05.04.c.2019

«ҶАВОНОН ВА АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ». Бо чунин унвон вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон китоб ба нашр расониданд.

«Ҷавонон ва амнияти  иттилоотӣ»-бо чунин ном нашриёти «Маориф» китоби вакилони Маҷлиси намояндагон- доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Ҷурахон Маҷидзода, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Абдураҳим Холиқзода ва номзади илмҳои ҳуқуқ, адабиётшинос Рамазон Одиназодаро ба нашр расонид.

Китоби мазкур ба таърихи ташаккул ва рушди амнияти иттилоотӣ бахшида шуда, дар он асосҳои назариявӣ ва амалии мубориза бар зидди  ҷиноятҳо ба муқобили амнияти иттилоотӣ дар шароити муосири ҷаҳонишавии илм ва технологияи иттилоотӣ таҳлил шудааст.

Мавзӯи баррасишавандаи китоб бо истифода аз афкори пешқадами мутафакирони пешин, вазъияти воқеии фазои иттилоотии ҷаҳон, мавзӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ  ва ватанӣ, таҷрибаи амалии кормандони воҳидҳои фаврии мақомоти  корҳои дохилӣ ҷолиб ва дастрас баён гардидааст.

Китоби мазкур барои ҳуқуқшиносон, кормандони фаврии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, курсантону шунавандагони муассисаҳои олии таълимӣ ва миёнаи махсуси мақомоти қудратӣ, инчунин шаҳрвандоне, ки нисбат ба фазои иттилоотии кишвар бетараф нестанд, манзур мегардад.

Муфассал дар сомонаи:http://khovar.tj/2019/04/avonon-va-amniyati-ittiloot-bo-chunin-unvon-vakiloni-ma-lisi-namoyandagoni-to-ikiston-kitob-ba-nashr-rasonidand/

Ҷустуҷӯ

Вақти маҳалли

Ulti Clocks content

Омори вуруд


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз279
mod_vvisit_counterДирӯз227
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта1845
mod_vvisit_counterДар ҳафтаи гузашта2009
mod_vvisit_counterДар ин моҳ4552
mod_vvisit_counterДар моҳи гузашта7033
mod_vvisit_counterҲамагӣ411216

Online (2 minutes ago): 4
IP Шумо: 3.227.3.146
,
Now is: 2019-11-16 23:18