02.04.c.2019

«ИНТЕРНЕТ ҶОИ КИТОБРО НАМЕГИРАД». Имрӯз — Рӯзи байналмилалии китоб барои кӯдакон.

Имрӯз дар тамоми дунё Рӯзи байналмилалии китоб барои кӯдакон таҷлил карда мешавад. Таҷлили ин сана ҳанӯз аз соли 1967 бо ташаббус ва қарори Дафтари байналмилалии китоб барои насли ҷавон

(International Board on Books for Young People,IBBY), ба ифтихори зодрӯзи нависандаи бузурги достонҳои кӯдакона Ҳанс Кристиан Андерсен шурӯъ гардида буд. Дар ин рӯз тавассути Дафтари байналмилалии китоб барои насли ҷавон (IBBY) ба муносибати бузургдошти мақоми китоби кӯдакона ва адабиёти кӯдакону наврасон дар кишварҳое, ки узви ин созмон ба шумор мераванд, маросими бошукӯҳ баргузор карда мешавад. Аз ҷумла, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ин рӯз бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад.

Дар робита ба ин сана хабарнигори АМИТ «Ховар» бо Директори Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар Ҳусейн САФАРЗОДА    ҳамсуҳбат гардид, ки онро манзури хонандагони сомона мегардонем.

АМИТ «Ховар»: Ба андешаи Шумо китоб ва китобхона чӣ дунёеро дар худ фаро гирифта метавонанд ва дарки ин дунё чӣ гуна сурат мегирад?

Ҳусейн Сафарзода: Китоб манбаи ягонаи пайдоиши илму дониш ва фазлу эҳсони инсони комил ба шумор меравад. Агар кас  як умр ба мутолиаву омӯзиши он машғул бошад, чизеро талаф намедиҳад. Китоб ба инсон беҳтарин розҳо, маълумот ва маъхазҳои зарурию ҳаётофарин ҳадя месозад. Китоб беҳтарин ёвар ва маслиҳатгари шахс  буда, ҳаёту зиндагӣ, фаъолият ва донишу масъалаҳои нав ба нав меомӯзонад. Китобхона махзанест, ки наметавонад дур аз ҷомеа бошад. Аз ин рӯ толори пур аз хонанда ифтихори китобдор аст. Китобхона, бешак, махзани илму дониш аст. Китобро метавон ба саҳифаҳои зиндагӣ монанд кард. Вақте инсон китоб мехонад, аз паси қаҳрамононаш меравад. Яъне, ҳамроҳу ҳамдами онҳо мешавад ва аз зиндагии онҳо сабақ мегирад. Ин аст рисолати китоби хуб.

АМИТ «Ховар»: Рағбати кӯдакону наврасони имрӯза ба китобу китобхонӣ дар кадом сатҳ қарор дорад?

Ҳусейн Сафарзода: Ҳангоми сафарҳои хизматӣ ба шаҳру ноҳияҳои кишвар мушоҳида мекунем, ки завқу шавқи кӯдакону наврасон ба китобу китобхона бештар гардидааст. Ҳамарӯза наврасону кӯдакон ба китобхонаи мо занг зада, хоҳиши дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» ширкат кардан мекунанд. Ин гувоҳи он аст, ки таваҷҷуҳи наврасон нисбат ба ин дурри бебаҳо зиёд шудааст. Барои мисол, наврасоне, ки ба китобхонаи мо меоянд, бештари онҳо аллакай достонҳои зиёди «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсиро аз бар намудаанд, ки ин нишон аз майлу рағбат нисбат ба китобу китобхонист.

АМИТ «Ховар»: Бисёриҳо бар он назаранд, ки бо пайдоиш ва рушди интернету дигар воситаҳои компютерӣ китоб салобату маҳбубияти худро аз даст хоҳад дод. То чӣ андоза ин назар дуруст буда метавонад?

