04.09.c.2019

Семинари шашуми ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Нақши китобдори ҷавон дар тарғиби сарватҳои иттилоотӣ»

Бо ибтикори Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 4 сентябр бахшида ба «Рӯзи китоб» ва инчунин ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатӣ семинари шашуми ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Нақши китобдори ҷавон дар тарғиби сарватҳои иттилоотӣ» баргузор гардид.

Дар кори семинар зиёда аз 70 нафар китобдорони ҷавон аз китобхонаҳои шаҳрӣ, ноҳиявӣ, деҳотӣ ва вилоятҳои ҷумҳурӣ инчунин устодон ва мутахассисони варзидаи соҳаи китобу китобдорӣ, директорони китобхонаҳои Донишгоҳу Донишкадаҳои ҷумҳурӣ ширкат намуданд.

Ҳадафи асосии баргузории семинар, пеш аз ҳама дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандона ва наҷибонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон оиди баланд бардоштани мақоми китоб ва нуфузи китобхонаҳо,  барои муайяну мушаххас намудани фаъолияти китобдорони ҷавон дар соҳаи китобдорӣ-библиографӣ,   омода намудани мутахассисони ҷавони ҳирфаӣ бо фарогири донишҳои муосири замонавӣ, баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва дониши китобдори ҷавон дар фаъолияти китобдорӣ ҳангоми ҷустуҷуи иттилоот, коркарди иттилоот ва пешниҳоди он ба истифодабарандагон мебошад.

Мавриди зикр аст, ки дар қатори  соҳаҳои пешрафти Ҷумҳурӣ соҳаи фарҳанг, бахуссус соҳаи китобу китобдорӣ мавқеи хосса пайдо намудааст. Пешрафти нуфузу фаъолияти китобхонаҳо бешак ба сатҳи дониши кормандони китобхонаҳо, хосса ҷавонон   вобастагии калон дорад, чунки ояндаи фаъолияти  китобхонаҳои Ҷумҳурӣ маҳз дар дасти китобдорони ҷавон, ки имрӯз намояндаи онҳо дар семинари мазкур ҷамъ омадаанд алоқаманд аст. Бояд корманди китобхона пеш  аз ҳама худ аз фарҳанги китобхонӣ, донишҳои замонавӣ, техникаю технология бохабар бошад то ки тавонад талаботи  хонандаи закии имрӯзаро қонеъ гардонида тавонад.

Китоб пайвандгари тавонову ногусастании замонҳову наслҳо ба шумор рафта, нерӯи ақлонии ҳар миллат дар саҳифаҳои он дарҷ гаштааст. Инкишофи дунёи маънавии инсон-китоб муқаддастарин васоити зиндагӣ ба шумор меравад.

Китобу китобхона, таҷассумкунандагони дараҷаи тараққиёти илму фарҳанг, маориф, иқтисодиёт буда, ҳамчунин ба ташаккули давлату давлатдорӣ мусоидат  менамояд. Дар таърихи инсоният ҳазорон ихтироъҳо арзи вуҷуд  намудаанд, вале бузургтарину муассиртарини онҳо китобу китобдорӣ маҳсуб меёбад ва метавон гуфт, ки ихтироъҳои дигар куллан дар заминаи он муяссар шудаанд. Китоб дар таърихи мардуми мо аз дараҷаи сарвати маънавӣ ҳам болотар рафта, ба муқаддасоти миллӣ табдил ёфтааст.

Дар музокираҳои кормандони ҷавон, мутахассисони китобхонаҳои миллӣ, ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва донишгоҳӣ роҷеъ ба масоили ташаккули фарҳанги хизматрасонӣ ва баланд бардоштани нуфузи фаъолияти китобхонаҳо дар ҷомеаи муосир таваҷҷӯҳи хосса зоҳир карда шуда, андешаҳои ҷолиб перомуни мувофиқу мутобиқ намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти китобхонаҳо, ҷорӣ намудани хизматрасониҳои нав ба тақозои даврони истиқлол ва вижагиҳои ҷомеаи иттилоотӣ баён ёфтанд.

Баргузории Семинар барои омӯзиши масоили марбут ба фаъолияти китобдорони ҷавони китобхонаҳои ҷумҳурӣ, омӯзиши донишҳои замонавӣ, забономӯзӣ, азхуднамоӣ ва истифодаи техникаю технологияи нав дар фаъолияти китобхонаҳо,  мутахассисони ҷавони соҳаи китобдорӣ ва устодону донишҷӯён  кӯмак хоҳад расонд.

Дар рафти чорабинӣ ба як зумра китобдорони ҷавон барои хизматҳои арзандаашон дар рушди соҳаи китобу китобдорӣ бо «Ифтихорнома»-ҳо  сарфароз гардонида шуданд.

Ҷустуҷӯ

Вақти маҳалли

Ulti Clocks content

Омори вуруд


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз186
mod_vvisit_counterДирӯз329
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта782
mod_vvisit_counterДар ҳафтаи гузашта1410
mod_vvisit_counterДар ин моҳ2790
mod_vvisit_counterДар моҳи гузашта10225
mod_vvisit_counterҲамагӣ402421

Online (2 minutes ago): 4
IP Шумо: 3.231.228.109
,
Now is: 2019-10-16 12:48