24.04.2019

«Фурӯғи субҳи доноӣ…». 23 апрел – Рӯзи байналмилалии китоб ва ҳуқуқи муаллиф

23 апрел дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии китоб ва ҳуқуқи муаллиф  таҷлил мегардад.
Агар ба таърихи ин ид назар афканем, маълум мегардад, ки соли 1995 дар Париж ЮНЕСКО қароре қабул намуд, ки дар ин рӯз
ба китобҳо ва муаллифони онҳо мебояд эҳтиром гузошт. Мақсади қабули ин қарор афзун намудани хониш ва андӯхтани дониш, эҳтироми
китобу муаллифоне, ки дар рушду нумуъ ва пешрафти ҳаёти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ саҳми назаррас доранд, мебошад.
Мавриди зикр аст, ки аввалин маротиба Рӯзи байналмилалии китоб ва ҳуқуқи муаллиф соли 1996 ҷашн гирифта шудааст.Зимнан интихоби ин рӯз бесабаб нест, зеро ба навиштаи сомонаи расмии Созмони Милали Муттаҳид, «23 апрел дар адабиёти ҷаҳон рӯзи рамзӣ мебошад. Дар ин рӯзи соли 1616 Сервантес, Шекспир ва Инка Гарсиласо де ла Вега аз олам даргузаштаанд. Инчунин ин сана рӯзи мавлуд ва фавти чунин нависандагони номвар, ба монанди Морис Дрюон, X.Лакснесс, Владимир Набоков, Дж. Пла ва Мануэл Мехиа Валехо аст».   Бояд гуфт, ки китоб сарчашмаи дониш оид ба таърих ва мероси рушди инсоният мебошад. Тавассути китоб мо на танҳо ба махзани дониш дастрасӣ пайдо менамоем, балки ба идея, арзишҳои динӣ ва мафкуравӣ, дарки зебоипарастиву дастовардҳои инсонӣ метавонем роҳ ёбем. Китоб-ин оинаи рангоранги ҷаҳони мутамаддин аст, ки фарҳангҳои мухталифи дунёро дар замону макони дирӯз ва имрӯз пайванд медиҳад.

Муфассал:

http://khovar.tj/2019/04/fur-i-sub-i-dono-23-aprel-r-zi-bajnalmilalii-kitob-va-u-u-i-muallif/

Ҷустуҷӯ

Вақти маҳалли

Ulti Clocks content

Омори вуруд


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз279
mod_vvisit_counterДирӯз227
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта1845
mod_vvisit_counterДар ҳафтаи гузашта2009
mod_vvisit_counterДар ин моҳ4552
mod_vvisit_counterДар моҳи гузашта7033
mod_vvisit_counterҲамагӣ411216

Online (2 minutes ago): 4
IP Шумо: 3.227.3.146
,
Now is: 2019-11-16 23:18