06.06.c.2019

«САНЪАТИ КИТОБ». Чаро дар ин озмуни байналмилалӣ китобҳои ноширони тоҷик мақоми аввалро гирифтанд, вале Шоҳҷоиза насибашон нагардид?

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин озмун пешниҳод гардида буданд, дар номинатсияҳои «Кишвари ман» ва «Муколамаи фарҳангҳо» ҷойи аввалро соҳиб гардиданд. Китобҳои ноширони тоҷик аз рӯи номинатсияҳои «Илм ва инноватсия», «Адабиёти таълимӣ ва омӯзишӣ» ва «Ғалаба» ҷойи дуюм ва аз рӯи номинатсияи «Иттиҳод» ҷойи сеюмро  ноил гардиданд. Идомаи мавзуъ дар ташреҳи хабарнигори мо Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР.

Имсол дар номинатсияҳои «Китоб барои кӯдакон ва ҷавонон», «Китоби мунаққаш (Арт-книга)», «Китоби дар Иттиҳод нашршуда», «Санъати ороиш» ва «Шоҳҷоиза» ягон китоби ноширони тоҷик пешниҳод нагардид.

Ёдовар мешавем, ки дар озмуни мазкур аз 7 кишварҳои узви ИДМ  81 китоб ворид гардид. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ду муассиса- Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик ва ҶДММ «Ношир» китобҳои тозанашри хешро манзури ҳакамони Озмун гардониданд.

Ҳайати ҳакамони Озмунро намояндагони 7 кишвари узви ИДМ ташкил медод. Аъзои ҳайати доварони озмун аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон директори «Хонаи китоби Тоҷикистон» Қурбоналӣ Бӯризода буд.

Тавре Қ.Буризода, ки ҳамраиси Шӯрои байнидавлатӣ  оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашри китоб, савдою  паҳнкунии китоб ва    умури ноширӣ аст,  иттилоъ дод,  дар озмун китобҳо аз рӯи 11 номинатсия- «Иттиҳод», «Кишвари ман», «Китоб барои кӯдакон ва ҷавонон», «Муколамаи фарҳангҳо», «Илм ва инноватсия», «Адабиёти таълимӣ ва омӯзишӣ», «Китоби мунаққаш (Арт-книга)», «Китоби дар Иттиҳод нашршуда», «Санъати ороиш», «Ғалаба» ва «Шоҳҷоиза»  пешкаш шуданд.

«Аз ҷониби ноширони мо  ба номинатсияи «Шоҳҷоиза»  як китоб пешниҳод гардида буд.  Бояд гуфт, ки Шоҳҷоиза ба китобҳое дода мешавад, ки мазмунан ба тамоми  кишварҳои ИДМ вобаста бошад.  Вале китоби пешниҳоднамудаи мо  танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ мекард. Аз ин рӯ,  ба дигар номинатсия гузаронида шуда, сазовори ҷойи аввал гардид», —  гуфт Қ. Бӯризода.

Ба иттилои манбаъ,  ноширони тоҷикро дар ин Озмун ду донишномаи Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик, ки тавассути нашриёти «Эр-граф» интишор гардидаанд ва 6 китоби ҶДММ «Ношир» муаррифӣ намуданд.

Як донишномаи Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик тавассути нашриёти «Эр-граф» зери унвони «Донишномаи донишмандони Тоҷикистон дар ибтидои қарни ХХI» интишоршуда   дар Озмуни XV байналмилалии «Санъати китоб»-и кишварҳои узви ИДМ дар шаҳри Душанбе сазовори дипломи махсус гардида буд, аз ин рӯ, ба озмун ворид карда нашуд.

Боқӣ  тамоми китобҳои аз Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшуда, аз ҷониби ҳайати ҳакамон сазовори ҷоизаҳо гардиданд.

Тавре иттилоъ ёфтем, озмуни байналмилалии «Санъати китоб» танҳо ба Шоҳҷоиза маблағ ҷудо мекунад. Китобҳое  ки  сазовори Шоҳҷоиза мегарданд, бо теъдоди зиёд интишор гардида, ба китобхонаҳои кишварҳои узви ИДМ тақсим карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки  соли гузашта дар ҷаласаи ҳайати ҳакамони Озмуни XV байналмилалии «Санъати китоб», ки дар шаҳри Душанбе доир шуд, ҷилди аввали «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» сазовори Шоҳҷоиза гардида буд. Вале бо сабабҳои номаълум ҳуҷҷатҳое, ки барои гирифтани маблағу интишори китоб пешниҳод шуд, то ба охир ба анҷом нарасида, Шоҳҷоиза то кунун бе маблағ мондааст.

Дар баробари «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик», ки  сазовори   Шоҳҷоизаи Озмуни XV «Санъати китоб» гардид, китобҳои Россия ва Беларус низ сазовори ин Шоҳҷоиза шуда буданд.

Тибқи маълумоти масъулин, китобҳои Россия ва Беларус бо дастрас намудани маблағ алаккай  нашр ва ба китобхонаҳои кишварҳои узви ИДМ ирсол гардиданд. Аммо Шоҳҷоизаи ҷониби Тоҷикистон бо гузашти яксол на маблағро ба даст оварду   на «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик»-ро нашр ва ба китобхонаҳои кишварҳои узви ИДМ тақдим намуданд.

«Озмуни XVI байналмилалии «Санъати китоб» яке аз минбарҳои муҳим барои муаррифӣ  ва шиносоӣ бо фаъолияти ноширони кишварҳои узви ИДМ арзёбӣ гардида, имрӯз онро дар сатҳи ҷаҳонӣ  низ эътироф менамоянд. Аз ин рӯ, хуб мешуд, ки ноширони тоҷик ба ин Озмун бештар ҷалб мегардиданд ва китобҳои хешро манзури на танҳо хонандаи тоҷик, балки хонандагони тамоми кишварҳои ИДМ менамуданд ва дар оянда сазовори ҷоизаи он мегардиданд», — таъкид намуд   Қ. Бӯризода.

Номбурда дар идомаи суҳбат зикр  намуд, ки дар доираи Озмун муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи намояндагони кишварҳои узви ИДМ, ки ба ҳайси ҳакамон ҷалб мегарданд, дар ҳалли масоили мавҷудаи бозори китоби кишварҳои ИДМ корҳои назаррасро анҷом медиҳанд ва барои ноширони тоҷик ин самти ҳамкорӣ  муфиду созгор ва манфиатбор мебошад.

Хотиррасон мешавем, ки Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» аз соли 2004 аз ҷониби Шӯрои байнидавлатии ИДМ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашри китоб, савдои китоб, китобпаҳнкунӣ ва  умури ноширӣ доир карда мешавад.

 

Муфассал дар сомонаи: http://khovar.tj/2019/06/sanati-kitob-charo-dar-in-ozmuni-bajnalmilal-kitob-oi-noshironi-to-ik-ma-omi-avvalro-giriftand-vale-sho-oiza-nasibashon-nagardid/

Ҷустуҷӯ

Вақти маҳалли

Ulti Clocks content

Омори вуруд


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз96
mod_vvisit_counterДирӯз301
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта96
mod_vvisit_counterДар ҳафтаи гузашта1769
mod_vvisit_counterДар ин моҳ3906
mod_vvisit_counterДар моҳи гузашта8816
mod_vvisit_counterҲамагӣ369372

Online (2 minutes ago): 14
IP Шумо: 54.91.4.56
,
Now is: 2019-06-17 04:45