Саҳифаи асосӣ

06.09.2019с.

Нашри дуюми китоби «Роғун-ахтари тобони Тоҷикистон» ба дасти хонандагон расид.

Дар арафаи ба кор андохтани агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» нашри дуюми китоби  «Роғун-ахтари тобони Тоҷикистон» бо тағйиру иловаҳо аз ҷониби раиси Кумитаи ҷумҳуриявии итттифоқи касабаи кормандони энергетикаи Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ Аслиддин Назарзода манзури хонандагон гардид.

Ин китоб давоми мантиқии рисолаи аввал ба шумор рафта, дар он дар бораи НБО «Роғун», таърихи мухтасари бунёди он, аҳамияти ин иншооти бузург барои имрӯзу ояндаи Тоҷикистон, пешрафти иқтисодии мамлакат ва манфиати он барои тамоми минтақа ҳам бобати бо барқ таъмин намудан ва ҳам кушодани заминҳои наву танзими низоми об сухан меравад. Муаллиф дар китоб дар бораи аҳамияти неругоҳ маълумоти дақиқ ҷамъ овардааст.

Муфассал...

 

04.09.c.2019

Семинари шашуми ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Нақши китобдори ҷавон дар тарғиби сарватҳои иттилоотӣ»

Бо ибтикори Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 4 сентябр бахшида ба «Рӯзи китоб» ва инчунин ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатӣ семинари шашуми ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Нақши китобдори ҷавон дар тарғиби сарватҳои иттилоотӣ» баргузор гардид.

Муфассал

 

26.08.2019с.

Даҳаи аввали моҳи сентябр Намоишгоҳи нуҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад.

Аз 4 то 6 сентябр дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад. Намоишгоҳи мазкур бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанг хабар доданд.

Муфассал...

 

22.08.2019с.

«ТОҶИКИСТОН, РЕШААМ ДАР ХОКИ ТУСТ…». Муаррифии «Сафарномаи Тоҷикистон» дар Теҳрон.

14 август дар Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ/ЭКО) дар Теҳрон муаррифии китоби тозанашри шоир, нависанда ва пажӯҳишгари шинохтаи эронӣ Нодира Бадеӣ  таҳти унвони  “Сафарномаи  Тоҷикистон,  Самарқанд ва Бухоро (Ӯзбекистон)” баргузор гардид, ки дар он  аҳли илму адаб, аъзои Анҷумани дӯстии Эрону Тоҷикистон, роҳбарияти Муассисаи Фарҳангии СҲИ ва Сафорати Тоҷикистон дар Эрон ширкат варзиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бр истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Муфассал...

 

25.07.c.2019

«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ… ». Дар шаҳри Хуҷанд китоби «Асосҳои давлат ва давлатдорӣ аз назари Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон» ба нашр расид.

Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шаҳри Хуҷанд китоби «Асосҳои давлат ва давлатдорӣ аз назари Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон» ба нашр расид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Тавре муаллифи китоб, унвонҷӯи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Исматҷон Ҷумъаев дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» иброз дошт, он аз муқаддима ва ду боб иборат мебошад.

Муфассал

 

Ҷустуҷӯ

Вақти маҳалли

Ulti Clocks content

Омори вуруд


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз173
mod_vvisit_counterДирӯз329
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта769
mod_vvisit_counterДар ҳафтаи гузашта1410
mod_vvisit_counterДар ин моҳ2777
mod_vvisit_counterДар моҳи гузашта10225
mod_vvisit_counterҲамагӣ402408

Online (2 minutes ago): 6
IP Шумо: 3.231.228.109
,
Now is: 2019-10-16 11:32