16.07.c.2019

«АЗ ЁДҲО БАР ЁДҲО». Таҳти ин ном дар нашриёти «Адиб» китоби нави Файзи Ашӯр ба нашр расид.

«Паррандаи шеъри  Файзи Ашӯр  дар фазо «Аз ёдҳо бар ёдҳо» бол мекушояд. Ин парранда аз ошёни хотири шоире бархостааст, ки   ҳастии худро  ба шеър  бахшида, дилу ҷони худро волаи  оҳанги зиндагибахши он кардааст». Ин сатрҳоро шоири шинохта Муҳтарам Ҳотам дар пешгуфтори «Панҷаи шеъргир»-и  китоби тозаэҷоди  «Аз ёдҳо бар ёдҳо»-и шоир Файзи Ашӯр нигоштааст.

Маҷмӯаи «Аз ёдҳо бар ёдҳо», ки дар нашриёти «Адиб» чоп гардидааст, шеъру ғазалҳои  тозаэҷод ва драмаи  «Солори Аҷам»-и шоир Файзи Ашӯрро дар бар мегирад. Шеърҳои «Қасри миллат», «Эҳдо ба сарварони ду кишвари  бародар», «Азми савгандқабо», «Дар сӯгвории  устод Бозор Собир», «Сапеда», «Борон», «Падрӯд» аз ҳамин қабиланд.

Файзи Ашӯр  дорандаи ҷоизаҳои адабии ба номи Мирзо Турсунзода, Шамсиддин Шоҳин ва Ашӯр Сафар буда, муаллифи драмаҳои назмию насрии «Марди Ҳақ», «Ё раб», «Фиғон», «Зарбаҳои Ханноскуш», «Шикаст», «Ҳусайни аробакаш» ва «Солори Аҷам» мебошад. Ин асарҳо аз ҷониби Ҳунарпешагони халқии  Тоҷикистон Мирзоватан Миров, Бурҳонидин Раҷабов  ва дигарон дар саҳнаҳои театри касбӣ  ба намоиш гузошта шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки Файзи Ашӯр   дар хонаводаи Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи  ба номи Абӯабуллоҳ Рӯдакӣ устод Ашӯр Сафар ба дунё омада, дастпарвари факултаи бахши забонҳои  шарқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.

Муфассал дар сомонаи: http://khovar.tj/2019/07/az-yod-o-bar-yod-o-ta-ti-in-nom-dar-nashriyoti-adib-kitobi-navi-fajzi-ash-r-ba-nashr-rasid/

Ҷустуҷӯ

Вақти маҳалли

Ulti Clocks content

Омори вуруд


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз175
mod_vvisit_counterДирӯз329
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта771
mod_vvisit_counterДар ҳафтаи гузашта1410
mod_vvisit_counterДар ин моҳ2779
mod_vvisit_counterДар моҳи гузашта10225
mod_vvisit_counterҲамагӣ402410

Online (2 minutes ago): 4
IP Шумо: 3.231.228.109
,
Now is: 2019-10-16 11:46