Саҳифаи асосӣ

23.09.2019с.

Имрӯз-Рӯзи Рӯдакӣ. Барои таҳқиқу тарғиби осори шоир таъсиси Маркази илмии байналмилалии Рӯдакишиносӣ зарур аст.

Аз соли 2002 инҷониб дар Тоҷикистон ҳамасола 22 сентябр бо номи Рӯзи Рӯдакӣ маъмулан бо баргузории конфронсҳо, суҳбату ҳамоиш ва мулоқот бо аҳли фарҳангу адаб ҷашн гирифта мешавад. Аҳли илми тоҷик чунин тадбирро имконе барои боло бурдани ҷойгоҳи Рӯдакӣ дар миёни ҷомеа ва дар амри шинохти бештари насли ҷавон аз осори ин шоири тавоно медонанд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ бо узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Мирзо МУЛЛОАҲМАД дар бораи таҳқиқи аҳволу осори асосгузори адабиёти тоҷику форс- устоди шоирони Аҷам дар давраи Истиқлол, ҳамчунин оид ба масъалаҳои ҷамъоварӣ, таҳияи матнҳои оммавӣ ва илмиву интиқодии осори боқимондаи шоир ва нашри онҳо суҳбат намуд:

Муфассал...

 

23.09.2019с.

ЭҲТИЁҶ БА МУТОЛИАЮ ДОНИШ ҲАМЕШАГИСТ. Муҳаббат ва майл ба китобро ҳанӯз аз кӯдакистон дар ниҳоди хурдсолон бояд парвариш дод.

Тавре  ҳамагон огоҳӣ доранд,  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади  ҳидояти    насли наврас  ҷиҳати рӯ овардан ба хазинаи маърифат — китоб  Озмуни  «Фурӯғи субҳи доноӣ» эълон карданд. Дар робита ба ин мавзӯъ  хабанигори ҷамоатии мо  аз шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Фирдавс УМАРОВ  бо  намояндагони касбу кори гуногун  ҳамсуҳбат гардид ва ба чунин хулоса расид:

Мояи фараҳмандист, ки   дар доираи баргузории  Озмуни  «Фурӯғи субҳи доноӣ» дар мамлакат  барномаҳои  рангоранги маърифатӣ — фарҳангӣ доир ба ташвиқи китоб ва китобхонӣ баргузор гардида, мушоҳида мегардад, ки рӯз то рӯз таваҷҷуҳи  насли наврас ба мутолиа зиёд мешавад.

Муфассал...

 

20.09.c.2019

Маҳфили «Адибони наврас»

Шуъбаи кўдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон пайи ҷалби наврасону кӯдакон ба мутолеаи китоб барои онҳое, ки имрӯзҳо вориди толори хониши ин Шуъба мешаванд, як сислсила чорабиниҳоро тарҳрезӣ кардаву ба роҳ меандозд.  Яке аз ин тадбирҳо дар ҳамкорӣ бо ТВ “Баҳористон” сабти барномаи «Адибони наврас» мебошад.

Муфассал

 

19.09.c.2019

Таҷлили “Рӯзи Рӯдакӣ” дар Китобхонаи миллӣ.

Баъд аз зуҳри имрӯз, 18 - уми сентябр дар толори ошёнаи сеюми Китобхонаи миллӣ бо ибтикори шуъбаҳои тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва Конуни забони тоҷикӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷии Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ширкати ҷамъе аз донишмандону пажӯҳишгарон зери унвони “Соҳибқирони шоирон Устод Рӯдакӣ” мизи мудаввар доир шуд, ки ба “Рӯзи Рӯдакӣ”  бахшида шуда буд.

Муфассал

 

18.09.c.2019

Дар Институти забон ва адабиёти ба номи Адбӯабдулло Рӯдакӣ китобхонаи электронӣ таъсис дода шуд.

Дар Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдулло Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо дастгирии шарикони рушд китобхонаи электронӣ таъсис ва муаррифӣ гардид.

Зимни муаррифӣ зикр шуд, ки то ҳол панҷсад нусха китобҳо барои ташкили китобхонаи электронӣ чоп ва нусхабардорӣ шудаанд. Ба гуфтаи масъулин, бо мурури замон шумораи онҳо зиёд карда мешавад. Шакли  электронии  адабиёт дар як утоқи институт, дар чор адад компютер ҷойгир карда шудааст. Адабиёти  дар шакли электронӣ   мавҷудбуда асосан китобҳои нодирро фаро мегиранд.

Муфассал

 

Ҷустуҷӯ

Вақти маҳалли

Ulti Clocks content

Омори вуруд


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз175
mod_vvisit_counterДирӯз329
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта771
mod_vvisit_counterДар ҳафтаи гузашта1410
mod_vvisit_counterДар ин моҳ2779
mod_vvisit_counterДар моҳи гузашта10225
mod_vvisit_counterҲамагӣ402410

Online (2 minutes ago): 2
IP Шумо: 3.231.228.109
,
Now is: 2019-10-16 11:52