсияти ӯро зикр кардаанд. Худи Рӯдакӣ низ ба сифатҳои шеъраш ишораҳо кардааст, ки барои шинохти осори ӯ мусоидат менамоянд.

То асри ХIХ сарчашмаи асосӣ дар шинохти Рӯдакӣ тазкираҳо буданд, вале маълумоти онҳо бештар ҷанбаи ривоятӣ дошта, такрорӣ мебошанд. Баррасии илмии аҳволу осори шоир тавре ки Саид Нафисӣ ва А.Мирзоев таъкид кардаанд, аз асарҳои Ҳ. Эте, Ч. Пикеринг, П. Ҳорн, Э. Браун, Р.Левӣ, Шиблии Нӯъмонӣ ва амсоли онҳо шурӯъ шуда, сипас дар кишварҳои гуногуни олам, аз ҷумла Тоҷикистон густариш пайдо мекунад. Ҷамъоварӣ ва интишори осори бозмондаи Рӯдакӣ тақрибан аз асри ХVII шурӯъ шудааст.

Дар Тоҷикистон Рӯдакишиносӣ чандин марҳиларо тай кардааст, ки давраи Истиқлол аз муҳимтарин ва дурахшонтарин марҳилаҳо ба шумор меравад. Дар ин давра на танҳо нашри ашъори «Одамушшуаро» хеле афзуд, балки таҳқиқи амиқу ҳамаҷонибаи рӯзгору осори боқимондаи ӯ низ вусъат пайдо карда, як зумра асарҳои илмӣ ба табъ расиданд.

Муфассал дар сомонаи:

https://khovar.tj/2019/09/imr-z-r-zi-r-dak-baroi-ta-i-u-tar-ibi-osori-shoir-tasisi-markazi-ilmii-bajnalmilalii-r-dakishinos-zarur-ast/

Ҷустуҷӯ

Вақти маҳалли

Ulti Clocks content

Омори вуруд


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз182
mod_vvisit_counterДирӯз329
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта778
mod_vvisit_counterДар ҳафтаи гузашта1410
mod_vvisit_counterДар ин моҳ2786
mod_vvisit_counterДар моҳи гузашта10225
mod_vvisit_counterҲамагӣ402417

Online (2 minutes ago): 5
IP Шумо: 3.231.228.109
,
Now is: 2019-10-16 12:24