Ҳусейн Сафарзода: Ҳарчанд мо мушоҳида мекунем, ки дар ҷомеаи имрӯза аллакай сомонаҳои интернетӣ ҷойи рӯзномаҳоро мегиранд ва мавқеи онҳоро танг мекунанд, аммо Интернет ҳоло ҳам наметавонад ҷойи китобро гирад. Бойгонии китобхонаҳоро намешавад бо китобҳои электронӣ қиёс кард. Хеле зиёданд одамоне, ки мутолиаи коғазиро афзалтар аз электронӣ медонанд. Рисолати адибону олимон ва волидайн имрўз аз он иборат аст, ки фарҳанги истифодаи технологияи иттилоотиро ба фарзандон бозгў созанд. Ба онҳо талқин намоянд, ки аз технологияи навин танҳо мақсаднок истифода баранд. Бурду бохти онҳоро барояшон шарҳ диҳанд. Дар баробари ин, аз китоб ва нақши он барои башарият сухан бигўянд. Чуноне ки Александр Герсен гуфтааст: «Китоб васиятномаи рўҳии як насл  ба насли дигар мебошад. Вай барномаи ҳаёти оянда мебошад».

АМИТ «Ховар»: Китобдорӣ, ки яке аз самтҳои муҳим ба шумор меравад, мегуфтед, ки вазъи касбияти мутахассисони соҳа дар кадом сатҳ қарор дорад? Оё мушкилоти ҷобаҷогузории кадрҳо то ба кай боқӣ мемонад?

Ҳусейн Сафарзода: Мо ҳама вақт ба китобдорон мефаҳмонем, ки онҳо вазифадоранд ақидаи хонандагонро хуб эҳсос карда, ба онҳо дар интихоб тавсияҳои муфид диҳанд. Зеро рисолати китобдор низ аз ин иборат мебошад. Кӯдакон дар китобхонаи мо хеле озоданд. Мо дар  китобхона тамоми шароити заруриро баҳри онҳо муҳайё намудаем, чунки хонандагони мо асосан насли наврас ба шумор мераванд.

Бояд зикр намоям, ки нисбат ба норасоии кадрҳои китобдор аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, тавассути марказҳои калонтарини илмӣ-методии соҳаи китобдорӣ ва иттилоотшиносии кишвар ҳамасола дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ машваратҳои ҷумҳуриявӣ баргузор мегарданд.

Аз соли 2006 инҷониб чунин чорабиниҳо бо иштироки аксарияти кулли китобдорони ҷумҳурӣ, аз ҷумла, китобдорони китобхонаҳои бачагона ва мактабӣ аллакай дар мавзӯъҳои «Кӯдак ва китобхона», «Истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар раванди пурранамоӣ ва густариши фонди китобхонаҳои бачагона», «Услубҳои кори инфиродӣ бо кӯдакону наврасон дар китобхонаҳои бачагона ва мактабӣ», «Созмондиҳӣ ва услуби фаъолияти китобхонаҳои бачагона ва мактабӣ дар ҷомеаи иттилоотӣ», «Китобдори пешсаф бояд чӣ гуна бошад?», «Вазъ ва самтҳои рушди фаъолияти китобхонаҳои Тоҷикистон», «Истиқлолият ва рушди илми китобдории тоҷик», «Татбиқи технологияи нави коммуникатсионӣ дар фаъолияти китобхонаҳо», «Бунёди захираҳои иттилоотӣ дар китобхонаҳо» ва дар ҳамкорӣ бо Маркази миллии патенту иттилоот конфронси ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Сарватҳои иттилоотии китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши онҳо дар рушди иқтисодиёт, инноватсия ва маърифати ҷомеа» баргузор гардидаанд.

Бо мақсади такмили ихтисос, омӯзиши таҷрибаи ғании марказҳои бузурги китобдорӣ, дастовардҳои технологияи муосири иттилоотӣ, стандартҳои таълимии соҳаи китобдорӣ китобдорони мамлакат ба давлатҳои гуногун фиристода шуданд.

Инчунин бояд зикр намоям, ки тамоми кормандони китобхонаи мо, ки ғайриихтисос фаъолият мекарданд, барои соҳибихтисос гардидан дар шуъбаи китобдории Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода таҳсил намуда, соҳиби тахассус мегарданд.

