Саҳифаи асосӣ



Китоб на танҳо сарчашмаи дониш, балки воситаи муҳими тарбияи маънавии инсон аст.


Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 



 

18.09.c.2019

Дар Институти забон ва адабиёти ба номи Адбӯабдулло Рӯдакӣ китобхонаи электронӣ таъсис дода шуд.

Дар Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдулло Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо дастгирии шарикони рушд китобхонаи электронӣ таъсис ва муаррифӣ гардид.

Зимни муаррифӣ зикр шуд, ки то ҳол панҷсад нусха китобҳо барои ташкили китобхонаи электронӣ чоп ва нусхабардорӣ шудаанд. Ба гуфтаи масъулин, бо мурури замон шумораи онҳо зиёд карда мешавад. Шакли  электронии  адабиёт дар як утоқи институт, дар чор адад компютер ҷойгир карда шудааст. Адабиёти  дар шакли электронӣ   мавҷудбуда асосан китобҳои нодирро фаро мегиранд.

Муфассал

 

06.09.2019с.

Нашри дуюми китоби «Роғун-ахтари тобони Тоҷикистон» ба дасти хонандагон расид.

Дар арафаи ба кор андохтани агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» нашри дуюми китоби  «Роғун-ахтари тобони Тоҷикистон» бо тағйиру иловаҳо аз ҷониби раиси Кумитаи ҷумҳуриявии итттифоқи касабаи кормандони энергетикаи Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ Аслиддин Назарзода манзури хонандагон гардид.

Ин китоб давоми мантиқии рисолаи аввал ба шумор рафта, дар он дар бораи НБО «Роғун», таърихи мухтасари бунёди он, аҳамияти ин иншооти бузург барои имрӯзу ояндаи Тоҷикистон, пешрафти иқтисодии мамлакат ва манфиати он барои тамоми минтақа ҳам бобати бо барқ таъмин намудан ва ҳам кушодани заминҳои наву танзими низоми об сухан меравад. Муаллиф дар китоб дар бораи аҳамияти неругоҳ маълумоти дақиқ ҷамъ овардааст.

Муфассал...

 

04.09.c.2019

Семинари шашуми ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Нақши китобдори ҷавон дар тарғиби сарватҳои иттилоотӣ»

Бо ибтикори Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 4 сентябр бахшида ба «Рӯзи китоб» ва инчунин ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатӣ семинари шашуми ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Нақши китобдори ҷавон дар тарғиби сарватҳои иттилоотӣ» баргузор гардид.

Муфассал

 

26.08.2019с.

Даҳаи аввали моҳи сентябр Намоишгоҳи нуҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад.

Аз 4 то 6 сентябр дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад. Намоишгоҳи мазкур бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанг хабар доданд.

Муфассал...

 

Ҷустуҷӯ

Вақти маҳалли

Ulti Clocks content

Омори вуруд


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз224
mod_vvisit_counterДирӯз290
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта868
mod_vvisit_counterДар ҳафтаи гузашта2333
mod_vvisit_counterДар ин моҳ6180
mod_vvisit_counterДар моҳи гузашта9302
mod_vvisit_counterҲамагӣ395586

Online (2 minutes ago): 5
IP Шумо: 35.171.146.16
,
Now is: 2019-09-18 16:50