28.05.с.2019

Тоҷикистон дар озмуни XVI байналмиллаии «Санъати китоб» дар шаҳри Боку иштирок мекунад.

30 майи соли равон дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон XVI озмуни байналмиллаии «Санъати китоб» байни кишварҳои ИДМ баргузор мегардад.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар озмуни мазкур намояндагони соҳаи табъу нашр аз кишварҳои узви ИДМ иштирок мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, 30 май дар Китобхонаи миллии Озарбойҷон ҷаласаи ҳайати ҳакамони озмун доир мегардад. Дар ҷаласаи мазкур директори «Хонаи китоби Тоҷикистон» Қурбон Бӯриев, ки аъзои доварони озмуни мазкур аст, иштирок хоҳад кард.

Ба озмуни мазкур аз Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор адабиёти тозанашр пешниҳод мегарданд.

Мавриди зикр аст, ки соли гузашта ҷаласаи ҳайати ҳакамони озмуни мазкур дар шаҳри Душанбе сурат гирифта, ҷилди аввали Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик сазовори Шоҳҷоизаи Озмуни XV байналмилалии «Санъати китоб» гардида буд.

Ёдовар мешавем, ки ба хотири ташвиқу тарғиб ва оммавигардонии мутолиаи китоб соли 2019 дар қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамчун  Соли китоб  эълон гардидааст.

Муфассал дар сомонаи: http://khovar.tj/2019/05/to-ikiston-dar-ozmuni-xvi-bajnalmillaii-sanati-kitob-dar-sha-ri-boku-ishtirok-mekunad/

Ҷустуҷӯ

Вақти маҳалли

Ulti Clocks content

Омори вуруд


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз83
mod_vvisit_counterДирӯз247
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта1760
mod_vvisit_counterДар ҳафтаи гузашта2270
mod_vvisit_counterДар ин моҳ7513
mod_vvisit_counterДар моҳи гузашта7537
mod_vvisit_counterҲамагӣ387617

Online (2 minutes ago): 4
IP Шумо: 35.175.200.4
,
Now is: 2019-08-24 09:46