31.05.с.2019

«ҲАМРОҲ БИХОНЕМ». Амрико ба Тоҷикистон дар ҷалби бештари кӯдакону наврасон ба китобхонӣ ҳамдастӣ мекунад.

Кордори сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кевин Коверт   ҳамроҳ бо  муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Назирӣ, намояндагони  Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, кормандони соҳаи маориф, омӯзгорон ва хонандагон дирӯз дар чорабинии тақдими китоб ба мактаби № 3 дар шаҳри  Ваҳдат иштирок намуданд. Ин чорабинӣ дар доираи барномаи USAID оид ба рушди малакаҳои хониш дар синфҳои ибтидоии муассисаҳои таълимии ҶТ сурат мегирад.

Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тавассути Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сайқал додани малакаи хониши талабагони синфҳои ибтидоӣ мусоидат менамояд. Ин ташаббус дар доираи лоиҳаи USAID таҳти унвони «Ҳамроҳ бихонем» амалӣ мегардад. Лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем» барномаи фарогирандаест, ки дар доираи он 13 532 омӯзгорон ва мутахассисони соҳа таълим мегиранд ва дастрасии бештар ба маводи хонишӣ барои 281 451 хонандаагони синфҳои ибтидоӣ фароҳам оварда мешавад. Дар доираи лоиҳаи мазкур мудирони муассисаҳои таълимӣ, китобдорон ва ҳамаи омӯзгорони синфҳои ибтидоии зиёда аз 1000 мактаб дар саросари кишвар аллакай таълим гирифтанд. Ғайр аз ин, ба муассисаҳои таълимии мазкур зиёда аз 140 000 китоби ба синну соли хонандагон мутобиқбуда бо забони модарӣ тақдим карда шуданд. Дар доираи ин лоиҳа тақдими китобҳо ва маводи таълимию методии инноватсионӣ ба муассисаҳои таълимии интихобшуда идома хоҳад ёфт. Дар давоми ду соли оянда, чорабиниҳои ба ин монанд, иловатан дар 1800 муассисаи таълимиии дигар роҳандозӣ мешаванд.

USAID шарики боэътимоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф мебошад. USAID бо Вазорати маориф ва илми ҶТ дар раванди интихоб, таҳия ва дастрас намудани китобҳо ҳамкории зич дорад. Ҳамаи китобҳои тақдимгардида аз ҷониби Вазорат ба тасвиб расонида шудаанд.

Хотиррасон мешавем, ки соли 2019 бо қарори Шӯрои сарони дафлатҳои иштирокчии ИДМ дар қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Соли китоб эълон гардидааст.

Китоб арзишмандтарин падидаи фарҳангӣ-манбаи аслии илму дониш, фазлу эҳсон, сарчашмаи дарёи ақл, махзани фарҳанги миллӣ, пояи тамаддуни ҷаҳони мутамаддин, воситаи таълиму тарбия, фароғат, хосса ойинаи хаёт ва калиди дари ганҷи сухан аст. Бо ҳамин далел мутафаккири барҷастаи тоҷику форс Абдураҳмони Ҷомӣ китобро чунин тавсиф намудааст:

Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,
Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.

2 январи соли 2019 АМИТ «Ховар» бо мақсади тарғиби ҳарчи бештари киттобу китобхонӣ ва аҳамияти он дар рушди инсон рубрикаи нави худро таҳти номи «Фурӯғи субҳи доноӣ» муаррифӣ намуд.

9 феврали соли 2019 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид, ки тибқи он соли 2019 таҳти сарпарастии Пешвои миллат бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» баргузор мегардад.

Лоиҳаи USAID «Ҳамроҳ бихонем»  намунаи кумаки  мардуми дӯсти Амрико  мебошад, ки амалисозии он ба ҷалби бештари кӯдакону наврасон ба китоб ва китобхонӣва ба ин васила рушд ёфтани лаёқати зеҳнии онҳо мусодат хоҳад намуд.

Мавриди зикр аст, ки дар давоми 27 соли охир Иёлоти Муттаҳидаи Амрико маблағи беш аз 1,8 миллиард долларро ба амалисозии барномаҳои дастгирии амният, ниҳодҳои демократӣ, бахши иҷтимоӣ ва рушди иқтисодӣ дар Тоҷикистон равона кардааст.

муфассал дар сомонаи:http://khovar.tj/2019/06/amro-bihonem-amriko-ba-to-ikiston-dar-albi-beshtari-k-dakonu-navrason-ba-kitobhon-amdast-mekunad/

Ҷустуҷӯ

Вақти маҳалли

Ulti Clocks content

Омори вуруд


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз83
mod_vvisit_counterДирӯз247
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта1760
mod_vvisit_counterДар ҳафтаи гузашта2270
mod_vvisit_counterДар ин моҳ7513
mod_vvisit_counterДар моҳи гузашта7537
mod_vvisit_counterҲамагӣ387617

Online (2 minutes ago): 4
IP Шумо: 35.175.200.4
,
Now is: 2019-08-24 09:46