Гулнора Бутаева

Директори Китобхонаи

давлатии патентию техникӣ

Нақши

китобхона дар рушди  маърифати ҷомеаи муосир


Китобхона  пеш аз ҳама макони ганҷина ва хазинаи бебаҳои миллат буда, истифодаи он барои рушди иқтисодиёти миллии ҳар як давлат мусоидат мекунад.

Китобхонаҳо бо хазинаҳои пурарзишу гаронбаҳо  ҳаёту зиндагонии шахсеро возеҳ нишон медиҳанд ва ҷомеаи имрӯзаро ба асрҳову давронҳо  мепайванданд, бо фарҳангу забони халқҳои дигар ошно месозанд ва бешубҳа пайвандгари инсоният ба шумор мераванд. Маҳз тавассути китобхонаҳо ганҷинаи маънавии ниёгонамон  ҳифз ва нигоҳдорӣ  карда мешавад.

Масъулияти  бештар дар татбиқи сиёсати фарҳангӣ ва идоракунии китобхона ба дӯши роҳбари он вобаста мебошад. Бинобар ин мо роҳбарони китобхонаҳо, саъю кӯшиш менамоем, то сатҳи дониши худ ва кормандони китобхонаамонро бо истифода аз технологияҳои иттилоотии замонавӣ, хизматрасониҳои нави соҳаи китобдорӣ мутобиқ ба рушд ва пешрафти ҷомеаи муосир ба роҳ монем. Дар мадди аввал мо бояд ба китобхонаҳо шахсонеро ба кор таъмин намоем, ки мутахассиси соҳа бошанд ва талаботи хонандаи закии китобхонаро бешак дар ҷустуҷуи адабиёти зарурӣ кӯмак  карда тавонанд. Корманди китобхона пеш аз ҳама бо мафҳуми иттилоот ва аз шаклҳои он  бояд бохабар бошад. Донад, ки имрӯз дар китобхона кадом намуди иттилоот мавҷуд аст ва тавонад, ки истифодабарандаро бо  иттилооти зарурӣ таъмин намояд. Рисолати китобдор дар он вақт аён мегардад, ки ҳар як хонандае, ки ба китобхона ворид мешавад бояд «ноумед» аз ин даргоҳи ( ҳангоми  дастрас накардани  маълумоти зарурӣ) маърифат баромада равад, балки то тавонад адабиёти зарурӣ ё муфидро дастрас намуда талаботи истифодабарандаро қонеъ созад.

Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Маркази милии патенту иттилооти»- и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз он китобхонаҳои соҳавие дар ҷумҳурӣ ба шумор меравад, ки бо хазинаи гаронбаҳояш дар рушду нумӯи илми муосир, коркардҳои илмию техникӣ, татбиқи лоиҳаҳои технологӣ ва обьектҳои моликияти саноатӣ мусоидат менамояд.

Нақши китобхона ҷиҳати рушди соҳаи китобдорӣ назаррас буда, пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар равияи кори худ ба дигар китобхонаҳои ҷумҳурӣ низ кӯмаки методӣ ва амалӣ расонад.

Дар давраи фаъолият ҷиҳати муттаҳид намудани соҳаи фарҳангии кишвар махсусан дар фаъолияти китобдорӣ бо ташаббуси бевоситаи Китобхона ҳамасола силсила чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ гузаронида мешаванд, ки дар баланд бардоштани мақоми касбии китобдор ва нуфузи китобхонаҳо мусоидат менамояд. То ба имрӯз аз ҷониби Китобхона ҳафт конфронсу семинари соҳавӣ ва се Озмуни ҷумҳуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол»-ро ташкил ва баргузор намудааст, ки дар он мутахассисони варзидаи соҳаи китобдории ҷумҳурӣ ширкат намудаанд.

Китобхонаи давлатии патентию техникӣ давоми солҳои охир ҳамқадам бо замон барои фароҳамоварӣ, ҳифзу нигоҳдорӣ тарғибу ташвиқи мунтазами санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, адабиёт дар соҳаи моликияти зеҳнӣ, хазинаи патентии китобхона, сари вақт қонеъ гардониданти эҳтиёҷоти истифодабарандагони китобхона бо истифода аз техникаю технологияи замони муосир хизматрасонии гуногуни китобхонавиро ба роҳ мондааст.

Маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ Китобхонаи мазкур нақши муҳимро ҷиҳати рушди низоми ҳифзи обьектҳои моликияти саноатӣ, иттилооти илмию техникӣ, ҷамъоварӣ ва нигоҳдории захираҳои иттилоотӣ  ба роҳ мондааст. Дар ин давра дар Китобхона мунтазам хазинаи ҳуҷҷатҳои патентӣ, адабиёти илмию техникӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёриву техникӣ бо иттилооти нав пурра гардонида шуда, фароҳамоварии маводҳои зеринро барои доираи васеъи ниёзмандон дастрас намудааст: тавсифҳои ихтироот, адабиётҳои соҳаҳои техникӣ, технологӣ, иқтисодӣ, кишоварзӣ, сохтмон, куҳкорӣ, саноат ва ҳуқукшиносӣ бо тамоюли адабиёту маҷаллаҳо дар соҳаи ҳифзи обьектҳои  моликияти саноатӣ ( ихтироот, намунаҳои саноатӣ, тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ, ишораҳои ҷуғрофӣ), (ғайр аз адабиёти бачагона, бадеӣ,  ва соҳаи мусиқӣ), нашрияҳои расмии Идораҳои патентии ИДМ ва давлатҳои хориҷӣ, маводҳои иттилоотии созмону ташкилотҳои байналмилалӣ дар самти моликияти зеҳнӣ, манбаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ташкили захираҳои иттилоотӣ, ки дар замони мусир ба он компютерҳо, маводҳои барномавӣ, манбаъҳои иттилоотии электронӣ илова гардидаанд, ба Китобхона имкон дод, ки хазинаро бо захираҳои иттилоотии ҷаҳонӣ пурра гардонад. Бояд қайд намоям, ки утоқҳои кории кормандони китобхона бо техникаю технологияи замонавӣ таъмин буда, пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар баланд бардоштани фарҳанги иттилоотии истифодабарандагони китобхона саҳмгузор бошанд.

Дар ин раванд бунёди манбаи электронии «ИРБИС»( шурӯъ аз соли 2000) ин ҷониб ба инкишофи низоми электронии таъҷилии иттилоот, таҳияи феҳристи электронии сарватҳои итиилоотии китобхонавӣ, пайвастшавӣ ба шабакаи ҷустуҷӯи патентию иттилоотии «ЕАПАТИС», хазинаи рисолаҳои номзадӣ ва доктории Китобхонаи давлатии Руссия www.rsl.ru , Китобхонаи виртуалии Тоҷикистон www.tajikistan VSL.org, таъсиси сомонаи Китобхона www.gptb.tj имкон фароҳам овард, ки барои қонеъ намудани доираи  васеъи хонандагон ва истифодабарандагони китобхона бо иттилооти лозимаю таъҷилӣ мусоидат намояд.

Махсусан  ба роҳ мондани системаи ММ ва Ҷ «ИРБИС»(феҳристи электронӣ) дар Китобхона барои оҷилан ва босифат ҷустуҷу намудани сарватҳои иттилоотӣ ба хонанда кӯмаки муҳим мерасонад.

Дар замони муосири технологияҳои иттилоотӣ истифодабарандаи имрӯзаи китобхона бо дониши замонавӣ метавонад, ба таври оҷилӣ аз компютер, манбаҳои электронии пурраматн, сарватҳои иттилоотии дастраси Интернетӣ, иттилооти заруриро ҷустуҷӯ намояд ва мавриди истифода қарор диҳад. Бешубҳа дар раванди рушди ҷомеаи муосири иттилоотӣ омӯзиши донишҳои муосир бо истифода аз дастгоҳҳои анъанавӣ ва электронӣ барои устувор гардонидани майлу рағбати китобхонӣ шароит муҳайё месозад.

Сомонаи Китобхона мунтазам бо маълумотҳои соҳаи китобдорӣ пурра гардонида шуда аз он истифодабарандагони маҷозӣ бемамоният истифода мебаранд. Ғайр аз ин адабиётҳои зарурии донишҷӯёну устодон ва олимон дар гӯшаи сомонаи Китобхона гузошта шудааст, ки аз он хонандагон дидан намуда барои истифода намудани он ба Китобхона фармоиш медиҳанд.

Роҳбарияти Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам ба тарбияи кадрҳои баландихтисоси Китобхонаи давлатии патентию техникӣ дар самти омӯзиши технологияи муосири иттилоотӣ, забономӯзӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда дар баланд бардоштани савияи дониши кормандони Китобхона ва Муассиса мусоидат менамоянд.

Ҷустуҷӯ

Вақти маҳалли

Ulti Clocks content

Омори вуруд


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз255
mod_vvisit_counterДирӯз258
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта2090
mod_vvisit_counterДар ҳафтаи гузашта3034
mod_vvisit_counterДар ин моҳ9182
mod_vvisit_counterДар моҳи гузашта10795
mod_vvisit_counterҲамагӣ477271

Online (2 minutes ago): 5
IP Шумо: 34.204.176.125
,
Now is: 2020-05-29 16:25