06.05.2019с.

Конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявии «Масъалаҳои таҷдиди хадамоти библиографӣ дар фаъолияти кории китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 2 ва 3 майи соли 2019 ҳафтумин Конфронси ҷумҳуриявии «Сарватҳои иттилоотии китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши онҳо дар рушди иқтисодиёт, инноватсия ва маърифати ҷомеъа» дар мавзўи «Масъалаҳои таҷдиди хадамоти библиографӣ дар фаъолияти кории китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баргузор намуд.

Дар кори Конфронс зиёда аз 130 нафар мутахассисони соҳа аз китобхонаҳои шаҳрӣ, ноҳиявӣ, деҳотӣ ва вилоятҳои ҷумҳурӣ инчунин устодон ва мутахассисони варзидаи соҳаи китобу китобдорӣ, директорони китобхонаҳои Донишгоҳу Донишкадаҳои ҷумҳурӣ ширкатнамуданд.Ташкилкунандаи Конфронс, Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ва дар амал татбиқкунандаи он Китобхонаи давлатии патентию техникӣ мебошад. Аз ҷониби Кумитаи тадорукоти Конфронс зиёда аз 88 мақола ҷиҳати иштирок дар конфронс ба қайд гирифта шуд. Ҳадафи асосии баргузории конфронс барои муайяну мушаххас намудани фаъолияти китобдорӣ-библиографӣ, омода намудани стандарти ягонаи таҳияи дастурҳои библиографӣ, истифодаи тарзу усулҳои дастурҳои библиографӣ дар китобхонаҳои давлатӣ-оммавӣ, аз шакли анъанавӣ ба шакли электронӣ гузаронидани дастурҳои библиографӣ, дар раванди ташаккули фарҳанги хизматрасонӣ ва баланд бардоштани нуфузи фаъолияти китобхонаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз дастурҳои библиографӣ, ҷоннок намудани фаъолияти библиографӣ дар китобхонаҳои ҷумҳурӣ равшанӣ андохта, имкон дод, ки масоили дурнамои рушди китобхонаҳо дар самти ҷорӣ намудани низоми хизматрасониҳои нав бо истифода аз дастурҳои библиографӣ, манобеи электронӣ, технологияҳои иттилоотӣ, андешидани чораҳо вобаста ба баланд бардоштани фарҳанги хизматрасонӣ, нуфузи китобхона, касбии китобдор, савияи дониш ва такмили ихтисоси кормандони китобхонаҳо, маданият ва фарҳанги муошират, санъати баланди қабули хонандагон-истифодабарандагони китобхона, ҷустуҷўи бо сифат ва оҷилии сарватҳои иттилоотӣ, тарғибу ташвиқи соҳа дар байни наврасону ҷавонон, ташкили маъхазҳои электронӣ бо истифода аз фондҳои чопӣ, дастурҳои библиографӣ, манобеи электронии китобхонаҳо ва марказҳои иттилоотӣ, таъмини дастёбии хонандагон ба сарчашмаҳои пурраматни интернетӣ, таъмини талабу дархости ҷомеа бо адабиёти ниёзи хониш, мавриди баррасӣ қарор гирифт.


Ҷустуҷӯ

Вақти маҳалли

Ulti Clocks content

Омори вуруд


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз279
mod_vvisit_counterДирӯз227
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта1845
mod_vvisit_counterДар ҳафтаи гузашта2009
mod_vvisit_counterДар ин моҳ4552
mod_vvisit_counterДар моҳи гузашта7033
mod_vvisit_counterҲамагӣ411216

Online (2 minutes ago): 4
IP Шумо: 3.227.3.146
,
Now is: 2019-11-16 23:18