АМИТ «Ховар»: Чӣ бояд кард, то насли наврас ҳамеша ба китобхонӣ машғул бошад ва дар ин самт нақши волидайн чӣ гуна арзёбӣ мешавад?

Ҳусейн Сафарзода: Фарзандонро аз айёми хурдсолӣ, ҳангоми дар боғча буданашон бо китобу китобхона   бояд шинос кард. Меҳри  китобро аз хурдсолӣ дар дилашон бояд ҷой дод, то кӯдак фаҳмад, ки китоб чист ва ба ӯ чӣ дода метавонад. Фикр мекунам, дар ин роҳ бештар волидайн ва гузашта аз ин, омӯзгорон  масъуланд, то дӯст дошатани китоб ва ба китобхона рафтанро дар зеҳну завқи кӯдакон талқин намуда, муҳаббати китобро дар дилашон ҷой диҳанд. Ногуфта намонад, ки сарчашмаи донишу маърифати кӯдак аз  оила сар мезанад. Зеро кӯдак дар кадом муҳите, ки ба воя мерасад, онро аз худ намуда, ба он тақлид мекунад. Барои ин, пеш аз ҳама, падару модарон ба тарбияи фарзанд бояд диққати ҷиддӣ диҳанд. Дар баробари ба воя расонидани кӯдак ҳамзамон барои  баланд бардоштани сатҳи маърифати онҳо низ бояд кӯшиш ба харҷ диҳанд. Аз овони кӯдакӣ то ба мактаб онҳоро ба шунидану аз худ кардани афсонаҳо одат кунонанд. Кӯдакон афсонаву шеърҳоеро, ки ба онҳо заруранд, тез мутоила ва қироат мекунанд. Инчунин дар баробари харидани туҳфаҳо дар зодрӯзу дигар ҷашнҳо ба фарзандонашон китоб тақдим намоянд.

Ҳамчунин шоирону нависандагоне, ки барои кӯдакон менависанд, бояд чизеро эҷод намоянд, ки ба завқу шавқи кӯдак мутобиқ бошанд. Дар баробари эҷодиёти адабиёти бадеӣ инчунин барои кӯдакон адабиёти илмӣ омода намудан зарур аст. Яъне техника ва технология, интихоби касб низ ба назар гирифта шавад.

АМИТ «Ховар»: Мутахассисон барои ҷалби бештари кӯдакон ба китобхонӣ чунин мепиндоранд, ки корхонаҳои соҳаи табъу нашр бояд қолаби нави нашри китобҳоро барои кӯдакон омода намоянд. Ба назари шумо китоби бачагона чӣ гуна бояд бошад?

Ҳусейн Сафарзода: Пеш аз ҳама, бояд дар ин самт ҳавасмандӣ бештар ва даъват ба амал оварда шавад, ки адабиёт барои кӯдакон зиёдтар нашр гардад. Адабиёти кӯдакона бояд содаву рангин бошад. Инчунин аз кормандони соҳаи табъу нашр, корхонаҳое, ки китоб омодаву таҳия ва нашр мекунанд, хоҳиш доштам, ки он китобҳои гӯё, ки ба забони русӣ нашр мешаванд, ба забони тоҷикӣ низ бароварда шаванд. Бояд, ки ноширони мо завқу шавқи хонандагони хурдсолро ба инобат гирифта, мувофиқ ба он китоб таҳия намоянд. Дар ин кор бояд нашриёт бо дизайнерони хуб якҷоя фаъолият кунанд. Инчунин адибонро  мебояд, ки  ҳарчӣ бештар барояшон асарҳои ҷолибу дилкаш офаранд. Танҳо ба ин восита метавонем насли наврасро ба китобу китобхонӣ ҷалб намоем.

Ҷустуҷӯ

Вақти маҳалли

Ulti Clocks content

Омори вуруд


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз288
mod_vvisit_counterДирӯз227
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта1854
mod_vvisit_counterДар ҳафтаи гузашта2009
mod_vvisit_counterДар ин моҳ4561
mod_vvisit_counterДар моҳи гузашта7033
mod_vvisit_counterҲамагӣ411225

Online (2 minutes ago): 6
IP Шумо: 3.227.3.146
,
Now is: 2019-11-16 23:58