12.06.с.2019

МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТӢ ХАБАР МЕДИҲАД: имрӯз марҳалаи иловагии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсолоти миёна ва олии касбии Тоҷикистон оғоз гардид.

Имрӯз, 10 июн марҳалаи иловагии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ(ИМД) оғоз мегардад.

Нафароне, ки худро дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ (аз 1 март то 30 апрели соли равон) дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ  номнавис карда натавонистанд, метавонанд дар марҳалаи иловагии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД, ки аз 10 то 30 июн баргузор мегардад, номнавис намоянд.

Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ,  марҳалаи иловагии бақайдгирии довталабон танҳо дар нуқтаҳои бақайдгирии шаҳри Душанбе   ба роҳ монда мешавад. Шахсони хоҳишманд  бояд бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои лозима ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ муроҷиат кунанд.

«Довталабоне, ки дар марҳалаи иловагии бақайдгирӣ (аз 10  то 30  июн) худро номнавис мекунанду боз интихобҳои аввалияи худро иваз кардан мехоҳанд, имкон доранд, ки барои ин кор аз нав аз қайд гузаранд. Азнавбақайдгирии чунин довталабон ҳамзамон бо марҳалаи иловагии бақайдгирӣ ба роҳ монда мешавад ва чунин довталабон ба нуқтаи бақайдгирие бояд муроҷиат кунанд, ки худро қаблан дар он номнавис кардаанд. Инчунин довталабоне, ки худро дар марҳалаи иловагии бақайдгирӣ (аз 12  то 30 июн) номнавис мекунанд ё дар марҳалаи иловагии азнавбақайдгирӣ (аз 12  то 20  июн) интихобҳои аввалияи худро иваз мекунанд, имтиҳонҳоро дар даври иловагӣ – аз 18 то 20 июл  танҳо дар марказҳои имтиҳонии шаҳри Душанбе месупоранд»,- афзуд манбаъ.

Маълумоти муфассалро дар бораи бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирӣ, муассисаҳои таълимии ба низоми ИМД дохилшуда ва дигар раванду марҳалаҳои имтиҳонҳои мазкур метавон аз дастури иттилоотию методии «Роҳнамои довталаб», ки гунаи электронии он дар сомонаи Марказ (http://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/rohnamoi-dovtalab/791-rohnamoi-dovtalab-2019.html) ҷойгир карда шудааст, дастрас кард.

Муфассал дар сомонаи: http://khovar.tj/2019/06/markazi-millii-test-habar-medi-ad-imr-z-mar-alai-ilovagii-ba-ajdgirii-dovtalabon-baroi-ishtirok-dar-imti-on-oi-dohilshav-ba-muassisa-oi-ta-soloti-miyona-va-olii-kasbii-to-ikiston-o-oz-gardid/

Ҷустуҷӯ

Вақти маҳалли

Ulti Clocks content

Омори вуруд


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз79
mod_vvisit_counterДирӯз247
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта1756
mod_vvisit_counterДар ҳафтаи гузашта2270
mod_vvisit_counterДар ин моҳ7509
mod_vvisit_counterДар моҳи гузашта7537
mod_vvisit_counterҲамагӣ387613

Online (2 minutes ago): 1
IP Шумо: 35.175.200.4
,
Now is: 2019-08-24 09:23