18.09.c.2019

Дар Институти забон ва адабиёти ба номи Адбӯабдулло Рӯдакӣ китобхонаи электронӣ таъсис дода шуд.

Дар Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдулло Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо дастгирии шарикони рушд китобхонаи электронӣ таъсис ва муаррифӣ гардид.

Зимни муаррифӣ зикр шуд, ки то ҳол панҷсад нусха китобҳо барои ташкили китобхонаи электронӣ чоп ва нусхабардорӣ шудаанд. Ба гуфтаи масъулин, бо мурури замон шумораи онҳо зиёд карда мешавад. Шакли  электронии  адабиёт дар як утоқи институт, дар чор адад компютер ҷойгир карда шудааст. Адабиёти  дар шакли электронӣ   мавҷудбуда асосан китобҳои нодирро фаро мегиранд.

Директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ, узви пайвастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирҷон Салимӣ зикр намуд, ки китобхонаи электронӣ дорои махзани бузурги китобҳо буда, дар он дар навбати аввал, китобҳои тахассусӣ ҷой дода мешаванд. Инчунин луғатномаҳо, монография ва нусхаи дастхатҳо низ ворид карда мешаванд.

«Ният дорем, ки бо китобхонаҳои ҷаҳонӣ шартнома баста, нусхаи қадимтарин дастхатҳоро аз кишварҳои хориҷӣ дастрас ва ба китобхонаи электронӣ ворид намоем. Зеро институт, ки муассисаи тадқиқотӣ ба ҳисоб меравад, барои корҳои тадқиқотӣ ин нусхаи дастхатҳо ба олимон хеле кумак мерасонад», -гуфт Н. Салимӣ

Дар китобхонаи электронӣ дархост бо ду забон-русӣ ва тоҷикӣ сурат мегирад ва дар оянда нақша доранд, ки бо забони англисӣ низ онро ба роҳ монанд.

Истифодабарандагон имконият доранд, ки китобҳоро  тариқи электронӣ мутолиа ва нусхаафзоӣ намоянд.

Китобхонаи электронӣ барои аспирантон, устодон ва кормандон дастрас буда, истифодабарандагон метавонанд бе мушкилӣ аз он маводи зарурии худро гиранд.

Қобили  зикр  аст, ки  аз як тараф китобхонаи  электронӣ имконияти  истифода  аз  мақолаҳои  илмии  муаллифони  ватанию хориҷиро  фароҳам  орад, аз ҷониби дигар мақолаҳои илмии олимони тоҷикро дар кишварҳои хориҷӣ муаррифӣ менамояд.

Муфассал дар сомонаи:https://khovar.tj/2019/09/dar-instituti-zabon-va-adabiyoti-ba-nomi-adb-abdullo-r-dak-kitobhonai-elektron-tasis-doda-shud/

Ҷустуҷӯ

Вақти маҳалли

Ulti Clocks content

Омори вуруд


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз185
mod_vvisit_counterДирӯз329
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта781
mod_vvisit_counterДар ҳафтаи гузашта1410
mod_vvisit_counterДар ин моҳ2789
mod_vvisit_counterДар моҳи гузашта10225
mod_vvisit_counterҲамагӣ402420

Online (2 minutes ago): 4
IP Шумо: 3.231.228.109
,
Now is: 2019-10-16 12:37