04.04.c.2019

Тантанаҳои идона бахшида ба Фестивали анъанавии ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кўдакону наврасони Тоҷикистон»

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, аз 2 то 9 апрели соли равон дар саросари ҷумҳурӣ Фестивали анъанавии ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кўдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Кашшофи падидаҳои наврас» баргузор мегардад.

Дар доираи фестивал дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ чорабиниҳои идона баргузор гардида истодаанд.

Дар фестивал намоиши китобҳои тозанашр, вохӯриҳо бо адибон, маҳфилҳои гуногуни адабӣ ва ҳунарӣ, барномаҳои ҷолиби консертӣ, ташкили озмуни расмҳо аз рўи асарҳои кўдакона «Китобчаи дўстдоштаи ман», Озмуни хабарнигорон барои беҳтарин инъикоси таҷрибаи коллективҳои меҳнатӣ оид ба тарғиби китоб ва рушди хониш дар ВАО, сабқатҳои «Фурўхташавандатарин китоб», «Фаъолтарин хонандаи ҷавон», «Машҳуртарин нависандаи кўдакон» ва Озмуни ровиён баргузор мегардад.

Мавриди зикр аст, ки ҳадафи асосии фестивал ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, ташаккул ва такомули беҳтарин малакаҳои хониш, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи фарҳанги иттилоотии кўдакону наврасон, ҷавонон ва ба ин васила дар замири онҳо тарбия намудани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандўстӣ, гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ мебошад.

Фестивали мазкур ҳамасола бо ташаббуси Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар ва бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тарғиби асарҳои бачагона доир мегардад.

Имсол тантанаи ифтитоҳи Фестивал таҳти унвони «Кашшофи падидаҳои наврас» дар шаҳри Душанбе дар толори Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар ва Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи С. Вализодаи шаҳри Кӯлоб доир гардид.

3 апрели соли равон дар ноҳияҳои Турсунзода ва Шаҳринав фестивали мазкур гузаронида шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар ҷамъбасти фестивал- 9 апрел бахшида ба 65-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб бо иштироки аҳли илму адаб, намояндагони вазоратҳои фарҳангу маориф ва воситаҳои ахбори омма баргузории намоиши идона дар назар аст.

Муфассал дар сомонаи: http://khovar.tj/2019/04/tantana-oi-idona-bahshida-ba-festivali-ananavii-um-uriyavii-aftai-kitobi-kudakonu-navrasoni-to-ikiston/

Ҷустуҷӯ

Вақти маҳалли

Ulti Clocks content

Омори вуруд


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз12
mod_vvisit_counterДирӯз290
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта2158
mod_vvisit_counterДар ҳафтаи гузашта1939
mod_vvisit_counterДар ин моҳ4575
mod_vvisit_counterДар моҳи гузашта7033
mod_vvisit_counterҲамагӣ411239

Online (2 minutes ago): 8
IP Шумо: 3.227.3.146
,
Now is: 2019-11-17 00:30