23.09.2019с.

ЭҲТИЁҶ БА МУТОЛИАЮ ДОНИШ ҲАМЕШАГИСТ. Муҳаббат ва майл ба китобро ҳанӯз аз кӯдакистон дар ниҳоди хурдсолон бояд парвариш дод.

Тавре  ҳамагон огоҳӣ доранд,  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади  ҳидояти    насли наврас  ҷиҳати рӯ овардан ба хазинаи маърифат — китоб  Озмуни  «Фурӯғи субҳи доноӣ» эълон карданд. Дар робита ба ин мавзӯъ  хабанигори ҷамоатии мо  аз шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Фирдавс УМАРОВ  бо  намояндагони касбу кори гуногун  ҳамсуҳбат гардид ва ба чунин хулоса расид:

Мояи фараҳмандист, ки   дар доираи баргузории  Озмуни  «Фурӯғи субҳи доноӣ» дар мамлакат  барномаҳои  рангоранги маърифатӣ — фарҳангӣ доир ба ташвиқи китоб ва китобхонӣ баргузор гардида, мушоҳида мегардад, ки рӯз то рӯз таваҷҷуҳи  насли наврас ба мутолиа зиёд мешавад.

Дар ҳақиқат ҳам, ба гуфти  шоири адабиёти клласики тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ  «Аниси кунҷи танҳоӣ  ва фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст».  Маҳз мутолиаи китоб моро  ба олами маънӣ ҳидоят менамояд. Нависандаи машҳури доғистонӣ Расул Ғамзатов китобро сарчашмаи худшиносӣ унвон намуда, таъкид доштааст, ки «барои худшиносӣ китоб зарур аст. Барои шинохти дигарон ҳам китоб муҳим аст. Халқи бекитоб ба одами нобино монанд аст, ки зебоии дунёро дарк  карда наметавонад».

Боиси таассуф ва нигаронӣ аст, ки имрўзҳо баъзе аз наврасону ҷавонон аз мутолиаи китоб дур шуда,  худро  аз ин олами маънӣ бенасиб мондаанд.

Коршиносон сабаби аслии дур мондани ҷавононро аз китобхонӣ дар пайдо шудани интернет ва беназоратии волидайн  медонанд. Бояд гуфт, ки  аз як тараф хуб аст, ки ҷавонон  бо истифода аз  технологияи нав ва  тавассути интернет  иттилооти зиёди муфид гирифта,  ҷаҳонбинии худро васеъ мегардонанд. Аммо то куҷо онҳо интернетро ба нафъи худ истифода мекунанд, паҳлӯи дигари ин масъала аст, ки таҳқиқ мехоҳад.

 

Муфассал:дар сомонаи...

https://khovar.tj/2019/09/e-tiyo-ba-mutoliayu-donish-ameshagist-mu-abbat-va-majl-ba-kitobro-an-z-az-k-dakiston-dar-ni-odi-hurdsolon-boyad-parvarish-dod/

Ҷустуҷӯ

Вақти маҳалли

Ulti Clocks content

Омори вуруд


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз183
mod_vvisit_counterДирӯз329
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта779
mod_vvisit_counterДар ҳафтаи гузашта1410
mod_vvisit_counterДар ин моҳ2787
mod_vvisit_counterДар моҳи гузашта10225
mod_vvisit_counterҲамагӣ402418

Online (2 minutes ago): 4
IP Шумо: 3.231.228.109
,
Now is: 2019-10-16 12:28