26.08.2019с.

Даҳаи аввали моҳи сентябр Намоишгоҳи нуҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад.

Аз 4 то 6 сентябр дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад. Намоишгоҳи мазкур бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанг хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар доираи баргузории Намоишгоҳи нуҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» як зумра барномаҳо, аз ҷумла маҳфили шеъру суруд дар васфи китоб бо иштироки ҳунарпешагони театрҳо, толибилмони макотиби таҳсилоти умумӣ ва тарбиятгирандагони Филармонияи бачагонаи Тоҷикистон дар назар аст. Инчунин дар доираи намоишгоҳ баргузории конфронси илмӣ дар мавзӯи «Рушди соҳаи табъу нашр дар даврони истиқлолият», озмуни «Қироати шеъру тарона дар васфи Ватану диёр» бо иштироки хонандагони мактабҳо, муаррифии китобҳои тозанашри муассисаҳои нашриявии ватанӣ ва хориҷӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамзамон тибқи Низомномаи намоишгоҳ озмун иборат аз се номинатсия – «Ношири муваффақ», «Асари беҳтарин дар васфи Тоҷикистон», «Муаллифи сермаҳсули сол» эълон гардидааст, ки довталабон бояд то 30 августи соли равон маводашонро ба Кумитаи тадорукоти намоишгоҳ пешниҳод намоянд.

муфассал:

http://khovar.tj/2019/08/da-ai-avvali-mo-i-sentyabr-namoishgo-i-nu-umi-bajnalmilalii-kitobi-dushanbe-barguzor-megardad/

Ҷустуҷӯ

Вақти маҳалли

Ulti Clocks content

Омори вуруд


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз178
mod_vvisit_counterДирӯз329
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта774
mod_vvisit_counterДар ҳафтаи гузашта1410
mod_vvisit_counterДар ин моҳ2782
mod_vvisit_counterДар моҳи гузашта10225
mod_vvisit_counterҲамагӣ402413

Online (2 minutes ago): 3
IP Шумо: 3.231.228.109
,
Now is: 2019-10-16 12:05