Интихоби забон

Саҳифаи асосӣ

03.02.2020с.

Нашриёти «Адиб» намоиш-фурӯши бесобиқаи китоб доир менамояд.

1 феврал Нашриёти «Адиб» дар бинои Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ намоиш-фурӯши китоб доир менамояд.

Намоиш-фурӯши китоб аз ҷониби Нашриёти «Адиб» соли равон бори дуюм аст, ки баргузор мегардад. Ҳафтаи гузашта намоиш-фурӯши китоб дар ҳамин макон доир шуд, ки аз ҷониби харидорон бесобиқа унвон гардид.

 

Муфассал...

 

23.01.2020с.

Нашриёти «Адиб» ҳар рӯзи шанбе ярмака-фурӯши китоб баргузор менамояд.

Нашриёти «Адиб» дар нақша дорад, ки  25 январ дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ярмарка-фурӯши китоб баргузор намояд

Ёдовар мешавем, ки Муассисаи нашриёти «Адиб» аз аввали соли равон ҳар рӯзи шанбе ярмарка-фурӯши китоб мегузаронад. Дар ин тадбири муҳими фарҳангӣ беш аз 3000 нусха китоб, ки фарогири  асарҳои бадеӣ, адабиёти классикии форсу тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон ва адабиёти кӯдакона бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, ӯзбекӣ ва ҳуруфоти ниёгон мебошанд,  ба фурӯш гузошта мешаванд.

 

Муфассал...

 

20.01.2020с.

Масъалаҳои тақвияти ҳамкории соҳавӣ байни китобхонаҳои Украина ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар Душанбе баррасӣ шуданд.

Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Абдусалом Мирализода 16 январи соли равон бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Василий Серватюк мулоқот анҷом дод. Дар ин бора аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

 

 

Муфассал...

 

17.01.2020с.

Дар Душанбе «Китоби роҳ ва фазилат»-и Лао-Сзи ба забони тоҷикӣ чоп шуд.

15 январи соли равон дар нашриёти «Контраст»-и шаҳри Душанбе китоби мутафаккири  машҳури Чини қадим  Лао-Сзи бо номи «Дао дэ сзин» («Китоби роҳ ва фазилат») бо забони тоҷикӣ чоп шуд. Мураттиби китоб  Сафири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода буда, он бо кумаки молиявии Маркази мубодилаи фарҳангии Тоҷикистону Чин интишор гаштааст. Ин нашрияи нодир дар Бунёди забони тоҷикӣ таҳти назари доктори илмҳои таърих, дипломати тоҷик Зафар Сайидзода ба чоп омода шудааст.

 

 

 

 

Муфассал...

 

14.01.2020с.

Дар Душанбе китоби нав дар бораи корномаи Пешвои миллат чоп шуд.

Дар нашриёти «Контраст»-и шаҳри Душанбе китоби нави соҳибкори фозилу донишманди мамлакат Акрам Воҳидов ва доктори илмхои таърих, дипломати тоҷик Зафар Сайидзода бо номи «Мактаби сиёсии Пешвои миллат – чароғи роҳи пешрафт» ба забони тоҷикӣ чоп шуд.

 

 

 

 

 


Муфассал...

 

Ҷустуҷӯ

Омори вуруд


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз92
mod_vvisit_counterДирӯз691
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта3338
mod_vvisit_counterДар ҳафтаи гузашта4752
mod_vvisit_counterДар ин моҳ4677
mod_vvisit_counterДар моҳи гузашта16407
mod_vvisit_counterҲамагӣ512674

Online (2 minutes ago): 8
IP Шумо: 35.172.233.215
,
Now is: 2020-08-08 03:41

Вақти маҳалли

Ulti Clocks content