Саҳифаи асосӣ

06.05.2019с.

Конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявии «Масъалаҳои таҷдиди хадамоти библиографӣ дар фаъолияти кории китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 2 ва 3 майи соли 2019 ҳафтумин Конфронси ҷумҳуриявии «Сарватҳои иттилоотии китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши онҳо дар рушди иқтисодиёт, инноватсия ва маърифати ҷомеъа» дар мавзўи «Масъалаҳои таҷдиди хадамоти библиографӣ дар фаъолияти кории китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баргузор намуд.
Дар кори Конфронс зиёда аз 130 нафар мутахассисони соҳа аз китобхонаҳои шаҳрӣ, ноҳиявӣ, деҳотӣ ва вилоятҳои ҷумҳурӣ инчунин устодон ва мутахассисони варзидаи соҳаи китобу китобдорӣ, директорони китобхонаҳои Донишгоҳу Донишкадаҳои ҷумҳурӣ ширкат намуданд.

Муфассал...

 

29.04.2019 с.

 

Муаррифии китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии Чин

Дар Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии Чин мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони Академия баргузор гардид.
Дар ин вохӯрӣ дар ҳузури Сарвари давлат муаррифии китоби арзишманди таърихии «Тоҷикон дар оинаи таърих» доир шуд.


 

Муфассал...

 

24.04.2019

«Фурӯғи субҳи доноӣ…». 23 апрел – Рӯзи байналмилалии китоб ва ҳуқуқи муаллиф

23 апрел дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии китоб ва ҳуқуқи муаллиф  таҷлил мегардад.
Агар ба таърихи ин ид назар афканем, маълум мегардад, ки соли 1995 дар Париж ЮНЕСКО қароре қабул намуд, ки дар ин рӯз ба китобҳо ва муаллифони онҳо мебояд эҳтиром гузошт. Мақсади қабули ин қарор афзун намудани хониш ва андӯхтани дониш, эҳтироми китобу муаллифоне, ки дар рушду нумуъ ва пешрафти ҳаёти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ саҳми назаррас доранд, мебошад.


 

Муфассал...

 

05.04.c.2019

«ҶАВОНОН ВА АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ». Бо чунин унвон вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон китоб ба нашр расониданд.

«Ҷавонон ва амнияти  иттилоотӣ»-бо чунин ном нашриёти «Маориф» китоби вакилони Маҷлиси намояндагон- доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Ҷурахон Маҷидзода, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Абдураҳим Холиқзода ва номзади илмҳои ҳуқуқ, адабиётшинос Рамазон Одиназодаро ба нашр расонид.

Китоби мазкур ба таърихи ташаккул ва рушди амнияти иттилоотӣ бахшида шуда, дар он асосҳои назариявӣ ва амалии мубориза бар зидди  ҷиноятҳо ба муқобили амнияти иттилоотӣ дар шароити муосири ҷаҳонишавии илм ва технологияи иттилоотӣ таҳлил шудааст.

Муфассал

 

04.04.c.2019

Тантанаҳои идона бахшида ба Фестивали анъанавии ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кўдакону наврасони Тоҷикистон»

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, аз 2 то 9 апрели соли равон дар саросари ҷумҳурӣ Фестивали анъанавии ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кўдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Кашшофи падидаҳои наврас» баргузор мегардад.

Дар доираи фестивал дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ чорабиниҳои идона баргузор гардида истодаанд.

Муфассал

 

Ҷустуҷӯ

Вақти маҳалли

Ulti Clocks content

Омори вуруд


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз173
mod_vvisit_counterДирӯз329
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта769
mod_vvisit_counterДар ҳафтаи гузашта1410
mod_vvisit_counterДар ин моҳ2777
mod_vvisit_counterДар моҳи гузашта10225
mod_vvisit_counterҲамагӣ402408

Online (2 minutes ago): 6
IP Шумо: 3.231.228.109
,
Now is: 2019-10-16 11:33