24.07.c.2019

МАРҲАБО, БА СӮИ ФУРӮҒИ ОДАМИЯТ! Имрӯз дар асри фанноварӣ эҳтиёҷи миллати мо ба китоб камтар аз эҳтиёҷ ба нон нест.

Шанбеи гузашта Нашриёти «Адиб» дар маркази шаҳри Ҳисор ярмарка-фурӯши китоб  доир  намуд. Дар ин тадбири муҳими фарҳангӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, корхонаву ташкилот ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ба маблағи беш аз 50 ҳазор сомонӣ китоб харид гардида,  ба китобхонаҳои шаҳр ҳадя карда шуд. Ин мавзӯъро  хабарнигори АМИТ «Ховар»  шарҳ медиҳад.

Дар ҳамоиши фарҳангӣ раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода, адибони писандидаи мардум  Гулназар Келдӣ, Абдулҳамид Самад, Кароматулло Мирзо, Муҳаммад Ғоиб, инчунин аҳли адабу фарҳанги шаҳр ва дигар дӯстдорони мутолиа иштирок намуданд.   Бояд тазаккур дод, ки ин  маъракаи фарҳангӣ барои сокинони Ҳисор ба як ҷашни бошукӯҳу хотирмон  табдил ёфт. Зеро онҳо имкон доштанд, ки дар  китобҳои харидаашон адибон соядаст гузошта, бо шоирону нависандагони маъруфи тоҷик аз наздик шинос  ва ҳамсуҳбат шаванд. Шефтагони китоб инчунин тавонистанд  доир ба   китобҳои тозанашр  маълумоти муфассал пайдо намоянд. Аз ҷумла, 38 ҷилд «Ахтарони адаб», ки то кунун аз осори адибони классик аз устод Рӯдакӣ то Шамсиддини Шоҳин ба нашр расидаанд, бо нархҳои дастрас пешкаши  дӯстдорони каломи бадеъ гардонда шуд.

ДАР АКС: адибон Гулназар ва Кароматуллои Мирзо дар ҷараёни ярмарка-фурӯши китоб ба хонандагони асарҳояшон соядаст ҳадя намуданд

Иштиёқмандони мутолиа ҳамчунин имкон  доштанд китобҳоро аз осори адибони муосири тоҷик ва  нависандагони ҷаҳонӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ дастрас намоянд.

Иштирокдорони маҳфил иброз доштанд, ки дер боз муштоқи баргузории  чунин як барномаи  фарҳангӣ  буданд ва ба ташкилкунандагони он  изҳори сипос намуданд. Онҳо махсус таъкид намуданд, ки баъди солҳои тӯлонӣ бори аввал аст, ки дар шаҳри Ҳисор чунин маъракаи муҳими фарҳангӣ бо шукӯҳи хосса доир гардида,  мардум аз он  ғизои маънавӣ мегиранд.

Муфассал дар сомонаи:http://khovar.tj/2019/07/mar-abo-ba-s-i-fur-i-odamiyat-imr-z-dar-asri-fannovar-e-tiyo-i-millati-mo-ba-kitob-kamtar-az-e-tiyo-ba-non-nest/

Ҷустуҷӯ

Вақти маҳалли

Ulti Clocks content

Омори вуруд


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз184
mod_vvisit_counterДирӯз329
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта780
mod_vvisit_counterДар ҳафтаи гузашта1410
mod_vvisit_counterДар ин моҳ2788
mod_vvisit_counterДар моҳи гузашта10225
mod_vvisit_counterҲамагӣ402419

Online (2 minutes ago): 4
IP Шумо: 3.231.228.109
,
Now is: 2019-10-16 12:30