29.04.2019 с.

Муаррифии китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии Чин
Дар Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии Чин мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони Академия баргузор гардид.  Дар ин вохӯрӣ дар ҳузури Сарвари давлат муаррифии китоби арзишманди таърихии «Тоҷикон дар оинаи таърих» доир шуд.Дар маросими муаррифии китоб Президенти Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии Чин Сие Фучжан, Мудири кулли маҷмааи нашриёти «Ренмин» ва таърихнигори шинохтаи чинӣ оид ба саҳми беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушду густариши муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Чин, таҳкими дӯстии халқҳои ду кишвар ва нақши китоби таърихии «Тоҷикон дар оинаи таърих» андешаҳои ҷолиб баён кард.Зимни суханронии худ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии Чинро дар ҳаёти илмиву ҷамъиятии ин кишвар ва берун аз он ҳамчун яке аз марказҳои калидии таҳқиқотӣ муҳим арзёбӣ намуданд.Сарвари давлат таъкид доштанд, ки мо ҳамсояи бузургамон — Чинро дӯсти боэътимоду шарики самимӣ меҳисобем ва аз рушди устувори он изҳори хушнудӣ менамоем. Мо шоҳиди пешрафти босуръати Чин дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёт ва ҳаёти ҷомеа, таҳкиму тақвияти обрӯ ва нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ мебошем.

Муфассал:

http://khovar.tj/2019/04/muarrifii-kitobi-to-ikon-dar-oinai-tarih-dar-akademiyai-ilm-oi-amiyatshinosii-chin/

Ҷустуҷӯ

Вақти маҳалли

Ulti Clocks content

Омори вуруд


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз279
mod_vvisit_counterДирӯз227
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта1845
mod_vvisit_counterДар ҳафтаи гузашта2009
mod_vvisit_counterДар ин моҳ4552
mod_vvisit_counterДар моҳи гузашта7033
mod_vvisit_counterҲамагӣ411216

Online (2 minutes ago): 3
IP Шумо: 3.227.3.146
,
Now is: 2019-11-16 23:27