Саҳифаи асосӣ
30.09.с.2019
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад…
Имрӯз, 30-уми сентябр Рӯзи гиромидошти Мавлоно Мавлавии Балхст. Аз се рӯз пеш ба инҷониб шабакаҳои иҷтимоӣ пуранд аз мақолоте дар бораи Мавлоно, осор ва эҷоди ӯ. Шоире, ки бо гузашти садсолаҳо меҳраш дар қалби миллионҳо шуъла мепошад ва ҳамасола беш аз соле қабл дар борааш мегӯянду менависанд. Ин пора аз “Найнома” – и Устод Халилуллоҳи ХАЛИЛӢ, ки боз ҳам азамату шуҳрат ва маҳбубияти Мавлоноро нишон медиҳад:
23.09.2019с.
Ҳафт сол боз бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат ҳар сол 22 сентябр РӯзиУстод Абӯабдулло Рӯдакӣ ҷашн гирифта мешавад. Инсана тибқи Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид» ба расмият дароварда шудааст. Соли 2008 дар Тоҷикистон Соли Рӯдакӣ эълон гардида буд. 1150-солагии Устод Рӯдакӣ дар саросари кишвар таҷлил карда шуд.
Инак, имрӯз – Рӯзи Рӯдакӣ. Дар ин рӯз дар назди ҳайкалу нимпайкараҳои Абуабдулло Рӯдакӣ гулгузорӣ, ҳамоишҳои идона ва маҳфили шеърхонӣ бо иштироки табақаҳои гуногуни аҳолӣ баргузор мегарданд. Устод Рӯдакӣ ҳазор солу беш аз ҳазор сол бо мо буду бо мо хоҳад монд. Балки сад ҳазор сол ва аз он бештар ин офтоб моро гармиву рӯшноӣ бахшида, башорат аз ҳастии миллати тамаддуннофари тоҷик хоҳад дод.
23.09.2019с.
Аз соли 2002 инҷониб дар Тоҷикистон ҳамасола 22 сентябр бо номи Рӯзи Рӯдакӣ маъмулан бо баргузории конфронсҳо, суҳбату ҳамоиш ва мулоқот бо аҳли фарҳангу адаб ҷашн гирифта мешавад. Аҳли илми тоҷик чунин тадбирро имконе барои боло бурдани ҷойгоҳи Рӯдакӣ дар миёни ҷомеа ва дар амри шинохти бештари насли ҷавон аз осори ин шоири тавоно медонанд.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ бо узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Мирзо МУЛЛОАҲМАД дар бораи таҳқиқи аҳволу осори асосгузори адабиёти тоҷику форс- устоди шоирони Аҷам дар давраи Истиқлол, ҳамчунин оид ба масъалаҳои ҷамъоварӣ, таҳияи матнҳои оммавӣ ва илмиву интиқодии осори боқимондаи шоир ва нашри онҳо суҳбат намуд:
23.09.2019с.
Тавре ҳамагон огоҳӣ доранд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҳидояти насли наврас ҷиҳати рӯ овардан ба хазинаи маърифат — китоб Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ» эълон карданд. Дар робита ба ин мавзӯъ хабанигори ҷамоатии мо аз шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Фирдавс УМАРОВ бо намояндагони касбу кори гуногун ҳамсуҳбат гардид ва ба чунин хулоса расид:
Мояи фараҳмандист, ки дар доираи баргузории Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ» дар мамлакат барномаҳои рангоранги маърифатӣ — фарҳангӣ доир ба ташвиқи китоб ва китобхонӣ баргузор гардида, мушоҳида мегардад, ки рӯз то рӯз таваҷҷуҳи насли наврас ба мутолиа зиёд мешавад.
20.09.c.2019 Маҳфили «Адибони наврас»Шуъбаи кўдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон пайи ҷалби наврасону кӯдакон ба мутолеаи китоб барои онҳое, ки имрӯзҳо вориди толори хониши ин Шуъба мешаванд, як сислсила чорабиниҳоро тарҳрезӣ кардаву ба роҳ меандозд. Яке аз ин тадбирҳо дар ҳамкорӣ бо ТВ “Баҳористон” сабти барномаи «Адибони наврас» мебошад.
|