Интихоби забон

Саҳифаи асосӣ

07.02.2020с.

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи нашри китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров.

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1.Бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик, баланд бардоштани ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров марҳила ба марҳила нашр гардида, аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи маълумоти оморӣ ба ҳар як оила туҳфа карда шавад.

Муфассал...

 

06.02.2020с.

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст».

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1. Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор карда шавад.
2. Низомнома, ҳайати комиссия, ҷоизаҳои озмун ва рӯйхати адабиёти тавсияшаванда тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).
3. Вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Академияи илмҳо, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» барои дар сатҳи баланд доир гардидани озмуни мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.

Муфассал...

 

04.01.c.2019

КИТОБИ НАВ: Нигоҳи илмӣ ба масъалаҳои мубрами рушди миллӣ

Дар нашриёти «Контраст»-и шаҳри Душанбе  нашри  дуюми    такмилёфтаи    китоби  дипломати  тоҷик,  доктори   илмҳои  таърих    Зафар  Сайидзода  бо  номи  «Тоҷикистони муосир: масъалаҳои мубрами истиқлоли миллӣ» дар  ҳаҷми  640  саҳифа ба забони тоҷикӣ  аз чоп баромад.

Муфассал...

 

03.02.2020с

ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН.

Санаи 31 январ  дар маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои  Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки роҳбарият ва кормандони Муассиса шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт.

 

Подробнее....

 

03.02.2020с.

НУРИ АБАД ДАР ҚАЛБҲО. Дар Китобхонаи миллии Ӯзбекистон бахшида ба 145-солагии Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ намоиши китобҳо идома дорад.

Дар қироатхонаи «Ӯзбекистон»-и Китобхонаи миллии ба номи Алишер Навоӣ дар Ӯзбекистон  намоишгоҳи китобҳо бахшида ба 145–солагии маорифпарвар, яке аз роҳнамоёни  маънавии ҳаракати ҷадидия, ношир ва сиёсатмадор  Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ  идома дорад,  хабар медиҳад АМИТ « Ховар» бо истинод ба  АМИ «УзА».

Дар намоишгоҳ асарҳо ва китобҳое ба маърази намоиш гузошта шудаанд, ки аз ҳаёт ва фаъолияти маорифпарвар Маҳмудхоҷа  Беҳбудӣ қисса  менамоянд.

 

Муфассал...

 

Ҷустуҷӯ

Омори вуруд


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз60
mod_vvisit_counterДирӯз691
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта3306
mod_vvisit_counterДар ҳафтаи гузашта4752
mod_vvisit_counterДар ин моҳ4645
mod_vvisit_counterДар моҳи гузашта16407
mod_vvisit_counterҲамагӣ512642

Online (2 minutes ago): 8
IP Шумо: 35.172.233.215
,
Now is: 2020-08-08 02:16

Вақти маҳалли

Ulti Clocks content